МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҚОСИМ-ЖОМАРТ ТОКАЕВ

29-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи иштирок дар маросими ифтитоҳи Мусобиқаи байналмилалии "Бозиҳои оянда" дар Остона, бо Президенти Ҷумҳурии
Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев вохӯрданд.
Дар рафти суҳбат сарварони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии миёни Тоҷикистон ва Қазоқистонро баррасӣ намуданд.
Ҳар ду ҷониб аз динамикаи мусбати ҳамкорӣ қариб дар ҳамаи соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ карданд. Аҳамияти идомаи муколамаи мунтазами сиёсии байнидавлатӣ ва густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид гардид.
Ба афзоиши тиҷорати дуҷониба ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд.
Суръати баланди афзоиши гардиши тиҷорати дуҷониба дар нимаи аввали соли равон таъкид гашт.
Бо назардошти вазъи кунунии бозорҳои энергетикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҷонибҳо афзоиши минбаъдаи содироти маҳсулоти нафтии Қазоқистонро ба бозори Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вобаста ба бахшҳои фарҳангию башарӣ, ҷонибҳо алоқамандии худро ба тақвияти раванди мубодилаи эҷодӣ, таълимӣ ва академӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, варзиш ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак изҳор доштанд.
Ҳамкории бисёрҷониба дар доираи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ баррасӣ шуд.
