ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ ВАҲДАТ

27 октябр 2026, Сешанбе
20


Ифтитоҳи маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед» дар шаҳри Ваҳдат
24-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед» дар шаҳри Ваҳдатро ба истифода доданд. Иншооти нави тандурустӣ аз ҷониби соҳибкор Сулаймон Алиев бунёд гардида, дорои 25 кат мебошад ва дар он барои ташхису табобат шароит фароҳам оварда шудааст. Дар маркази мазкур 25 ҷойи корӣ таъсис ёфта, ҷавонони донишманду соҳибтаҷриба барои фаъолият ҷалб гардидаанд. Дастгоҳҳо барои ташхис ва ҷарроҳӣ аз Русия, Корея, Ҷопон ва Чин ворид шуда, имкон медиҳанд, ки хизматрасониҳои тиббӣ мутобиқ ба талабот ба роҳ монда шавад.
Дар озмоишгоҳ ҳуҷраҳои рентген, физиотерапия, бастабандӣ, доругузаронӣ ва ҳуҷраи кории табибон мавҷуд аст. Ду синфхона барои фарогирии шаҳрвандон ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва баланд бардоштани донишҳои тиббии аҳолӣ пешбинӣ гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат иброз доштанд, ки фароҳам овардани шароит ва беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ барои пешгирӣ, ташхис ва табобати саривақтии беморон басо муҳим аст. Дар марказ панелҳои офтобӣ насб шудаанд, ки онро бо қувваи барқ таъмин менамоянд. Корҳои сабзкорию чароғонсозӣ дар шафати роҳи дорои аҳамияти байналмилалии Душанбе – Ваҳдат – Рашт – сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон зебоии дучанди маркази ташхисию табобатиро таъмин кардаанд. Иттилоъ доданд, ки дар доираи таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар тайи 5 соли охир дар шаҳри Ваҳдат 21 иншооти хурду калони тиббӣ бунёд ва 13 маркази саломатии деҳот аз таъмир бароварда шуд.


