БА ОЗМУНИ “ҶУМҲУРИЯТ”

30 июл 2026, Панҷшанбе
2


КУРУШИ КАБИР ПАРВАРДАИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ


Куруши Кабир аз дурахшонтарин чеҳраҳои арсаи сиёсат ва давлатдории сатҳи ҷаҳонии аҳди бостон аст, ки аввалин бор дар таърихи башар усули мутамаддини давлатдориро эҳдо намуда, ҳамчун бунёдгузори ғояҳои олии ҳуқуқу озодиҳо мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самимияти хосса ба симои таърихии Куруш арҷ бигзошта ва дар шинохти шахсият ва низому усули давлатдории ӯ саҳми бузург гузоштаанд. Маҳз кӯшишу талошҳои Сарвари давлат буд, ки 6-уми ноябри соли 2025 дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО Қатънома таҳти унвони «Устувонаи Куруш чун эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» якдилона пазируфта шуд. Юнеско ба «Устувонаи Куруш» ҳамчун санади дорои арзиши баланди таърихӣ ва маънавӣ эҳтиром гузошт ва таъкид намуд, ки ин санади муҳим баҳри таҳкими арзишҳои умумибашарӣ, густариши ҳамдигарфаҳмӣ миёни тамаддунҳо ва мусоидат ба рушди муколамаи фарҳангҳо саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Матни «Устувонаи Куруш», ё худ аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар соли 1879-и милодӣ дар аснои ҳафриёти Бобул дастраси бостоншиносон гардида буд. Вай дар лӯлаи сафолӣ бо хатти мехӣ ва бо забони қадимаи элонӣ маҳфуз буда, аз 39 банд ва 45 сатр иборат аст. Ин бозёфти нодир дар музеи Британия, дар Лондон нигоҳ дошта мешавад.
Аз ин Эъломия, ки ду ҳазору панҷсаду панҷоҳ сол пеш таълиф шудааст, чанд сатреро аз забони худи Куруш меоварем, ки гуфтааст:
«Манам Куруш, шоҳи шоҳон, шоҳи бузург, шоҳи неруманд. Ҳама мардум қудуми маро ба шодмонӣ пазируфтанд. Сулҳу оромиро ба тамоми мардум ато кардам ва фармон додам, ки ҳама мардум дар парастиши Худои худ озод бошанд ва ашхоси орӣ аз динро наёзоранд. Ман ғуломдориро барандохтам. Ҳамаи мардумонеро, ки пароканда ва овора шуда буданд, ба ҷойгоҳи худ баргардондам. Аҳолии маҳалҳоро ҷамъ кардам ва манзили онҳоро, ки хароб гардида буданд, аз нав сохтам ва сулҳу оромиро ба тамоми мардум ато кардам».
Пешвои миллат ба ҷавҳари Эъломияи Куруш баҳои баланд дода, зимни суханронии хеш дар симпозиуми байналмилалии илмии Душанбе (22-юми октябри соли 2019) гуфтаанд: «Дар шароити кунунӣ, ки авзои ҷаҳон ниҳоят мараккаб ва печида мебошад, ин суханони Куруш аҳамияти боз ҳам бештар касб карда, мо аҳли башарро даъват менамояд, ки ба хотири сулҳу оромӣ талоши бештар намоем, ҳамдигарфаҳмии халқу миллатҳоро таҳким бахшем, аз ғасбу куштор, зулму зӯроварӣ даст кашем, ақидаҳои нажодпарастиро маҳкум намоем ва роҳҳои мусолиматомези ҳалли низоъҳоро пайдо карда, дар оромиву осоиш умр ба сар барем».
Ба андешаи Сарвари давлат, руҳи бузург ва андешаҳои волои Куруш дар Эъломияи ӯ хеле дурахшон таҷассум ёфта ва он дар тамаддуни башар бозёфти беназирест. Аз ҳамин дидгоҳ Куруш давлати бузурги Ҳахоманиширо бунёд гузошт ва дар он эҳтироми қавму миллатҳо ва дину мазҳабҳо ҷойгоҳи хосае доштанд. Рисолати таърихии Куруш боз дар он таҷассум ёфта, ки ӯ тавонист қавмҳои сершумори ориёиро ба ҳам наздику қарин гардонда, ба рушди фарҳангу андешаву афкори онҳо заминаи мусоид фароҳам оварад.
Муаррихи бузурги Юнони қадим Ксенофонт мефармояд: «Куруш бар ҳамаи мардумоне, ки забонҳояшон барояш комилан номафҳум буд ва худи онҳо ҳам якдигарро намефаҳмиданд, ҳукумат кард. Ӯ бо сиёсат ва ҳайбате, ки дошт, заминҳои паҳновари зиёдеро тасхир кард ва ҳеҷ кас ҳатто кӯшиши бо ӯ муқобила карданро аз худ нишон надод».


