БЕДОРИИ ЧАШМИ МИЛЛАТ

03 август 2026, Душанбе
2


СУХАН АЗ ВАҲДАТ ВА ИСТИҚЛОЛ, ДУ АРЗИШЕ, КИ ЯКДИГАРРО КОМИЛ МЕСОЗАНД
Агарчи арзишҳо аз нигоҳи аҳамият болову поин қарор мегиранд, дар таҷрибаи давлати Тоҷикистон ду арзиш – яке истиқлол ва дигаре ваҳдати миллӣ вазн ва моҳияти баробар доранд. Ин ду арзиш бидуни якдигар буда наметавонанд, зеро, агар истиқлол ҳастии воқеии миллату давлат ва воситаи эътирофи он дар сатҳи байналмилал бошад, пас, ваҳдат зербинои он аст. То иттиҳоду ҳамбастагии мардум ба таври комил шакл нагирад, табиист, ки истиқлол дерпой буда наметавонад. Ҳар қадар ваҳдати мардум устувор бошад, ҳамон андоза истиқлол низ пойдор хоҳад буд.


Агар, ба фарзи мисол, сад сол ва аз ин бештар гузарад ҳам, ғояе муассиртар ва лозимтар аз ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон нахоҳад буд, зеро бидуни ҳастии ин неъмати бебаҳо мавҷудияти муътадили давлату миллат ғайримумкин менамояд.
Дар урфият мегӯянд, ки қадри неъмат баъд аз заволи он дарк мешавад. Сулҳу оромиш ҳамон вақт арҷу қимат пайдо мекунанд, ки агар нооромиву н-осудагӣ ҳукмфармо бошанд.
Мутаассифона, миллати шарафманди тоҷик, ки дар оғози марҳалаи истиқлол ба ҳаводиси шуми ҷангу ҷидол дучор шуда буд, имрӯз, хушбахтона, қадри ваҳдату сулҳ, суботу осоишро хеле нағз медонад ва ба он ҳамчун раҳнамои пешрафтҳои хеш ба сӯйи саодати зиндагӣ арҷ мегузорад. Ваҳдат барои мардуми мо ба ҳайси идеал ё қуллаи муроди миллат арзиш дорад, он танҳо ормон ҳам нест, балки беҳтарин воситаи тараққӣ ва ободгариҳост.
Барои ҳамин ҳам, дар тақвими ҷашнвораҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Ваҳдати миллӣ бузургтарин ормоне ҳаст, ки мардуми ҳама кишварҳои олам барои ноил шудан ба ин неъмат талошу мубориза мекунанд. Дар дунё давлате нест, ки бидуни иттиҳоду ҳамбастагӣ ва сарҷамъии мардумонаш пешрафт карда бошад. Тоҷикистон 29 сол қабл аз ин бо имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба шоҳроҳи ваҳдати миллӣ ворид шуд ва имрӯз бо назардошти амну субот ва иттиҳоду ягонагии мардум дар вазъи рушди муътадил қарор дорад.
Солҳои навадуми асри ХХ зарурати ҳамин гуна ваҳдат ба миён омада буд. Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки дар ибтидо ҷунбишҳои фарҳангӣ ба вуҷуд омада, масъалаҳои барои ҳамон давра ниҳоят зарур – истиқлоли сиёсӣ, ба сифати забони давлатӣ эътироф гардидани забони тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба дину оин, хулоса, эҳёи миллатро ба маънои томаш мавриди баррасиҳо қарор медоданд.
Баъдан, гурӯҳҳое пайдо шуданд, ки аксаран масоили фарҳангу маънавиятро тобиши сиёсӣ доданд, ҳизбу ҳаракатҳои динӣ рӯйи саҳна омаданд ва чунин сурат гирифтани таҳаввулот дар Тоҷикистон бо дахолати баъзе бозигарони минтақа ба ихтилофоти шадиди гурӯҳҳо ва баъдан минтақаҳо табдил дода шуд. Ниҳоят, неруҳои беруна таъсиргузор шуданд ва алангаи ихтилофи дарунӣ ба оташи сӯзон табдил ёфт. Ҷанге дар Тоҷикистон сар зад, ки касе поёни онро тасаввур карда наметавонист.
Ҳоло бо гузашти беш аз чоряк аср дар бораи сабабу омилҳои сар задани низоъ дар Тоҷикистон хеле зиёд менависанд. Ақидаҳои гуногун ва нақши шахсиятҳо ва давлатҳои кафили сулҳи Тоҷикистонро ном мебаранд.
Аз ин омилҳо, ба андешаи мо, дутоаш хеле пураҳамият аст. Якум, омили замонист. Ҳарчи зудтар хомӯш кардани низоъ бояд боиси ҳамин тавр зуд фаромӯш шудани рақобату бадбинӣ миёни гурӯҳҳо мешуд. Тасаввур кунед, ки аз алангаи як гӯгирд ҷангале месӯзад. Алангаро хомӯш кардан осонтар аст ё сӯхтори ҷангалро? Албатта, алангаро. Ҳамин тавр, дар сулҳи тоҷикон омили вақт омили ҳалкунанда ба шумор мерафт.