Гузоштани санги асоси сохтмони роҳи мошингарди
Ваҳдат – Роғун ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар пули мошингузари ноҳияи Нуробод
24-уми октябр зимни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди Ваҳдат – Оби Гарм санги асос гузоштанд.
Лоиҳаи мазкур ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ, беҳтар намудани шароити ҳаракати воситаҳои нақлиёт, баланд бардоштани сатҳи бехатарии роҳ ва тақвияти робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ равона гардидааст.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дарозии роҳи мошингард 70 километрро ташкил медиҳад ва он аз ду хатти ҳаракат дар ду самт иборат буда, паҳноии қисми ҳаракат 10-12 метр ва паҳноии канори роҳ 2,5 метрро ташкил хоҳад дод. Дар доираи лоиҳа, инчунин, бунёди роҳҳои пиёдагард ба дарозии 16 ҳазору 600 метр, насби 1850 аломати роҳ, 1500 метр панҷараҳои муҳофизатии парапетӣ ва иҷрои корҳои дигари муҳандисиву инфрасохторӣ пешбинӣ шудааст.
Тавре таъкид гардид, барқарорсозии роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун ба таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт дар тамоми фаслҳои сол, сарфаи вақт ва сӯзишворӣ ҳангоми интиқоли молу маҳсулот ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ мусоидат менамояд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун бо ҳама инфрасохтори зарурӣ дар муҳлати яку ним сол сохта, ба истифода дода мешавад. Татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар доираи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ амалӣ мегардад.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонии пул ва роҳҳои пайвасткунанда дар доираи Лоти 3 шоҳроҳи Обигарм – Нуробод шинос шуданд. Пули нав, ки аз болои обанбори Неругоҳи барқи обии «Роғун» мегузарад, 920 метр дарозӣ дошта, дарозии роҳҳои пайвасткунандаи он 1,5 километрро ташкил медиҳад. Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ имкониятҳои ҳаракати нақлиёт дар ин масир беҳтар хоҳанд шуд.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки пул аз 8 такягоҳ ва 78 мехсутун иборат буда, корҳои пармакунӣ ва бетонрезии мехсутунҳо пурра ба анҷом расидаанд. Ҳамзамон, дар сутунпояҳои пул корҳои арматурбандӣ ва бетонрезӣ ба таври шабонарӯзӣ идома ёфта, барои иҷрои босифат ва саривақтии корҳои сохтмонӣ техникаву механизмҳои зарурӣ истифода мешаванд. Дар баробари сохтмони пул, корҳои омодасозӣ ва бунёди роҳҳои пайвасткунандаи он низ идома доранд. Дар маҷмуъ, барои татбиқи лоиҳа зиёда аз 73 техникаву механизми пуриқтидори сохтмонӣ ва беш аз 200 мутахассиси ватаниву хориҷӣ ҷалб шудаанд. Татбиқи лоиҳа аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии боэътимоди байналмилалӣ таъмин карда мешавад. Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё сурат мегирад. Амалӣ гардидани лоиҳа ба беҳтар шудани шароити ҳаракати нақлиёт, рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақа ва истифодаи самараноки имкониятҳои нақлиётии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Боздиди Пешвои миллат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дар шаҳри Ваҳдат
24-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ маҳсули меҳнати кишоварзони шаҳр, аз қабили сабзавоту анвои гуногуни меваи тару хушк, маҳсулоти консервашуда, полизӣ, ғалладонагию лӯбиёиҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, ба маъраз гузошта шуда буд. Ин неъматҳо натиҷаи истифодаи самараноки имкониятҳои табиӣ, обу ҳавои мусоид, заминҳои ҳосилхез ва тухмиҳои хушсифат буда, аз таҷрибаи ғании кишоварзони шаҳр шаҳодат медиҳанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки кишоварзони шаҳри Ваҳдат дар 9 моҳи соли 2026 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзиро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расондаанд, ки ба 108,1 дарсади дурнамо баробар аст. Дар ин раванд ба зиёд намудани масоҳати кишти ғалладона, васеъ кардани масоҳати гармхонаҳо, парвариши чорвои хушзот, зиёд намудани саршумори паранда, васеъ кардани масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ, лӯбиёиҳо, зироатҳои техникӣ, картошка, сабзавот ва полизӣ, ки иқлими шаҳр барои парвариши онҳо мусоид мебошад, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шудааст.
Намоишгоҳ, ки дар шакли хеле ҷолибу диданӣ пешниҳод гардид, баёнгари фаровонҳосилӣ ва таҷрибаи ғании сокинони заҳматқарини шаҳр дар самти истифодаи замин аст. Маҳсули ҳунари занону кадбонуҳои шаҳр низ ба таври густурда пешниҳод гардид. Анвои гуногуни нон, фатир, кулча ва таомҳои миллӣ, ки бо завқи хос омода шуда буданд, бозгӯйи ҳунари волои мардум, завқи баланди бонувону модарон ва заҳмати аҳлонаи онҳо мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешрафти бахшҳои алоҳидаи соҳаи кишоварзӣ ва заҳмати шабонарӯзии деҳқонон изҳори қаноатмандӣ карда, иброз доштанд, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва фаъолияти ватандӯстонаи заҳматкашони шаҳр имрӯз Ваҳдат ба яке аз минтақаҳои пешрафтаи кишоварзиву саноатӣ табдил ёфта, саҳми корхонаву муассисаҳои он дар рушди иқтисодии кишвар ва фаровонии дастархони мардум, аз ҷумла сокинони пойтахт, торафт бештар мегардад.


Баистифодадиҳии корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел» дар шаҳри Ваҳдат
24-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарнисори деҳоти Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи нави саноатӣ бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Шамсулло Саъдуллозода дар ҳудуди минтақаи саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хушрӯз» дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст. Сохтмони иншоот моҳи майи соли 2026 оғоз ёфта буд.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар корхона ду хатти муосири истеҳсолӣ бо таҷҳизоти пешрафта насб гардидааст. Дар корхона намудҳои гуногуни мебел барои хонаҳои истиқоматӣ, ошхона, муассисаҳои таълимӣ ва коргоҳу корхонаҳо, инчунин, дарҳои чӯбин истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи истеҳсоли дарҳои чӯбин дар корхона то 60 ҳазор донаро ташкил медиҳад. Қисми назарраси равандҳои истеҳсолӣ бо истифода аз дастгоҳҳои муосир анҷом дода мешавад, ки ин омил барои баланд бардоштани сифати маҳсулот, афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ мусоидат менамояд.
Яке аз ҳадафҳои муҳими таъсиси корхона фароҳам овардани ҷойҳои нави кор ва беҳтар кардани шароити иҷтимоии аҳолӣ мебошад. Ҳоло дар ин ҷо беш аз 100 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардидааст. Барои кормандон, ҳамчунин, хобгоҳ бо 60 кат ва ошхона барои 80 кас пешбинӣ шудааст.
Масъулини корхона нақша доранд, ки дар оянда дар шаҳру ноҳияҳои кишвар нуқтаҳои савдои худро таъсис дода, доираи пешниҳоди маҳсулотро васеъ намоянд. Ин тадбир барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, зиёд кардани ҷойҳои корӣ ва дастрасии бештари аҳолӣ ба маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ замина фароҳам меорад. Ба истифода додани корхонаи мазкур қадами дигар дар самти рушди саноати миллӣ, тақвияти иқтидори истеҳсолии кишвар ва татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бунёди чунин иншооти истеҳсолӣ бозгӯйи саҳми соҳибкорони ватанӣ дар пешрафти иқтисоди кишвар ва ободонии Ватани маҳбубамон аст.


Ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намудани 16 иншоот дар шаҳри Ваҳдат
24-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд.
Нахуст, Роҳбари давлат ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли шишаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хушрӯз» бо 30 ҷойи корӣ дар деҳаи Зарнисори деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов расман оғоз бахшиданд.
Ду иншооти дигари саноатии фосилавӣ ифтитоҳшуда корхонаи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хушрӯз» ва корхонаи истеҳсоли ҳасиби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳроми пурфайз» дар деҳаи Зарнисори деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов мебошад, ки дар онҳо наздик ба 100 ҷойи кори доимӣ фароҳам гардидааст.
Ҳоло дар шаҳри Ваҳдат беш аз 130 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолии онҳо дар як сол тақрибан 1 миллиарду 177 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, дар ин рӯз 5 бинои иловагии муассисаҳои таълимӣ барои 3040 хонанда ва Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Закия», ки барои 210 кӯдак пешбинӣ гардидааст, тариқи фосилавӣ ба истифода дода шуданд. Ба иттилои масъулин, дар шаҳри Ваҳдат 161 муассисаи таълимӣ бо фарогирии зиёда аз 107 440 хонанда ва 18 муассисаи таълимии томактабӣ барои 3360 кӯдак фаъолият мекунанд.
Имсол дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ шумораи зиёди толибилмони шаҳр иштирок намуда, 31 медал, аз ҷумла 1 медали тилло, 6 медали нуқра ва 24 медали биринҷӣ, ба даст овардаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳамин рӯз, ҳамчунин, дар маҳаллаи Кофиёни шаҳраки ба номи Нуъмон Розиқ маркази саломатии тиббии сутунмуҳра бо 30 кат ва дар деҳоти Баҳористон маркази нави саломатиро мавриди истифода қарор доданд.
Тибқи маълумот, барои зиёда аз 398 400 нафар аҳолии шаҳри Ваҳдат ҳоло беморхонаи марказӣ бо филиалҳои он, 30 маркази саломатӣ ва 89 бунгоҳи тиббӣ хизматрасониҳои босифат ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин, дар ин рӯз, майдончаи варзишӣ ва ҳаммоми замонавӣ дар деҳаи Муллодавлат ва 3 майдончаи варзишии дигар барои бозии футбол дар деҳаҳои Ғешӣ, Симиганҷ ва Зарнисори шаҳри Ваҳдат тариқи фосилавӣ ифтитоҳ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ҳудуди шаҳр 174 майдончаи варзишӣ ва ду майдони калон барои бозии футбол мавҷуд мебошад. Варзишгарон то моҳи сентябри соли равон дар 38 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, наздик ба 200 медал ба даст овардаанд. Инчунин дар идома, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ маркази савдою хизматрасониро бо ташкили коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода доданд. Иншоот бо имкониятҳои васеи хизматрасонӣ дар идомаи Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ аз ҷониби соҳибкорони меҳандӯст бунёд шудааст. Дар бинои 15-ошёна, ки дорои маркази савдою хизматрасонӣ ва дуконҳои фурӯши ашёи рӯзгор мебошад, 60 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Дар доираи татбиқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ифтихори таҷлили шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат 812 иншоот ва дар доираи сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 35 иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун барои фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолият, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, беҳсозии зиндагии мардум ва бедор кардани ҳисси худшиносиву ватандӯстии насли наврас мусоидат менамояд.