Таърих ёд надорад, ки дар давлати нопайдоканор ва сермиллати Куруш дар аҳди зиндагии ӯ шӯришу исёне сар зада ва ё садои эътирози мардум баланд шуда бошад. Мардуми олам итминон доштанд, ки воқеан, Куруш шоҳаншоҳи озодибахш ва одилу раиятпарвар буда, аз хунрезӣ ҳазар менамояд, қавми мағлубро озор намедиҳад ва қатли ом намефармояд. Дар ҳақиқат Куруш талошу пайкори озодихоҳӣ ва мактаби ахлоқиву маънавиро барои мардуми асри хеш падид оварда буд.
Устоди Донишгоҳи Оксфорд Гранди роҷеъ ба шуҳрату мақоми таърихии Куруш фармудааст: «Бидуни шак, шахсияти Куруш шахсияти нодиру беназир ва дар асри худ ғайриодие буд. Куруш дар дили милали муосири худ чунон асаре ба ҷой гузошт, ки ақлро мот мегардонад. Мавқеият ва пирӯзии Куруш ниҳоят бузург буд. Мебинем, ки тамоми ҳукуматҳои қавмиву бузург дар баробари ӯ сари таъзим фуруд овардаанд. Инҳо кишварҳое буданд, ки рӯзе дам аз императории ҷаҳонӣ мезаданд. Миллатҳо на танҳо сохти ҷадидро пазируфтанд, балки ба он бисёр рӯйи хуш нишон доданд. Амну оромиш ҳама ҷоро фаро гирифта, гург бо меш аз як чашма об мехӯрданд. Аз одобу русуми қавмии ҳеҷ миллате ҷилвагарӣ намешуд, балки ҳама дар кори худ озодӣ доштанд».
Ба гуфтаи Пешвои миллат, Куруш аз ҷумлаи нахустин сиёсатмадороне буд, ки суннати таҳаммулгароиро ба фарҳанги сиёсии аҳли башар ворид карда, ба намояндагони ҳамаи халқҳо имконияти баробарии мавҷудият ва инкишофро фароҳам оварда буд.
Бузургвории Куруш дар он зоҳир гардида, ки олами ботину зоҳири худро хуб шинохта буд ва мекӯшид, ки аз он ҷода берун наравад. Ӯ нисбат ба хештан мегуфт: «Ман аз ононе, ки майл ба ситамгарӣ доранд, нестам. Касе, ки зулм кард, сазои ӯ зулм хоҳад буд. Аммо касе, ки амали неку кард, сазои ӯ некист ва дар кори ӯ кушоишҳо ҳосил хоҳанд шуд».
Куруш на танҳо аз ҷинси шоҳони дигар набуд, балки як падидаи беназирест, ки барои замонҳои оянда ва мардумони он ба дунё омада буд. Пас хиради баланд ва маънавиёти олии ӯ аз кадом сарчашма шодоб гаштааст?
Донишмандони номдори ҷаҳон бар ин ақидаанд, ки таълимоти Зардушт дар рушду такомули фикрию ахлоқии Куруш нақши ниҳоят бузург бозидааст. Ҷавҳари фарҳанги ориёӣ дар тору пуди Куруш танида ва ҳамеша чун чароғ равшангари роҳи ӯ будааст. Орифи бузурги Ҳиндустон Мавлоно Абдулкаломи Озод дар ин иртибот мефармояд: «Шахсияти Куруш дар ҳақиқат як инқилоби ахлоқӣ ва руҳӣ дар мардуми асри худ падид овард. Ман дар хонадонҳои салтанатии эломию ошурию бобулӣ аз лиҳози ахлоқу хасоис руҳи касеро ҳамтои Куруш наёфтам. Мусаллам аст, ки Куруш аз сарчашмаи ахлоқии дигаре ғайр аз инҳо об мехӯрдааст ва шак нест, ки ин сарчашма ҳамон таълими олии ахлоқии Зардушт буд, ки дар пояи «пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек” қарор дошт. Инҳо усул ва асоси дини зардуштӣ буда ва кадом яке аз манобеи ахлоқӣ ҷуз инҳо метавонад шахсияти беназири ахлоқии шоҳаншоҳ Курушро ба вуҷуд оварад?”. Покии нафс, ахлоқу маънавиёти баланд ва некукирдорӣ меҳварест, ки таълимоти Зардушт ҳазорсолаҳо инҷониб бар гирди онҳо мечархад.
Дар аҳди Куруш суннатҳои волои бостонӣ ва ҷашнҳои бузурги миллӣ бо рангу ҷилои тоза рӯзгори мардумро оро медоданд, Ҷашни абадзиндаи Наврӯз бо шукӯҳи хосса дар саросари кишвар таҷлил мегашт ва боиси ваҳдату якдилии мардумони кишвари бузург мегардид.
Куруш ба молу сарвати дунё ниёз надошт ва то охири умр имдодгари бечорагону фитодагон буд. Ӯ дар баробари фатҳи кишварҳо, ҳамчунин, кишвари адолату инсонияту фазилатро низ фатҳ менамуд. Аммо ҳирси молу сарват Искандарро ба сари оромгоҳи Куруш овард. Ӯ гумон доштааст, ки қабри Куруш моломол ва кони дурру гавҳар аст. Чун оромгоҳро аз симу зар холӣ дид, пиндошт, ки сарвати онро ғорат кардаанд. Бар асари қаҳру ғазаб ҳокими Порсро ба қатл расонд ва муғони посбони мақбараро озор дод ва таҳқир намуд.
Воқеан, империяи Куруш 200 сол пойдор монд ва дар таърихи Шарқи бостонӣ аз пуриқтидортарин давлатҳо ҳисоб меёфт.
Поягузор ва шоҳаншоҳи давлати Форс Куруши Кабир, ки тамаддуни ориёиро мақоми ҷаҳонӣ бахшид, камтар аз 30 сол умр дид. Умри ниҳоят кӯтоҳ, аммо саршор аз пирӯзиҳо ва муборизаву қаҳрамониҳо. Ба гуфтаи муаррих Ксенофонт, Куруш гӯё васият намуда, ки бар рӯйи санги мазораш ин суханҳоро сабт намоянд: «Эй инсон, ҳар ҷо, ки бошӣ ва аз ҳар ҷое, ки биёӣ, зеро медонам, ки хоҳӣ омад, ман Курушам, оне, ки барои форсҳо ин давлати бузургу нопайдоканорро бунёд ниҳодам ва ба ин мушти хоке, ки маро пӯшондааст, рашку ҳасад мабар!».
Куруши Кабир 25 асрро пирӯзмандона паси сар намуд ва ба ҳазораи сеюм ворид гашт. Ӯ ба истиқболи асрҳои нав ва наслҳои нав пеш хоҳад рафт.


Ки то дар ҷаҳон мардум асту сухан,
Чунин номи неку нагардад куҳан.
(Фирдавсӣ)

Раҷабалӣ ҚУДРАТЗОДА,
Корманди шоистаи Тоҷикистон

Санаи нашр: 30.07.2026 №: 149