Раиси он замон тозаинтихоби Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон айём аз ин омили муҳим, яъне омили вақт, бамаврид истифода карданд. Фаҳмиданд, ки, агар замоне бештар гузарад, ин дарди давлату миллат мисли дарди куҳнашудаи бунияи одам мешавад ва муолиҷааш ҳазорон маротиба мушкил.
Омили аз ҳама асосии таъмини ваҳдат – сари қудрат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Тоҷикистони ҳамонвақта буд. Шахсияте сари қудрат омад, ки танҳо миллат ва Ватан мегуфт, миллатро дар сарҷамъии ҳама гурӯҳҳо медид. Барои ин шахсият миллат ҷанубиву шимолӣ ва шарқиву ғарбӣ, ҳамвориву кӯҳистонӣ набуд, ҳама яке буд. Ӯ аз аввал Тоҷикистонро ҳамчун як сарзамин, як ҳудуд ва як марзу бум медонист ва як вилоятро аз дигараш, як ноҳияву шаҳрро аз ноҳияву шаҳри дигар афзалтар намегуфт.
Агарчи ин ҷангро душманон дар хориҷ ба хотири дастёбӣ ба аҳдофи нопокашон тарҳрезӣ карда буданд, миллати мо исбот кард, ки қудрати дарки масъаларо дорад ва сарнавишти хешро худ муайян мекунад.
Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои дӯст ёрии зиёде дар раванди сулҳ ба мо расонданд, вале маҳз фидокориҳои Раҳбари давлат, хосту иродаи матин ва хиради азалии миллат, ҳамчунин гузашту ҳамдигарбахшии тарафҳо сулҳро ба кишвар бозгардонд.
Яке аз муҳимтарин дастоварди сулҳ бозгашти амнияту осудагии доимӣ ба кишвари мост. Воқеан, амнияте, ки имрӯз мо дорем, самараи арзишманди ваҳдату ҳамдилист. Имрӯз коршиносони ҷаҳон шаҳри Душанберо амнтарин пойтахт дар сартосари сайёра меноманд.
Дар асри кунунӣ, ки неруҳои даргир дар бисёр кишварҳои ҷаҳон борҳо сулҳ баставу борҳо аҳд шикастаанд, сулҳи тоҷикон бо пойдориаш беҳтарин таҷриба ва арзишмандтарин дастоварди на танҳо тоҷикон, балки Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи башарӣ дониста мешавад, ки то имрӯз аз сӯйи бисёр доираҳои сиёсӣ ба хотири ҷорӣ намудан дар дигар минтақаҳои ошӯбзада мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.
Ваҳдат мояи ифтихори ҳар мамлакатест, ки мардумаш ҳаёти осуда дорад, зеро ҳадафи аслии ваҳдат расидан ба зиндагии шоистаи инсонист.
