БОХТАР. БО СИМОИ НАВ БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН
Аз ҷумла, дар маҳаллаи Турсунзода аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ меҳмонхонаи «Аниса» сохта шуд, ки дорои 18 ҳуҷраи барҳаво мебошад. Иншоот имконият дорад, ки то 50 меҳмонро қабул намуда, бо хидматрасонии босифат ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва беҳтар гардидани инфрасохтори хидматрасонӣ дар маркази вилоят мусоидат кунад.
Инчунин, сохтмони бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14, ки барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст, идома дорад. Дар кӯчаи Садриддин Айнӣ бошад, корҳои сохтмонӣ дар бинои нави маъмурии раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон дар марҳалаи анҷомёбӣ буда, корҳои рангуборкунии дохили бино ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ идома доранд. Иншооти панҷошёна дорои таҳхона буда, аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маблағгузорӣ шудааст.
Бо мусоидати МИМҲД вилоят аз тарафи соҳибкорони саховатпешаи шаҳр бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №14 барои 200 кӯдак бунёд мегардад. Илова бар ин, сохтмони бинои нави раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва ду бинои нави таълимии назди Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар дар сатҳи баланд идома доранд.
Дар маҷмуъ, корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Бохтар ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бомаром идома дошта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти нави иҷтимоӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва хидматрасонӣ дар рушди инфрасохтори шаҳр, беҳтар гардидани сатҳи хидматрасонӣ ва баланд бардоштани шароити зиндагии сокинон саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
