ГӮШТӢ

30 июл 2026, Панҷшанбе
9


Маҳдӣ Баротов – барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон
Тавре хабар дода будем, 27-уми июл дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Чемпионати ҷаҳонии гӯштӣ миёни наврасон оғоз гардид. Дар рӯзи сеюми зӯрозмоиҳо паҳлавони навраси кишвар Маҳдӣ Баротов дар равияи гӯштии юнонӣ-римӣ ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд.
Маҳдӣ дар вазни -60 кг зӯрозмоиҳоро аз даври 1/8-финал оғоз карда, то расидан ба финал бар намояндагони Миср, Ӯзбекистон, Руминия пирӯз шуд. Ӯ дар финал аз варзишгари Эрон шикаст хӯрд.
Чемпионат то 2-юми август бо зӯрозмоиҳо дар равияи гӯштии тарзи озод идома мекунад, ки 6 варзишгари мо низ барои ҷоизаҳо талош менамоянд.


ТАЕКВОНДО
Ду медал аз Сеул
Дастаи таеквондои Тоҷикистон дар яке аз бузургтарин мусобиқаҳои байналмилалӣ - Ҷоми Kim Un Yong, ширкат карда, ду медали биринҷӣ ба даст овард.
Медалҳоро Нурулло Муродов дар вазни 74 кг миёни мардҳо ва Мунира Абдусаломова дар вазни беш аз 73 кг миёни бонувон сазовор гаштанд. Барои ҳар ду варзишгар ин натиҷаи назарраси мусобиқоти байналмилалӣ мебошад.
Ҷоми Kim Un Yong яке аз бонуфузтарин мусобиқаҳо дар Осиё маҳсуб мешавад, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии таеквондо доир мегардад. Барнома мусобиқаҳо байни наврасон, ҷавонон, калонсолон, инчунин, равияи пумсе ва мусобиқаҳои даставиро дар бар мегирифт. Он рейтингӣ буда, ба варзишгарон имкон медиҳад, ки дар радабандии ҷаҳонии таеквондо холҳои муҳим ба даст оранд.


ҶУДО
7 паҳлавони кишвар 4 моҳ аз ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум шуданд
Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишвар: Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, Обид Ҷебов, Абдуллоҳи Ориф, Умедҷон Раҷабов, Виктория Кисилёва ва Александра Канро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард.
Федератсияи ҷудои кишвар хабар дод, ки сабаб вайрон кардани интизоми касбӣ, сарпечӣ ва ҳозир нашудани онҳо ба 3 давраи ҷамъомади таълимиву тамринии дастаҷамъона аст, ки барои омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ, мисли Бозиҳои Осиё ва Чемпионати ҷаҳон дар Боку пешбинӣ шуда буданд. Ҳамчунин, онҳо нисбат ба аъзои дастаи мунтахаб беэҳтиромӣ ва нақшаи расмии омодагиро эътироф накардаанд.
Дар қарори Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудо гуфта мешавад, ки бо вуҷуди чанд маротиба даъват аз паҳлавонон ва мураббиёнашон барои иштирок дар машқҳо, аз ҷониби онҳо ҳеҷ гуна ҷавоб ва аксуламал нишон дода нашуд.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 30.07.2026 №: 149