Ваҳдат ҳамеша дар муқобили парокандагиву нифоқ ва парешониву навмедӣ тасаввур мешавад. Дунёеро, ки барои зиндагии бани башар офаридаанд, ҳамеша дуқутба буд ва то кунун чунин ҳаст, зиддиятҳое, аз қабили сиёҳу сафед, рӯшаниву торикӣ, некиву зиштӣ, хубиву бадӣ, ростиву дурӯғ, фиребу дурустӣ, баракату бебаргӣ, ҳушёриву девонагӣ, ғасбкориву бахшандагӣ ва ғайраҳо. Ин зиддиятҳо чунон зиёданд, ки дар шумори онҳо кас раҳгум мезанад. Ва ҳамин тақобулҳост, ки инсоният ҳамеша дар роҳи расидан ба мақсуд, дар ташхиси муайян кардани неку бади зиндагӣ ҳамеша ихтиёр дошт ва дорад. Агар иродаи инсон ба сӯйи бахту саодат бошад, ӯ роҳи ростиро интихоб мекунад, агар баръакс бошад, вайрониву зулмат чун ғубори фасли поиз пеши чашмро хира хоҳад кард.
Олимони ҷомеашинос баршумурдаанд, ки бештар аз ҳаштод тамаддуни инсонӣ дар масири таърих аз набуди ваҳдат, дуруст муайян накардани зиндагии мураттаб аз ахлоқи поки инсонӣ ба футур рафтааст. Миллатҳо ва қавмҳои бешуморе ба иллати нофаҳмиҳо дар сохтмони як ҷомеаи адолатпарвар дучори фоҷиаҳо шудаанд. Ин ҳолат дар ҳофизаи таърихии халқҳову миллатҳо дар шакли асотиру афсонаҳо ва нақлу ривоятҳо боқӣ мондаанд.
Миллати тоҷик дар аҳди Сомониён ба қуллаи тамаддуни ҳамондавра расида буд, сарзаминҳои паҳноваре дошт, истиқлоли мувофиқ ба давлати абарқудратро касб карда буд. Аммо Сомониён натавонистанд, ки стратегияи дуруст тарроҳишудаи пешрафтро амалӣ кунанд. Ҳукумат ба бегонагон гузашт ва натиҷааш ҳамин шуд, ки баъди ҳазор сол ба миллати тоҷик кӯҳдоманҳое аз Бухорои Шарқӣ, ки аз сад яки он сарзамини таърихиро мемонад, насиб гардид.
Ваҳдат бедории миллӣ дар муқобили тағофулу хуфтагии ахлоқиву маънавист. Миллате, ки сарҷамъ набошаду андешаи ояндаро дар заминаи сохтори неруманди кишвардории мутамаддин дар сар надошта бошад, зуд дар доми абарқудратон мемонад. Бедории миллӣ низоми андешаи миллиро тақозо мекунад. Ношукриву бесипосӣ ба дастархони якҷоягиву ҳамбастагӣ чашмони қалбҳоро кӯр кард, тундравию ифротгароӣ ҳокими ақлҳо шуд ва натиҷааш ҳамин шуд, ки миллати тамаддунофари тоҷик, ки як вақтҳо ба тавассути Ҷалолиддини Балхӣ фалсафаи ваҳдати умумиҷаҳониро кашф карда буд, худаш ба коми парокандагие бар асоси низои мазҳабӣ афтод ва қариб буд, ки давлатро аз даст бидиҳад.
Мавлоно таҳаммулгароии бесобиқаро паҳн кард ва хулоса бардошт, ки ин ягона роҳи наҷоти ҳар миллате дар олами пурмазҳаб аст. Андешаи таҳаммулгароӣ бузургтарин андешаи давлатсозу тамаддунофар то ҳанӯз боқӣ мемонад ва то кунун инсоният ба ҷуз ин андеша роҳи дигари бақои ваҳдати ҷамъиятҳои худро намедонад.
Ҳафиз РАҲМОН, адабиётшинос

Санаи нашр: 03.08.2026 №: 151