РӮ БА РӮ БО САРҲОИ БУРИДА

АЗ РӮЗГОРИ МАДАМ ТЮССО
Садои гилйотина (теғи сарбурӣ) баланд мешавад. Теғи оҳанин поён мефарояд. Издиҳом ҷудо шудани сарҳоро аз бадани инсонҳои маҳкумшуда дидан баробар нидо мекашад.
Баъди чанд фурсат, ки дигарон майдонро тарк мекарданд, кори як ҷавонзан оғоз меёфт. Ӯ ба назди қурбонӣ мерафт, рӯ ба рӯ ба чеҳраи хомӯш ва беҳаракати сари аз тан ҷудошуда бодиққат чашм медӯхт, то симои ӯро бо тамоми хатту ожангҳояш дар зеҳн ҳифз кунад, зеро маҷбур буд, ки чеҳраи ҳар як қурбониро баъдан аз мум сохта, ба дарбориёни қотил супорад.
Бале, ин зан Мари Тюссо буд.

Зане, ки имрӯз номи ӯ бо осорхонаҳои машҳури мумии ҷаҳон пайванд дорад. Зане, ки чеҳраҳои машҳури ҷаҳониро аз мум офаридаву бузургтарин намоишгоҳҳои дунёро зинат мебахшад.
Саргузашти аҷибе дорад ин бузургзан. Мари Тюссо, ки номи аслияш Анна Мария Гросхолс буд, соли 1761 дар шаҳри Страсбург ба дунё омад. Падараш ҳанӯз пеш аз таваллуди ӯ дар ҷанг кушта шуд ва модараш барои таъмини зиндагӣ ҳамчун хизматгор дар хонаи табиб ва ҳайкалтарош Филипп Кёртис ба кор даромад. Маҳз дар ҳамин хона духтари хурдсол бори аввал дид, ки чӣ гуна аз як порча мум метавон чеҳраи инсонро офарид.
Мари зуд омӯхт. Ӯ ҳанӯз шонздаҳсола буд, ки пайкараи файласуфи бузург Волтерро сохт. Дере нагузашта истеъдоди ӯ ба дарбори шоҳ роҳ ёфт ва духтари ҷавон ба қасри Версал даъват шуд, то ба хоҳари шоҳ Людовики XVI пайкараофариро омӯзонад.
Ба назар мерасид, ки ояндаи ӯ дар миёни ашрофон ва шукӯҳи дарбор мегузарад. Барои духтаре, ки дар оилаи камбизоат ба воя расида буд, ин ба афсона монанд буд. Аммо афсона дер давом накард.
Соли 1789 инқилоби Фаронса оғоз шуд. Ашрофзодаҳое, ки дирӯз дар қасрҳо зиндагӣ мекарданд, имрӯз назди гилйотина навбати қатли худро интизор буданд.
Мариро низ барои робита бо хонадони шоҳ ҳабс карданд. Мӯйҳои сарашро тарошиданд. Ӯ хуб медонист, ки ин чи маъно дорад: пеш аз эъдом маҳкумшудагонро барои осонтар фуруд омадани теғи гилйотина, сар метарошиданд.
Мари дар интизори марг буд, аммо марг аз назди ӯ гузашт. Шояд тақдир барои ӯ нақши дигареро омода карда буд. Инқилобчиён ба маҳорати ҳайкалтарошии ӯ ниёз доштанд ва тасмим гирифтанд, ки истеъдоди ӯ барои ҷумҳурӣ аз марги ӯ арзишмандтар аст.
Аммо нархи ин гузашт тавре дар боло гуфтем, даҳшатовар буд, зеро маҳз ба ҳамин хотир, Мари вазифадор шуд, ки аз чеҳраи қурбониёни сарбурида ниқоб омода кунад. Аввалтар аз ҳама ҷавонзани бечора аз чеҳраи Людовики XVI ва Мария-Антуанетта, ки чанд рӯз пеш дар қасри Версал зиндагии шоҳона доштанд, қолаб гирифт. Баъдан, зери зулми ҳукуматдорони нав Мари чеҳраи садҳо нафарро баъд аз марг бо мум сохт. Мегӯянд, баъзан, сарҳои аз тан ҷудошударо аз назди гилйотина ҳамчунон олудаи хун ба ӯ овардаву фармоиш медоданд. Барои як зани ҷавон ин танҳо кор не, балки зиндагӣ дар миёни мурдагон буд...
Хушбахтона, инқилоби хунин ҳам анҷом ёфту Мари аз нав ба зиндагии осуда баргашт. Коллексияи устодаш Филипп Кёртисро, ки ба мерос гирифта буд, дар заминаи он ба фаъолият оғоз кард. Издивоҷаш бо муҳандис Франсуа Тюссо рӯзгори ӯро зинат бахшида, дар як муддати кӯтоҳ бо номи мадам Тюссо маъруфи олам гашт.
Соли 1802 вақте аз Фаронса ба Англия кӯчид, беш аз сӣ сол садҳо пайкараи мумиро аз шаҳре ба шаҳре ба намоиш мебурд. Ниҳоят, соли 1835, вақте ки Мари Тюссо 74-сола буд, ӯ дар кӯчаи Бейкер-стрити Лондон аввалин осорхонаи доимии худро ифтитоҳ кард...
Соли гузашта ман имкон пайдо кардам, ки аз ин осорхона боздид намоям. Ба яқин аз пеш медонистам, ки ҷолибтарин қисми он барои ман «Ҳуҷраи даҳшатҳо» хоҳад буд. Ҳангоми ворид шудан ба толор эҳсос кардам, ки фазо ногаҳон дигар шуд. Равшании хира, сукути ғайриодӣ ва чеҳраҳои хомӯши пайкараҳо эҳсоси аҷиберо ба вуҷуд меоварданд.
Дар он ҷо дарк кардам, ки ин танҳо намоиши муҷассамаҳо нест. Ин намоиши сарнавишти инсонҳост. Дар паси ҳар як чеҳра зиндагие нуҳуфтааст; паси ҳар як нигоҳ қиссае ва паси ҳар як пайкара порае аз таърих.
Дар он ҷо истода, ман беихтиёр худро дар Парижи соли 1793 тасаввур кардам. Садои издиҳом. Майдони эъдом ва теғи гилйотина, ки боз поён мефарояд. Пас аз пароканда шудани мардум бошад, зани ҷавоне ба назди қурбониён наздик мешавад ва аз рӯйи чеҳраҳои беҷони онҳо қолаб омода мекунад, то онҳоро аз фаромӯшии таърих наҷот диҳад...
Ҳангоми тамошои ин толор нохост саволе дар зеҳнам пайдо шуд: вақте Мари Тюссо ин чеҳраҳоро дар қолабҳои мумӣ нигоҳ медошт, оё ӯ тасаввур карда метавонист, ки баъд аз зиёда аз дусад сол миллионҳо нафар аз саросари ҷаҳон барои дидани онҳо ба осорхонаи ӯ хоҳанд омад?
Шояд маҳз ҳамин аст қудрати таърих. Одамон аз ҷаҳон мераванд, империяҳо фурӯ мерезанд, инқилобҳо анҷом меёбанд, аммо қиссаҳо боқӣ мемонанд.
Ва мадам Тюссо тавонист ин қиссаҳоро дар мум зинда нигоҳ дорад.
Моҳира САНГМАМАДЗОДА,
«Ҷумҳурият»