Ифтитоҳи коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»
24-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд.
Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори содиротии хоҷагӣ то охири соли 2026 то 300 тонна моҳиро ташкил медиҳад ва дар соли 2027 ба нақша гирифта шудааст, ки ҳаҷми он ба 1000 тонна дар як сол расонда шавад. То имрӯз ширкати ватании «Баҳор» 120 тонна моҳии яхкардашударо ба Федератсияи Русия содирот намудааст. Ширкат, ҳамчунин, барои содирот ба кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Маҷористон ва Англия, гуфтушунидҳо ба роҳ мондааст. Барои роҳандозии ҳамкорӣ бо чанд кишвари дигар низ намунаи маҳсулот фиристода шудааст.
Иттилоъ доданд, ки дар коргоҳи нав 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид. Дар рафти сохтмони коргоҳ, ки аз соли 2024 оғоз ёфтааст, 40 сокини маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб гардида буд. Масоҳати коргоҳ 30 садякро ташкил дода, таҷҳизоти истеҳсолу коркарди он аз ширкатҳои пешрафтаи чинӣ вориду насб гардидааст.
Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар коргоҳ раванди коркарди моҳӣ ва ҷамъоварии тухми он муаррифӣ карда шуд. Дар коргоҳ гӯшт ва ҳам тухми моҳӣ барои содирот истеҳсол мегардад. Моҳӣ дар табақҳои калони махсус тоза шуста шуда, барои коркарди минбаъда омода мегардад. Дар ҳуҷраи дигар тухм аз моҳӣ ҷудо ва дар зарфҳо ҷо дода мешавад. Раванди минбаъдаи коркард аз буридан ва яхкунонӣ иборат аст. Баъди коркарди пурра моҳӣ ва тухми он дар қуттиҳо ҷо ба ҷо ва дар сардхона захира мегардад. Дар ҳамин мавзеъ, пас аз ифтитоҳи коргоҳи коркарди моҳӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди марҳалаи дуюми корхонаи коркарди моҳӣ ва сардхона бо ғунҷоиши 300 тонна барои оғози сохтмон асос гузоштанд.
Бо роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкат уҳдадор шуд, ки барои таъмини мардум бо маҳсулоти хушсифати экологӣ дар шаҳри Душанбе дар муҳлати кӯтоҳ як корхонаи калони коркарди моҳӣ бунёд намояд.
Дар ҳавзҳои ширкати «Баҳор» ҳоло зиёда аз 1000 тонна моҳӣ парвариш мешавад ва оянда бо бунёди ҳавзҳои нав имкони афзун кардани ҳаҷми он мавҷуд аст. Ҳоло дар хоҷагии моҳипарварии ҶДММ «Баҳор» 500 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мебошад. Дар ҳавзҳои ҶДММ «Баҳор», асосан, гулмоҳии навъҳои рангинкамон ва заррин парвариш карда мешаванд. Маҳсулоти хоҷагии моҳипарварӣ босифат ва ҷавобгӯйи талаботи ҷаҳонӣ буда, ширкат дорои сертификатҳои байналмилалии ИСО ва Ҳалол аст.
Ёдовар мешавем, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8-уми октябри соли 2020 хоҷагии моҳипарвариро ифтитоҳ намуда, 10-уми ноябри соли 2022 бо фаъолияти он шинос шуда буданд. Зимни боздид аз хоҷагии моҳипарварӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ Саидмуҳриддин Сайфов барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ, содироти он, ташкили марказҳои фуруши моҳӣ ва ошхонаву тарабхонаи таомҳои моҳигӣ дастуру ҳидоятҳо дода буданд.
Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, то имрӯз супоришҳои Роҳбари давлат ба таври зарурӣ амалӣ мегарданд. Ҳоло аз ҷониби ҶДММ «Баҳор» дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтари вилояти Хатлон ва дигар ноҳияҳо зиёда аз 10 нуқтаи фурӯши гулмоҳӣ ва 10 ошхонаву тарабхона ташкил шудааст, ки пурсамар фаъолият доранд.
Мавриди зикр аст, ки танҳо дар тарабхонаи «Баҳор-Форел»-и шаҳри Душанбе, ки 16-уми июли соли 2024 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ ёфта буд, аз ҷониби соҳибкор зиёда аз 150 ҷойи кори доимӣ ташкил гардидааст.
Соҳибкори ватандӯст уҳдадор шуд, ки барои дар оянда васеъ кардани фаъолияти моҳипарварӣ дар деҳоти Ромит сохтмони ҳавзҳои навро идома медиҳад. Онҳо ният доранд бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар доираи Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ бозорҳои пойтахтро бо ин навъи маҳсулот таъмин карда, оянда содироти моҳиро афзун намоянд. Аз ҷумла, дар асоси дурнамо ба муносибати 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ширкат нақша дорад, ки то соли 2031 ҳавзҳои парвариши моҳиро ба 50, истеҳсоли моҳии молиро то ба 4000 тонна, дар ҳавзҳои калон ба роҳ мондани моҳипарварии сабадӣ, истеҳсол ва парвариши моҳича-кирминамоҳиро аз 2 миллион то ба 4 миллион расонад. Ҳамчунин, роҳбарияти ҶДММ «Баҳор» бо истифода аз имконоти молиявӣ дар оянда бунёди корхонаи коркард ва бандубасти моҳӣ, коргоҳи яхкунонӣ бо сардхона, анбори нигоҳдории моҳии яхкардашуда дар ҳаҷми калон ва бунёду ба истифода додани МТМУ № 33 барои 1500 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро ба нақша гирифтаанд.
Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии моҳипарварӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватандӯст Саидмуҳриддин Сайфов барои обод кардани як гӯшаи диёр, рушди соҳаи моҳипарварӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ташкили коргоҳи коркарди моҳӣ ба хотири ба роҳ мондани содироти он баҳои арзанда доданд.

Санаи нашр: 27.10.2026 №: 206-207