САВДОИ ОДАМОН ДАР ФАЗОИ РАҚАМӢ
![]()
ТАҒЙИРОТИ ТЕХНОЛОГӢ, ОСЕБПАЗИРИИ ГЕНДЕРӢ ВА САМТҲОИ ТАКМИЛИ МУҚОВИМАТ МУҚАДДИМА
Савдои одамон яке аз он ҷиноятҳоест, ки моҳияти он дар тули асрҳо тағйир наёфта, вале шакл ва усулҳои содир намудани он ҳамеша аз сатҳи рушди ҷомеа вобаста мебошад. Ҳар як марҳалаи нави инкишофи иқтисодӣ ва техникӣ ба ин падида имкониятҳои иловагӣ фароҳам овардааст: ташаккули бозорҳои ҷаҳонӣ, рушди нақлиёт, содашавии низоми сафар ва ҷараёнҳои азими муҳоҷирати меҳнатӣ, аммо ҳеҷ як аз ин омилҳо ба андозаи рақамикунонӣ табиати ҷинояти мазкурро дигаргун насохтааст.
Мушоҳидаҳои даҳсолаи охир нишон медиҳанд, ки савдои одамон дигар аз марзи давлатӣ оғоз намешавад – он аз экрани телефони мобилӣ оғоз меёбад. Ин на ибораи маҷозӣ, балки хулосаест, ки аз таҳлили маводи парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳисоботи созмонҳои байналмилалӣ бармеояд.
Мувофиқи баҳодиҳии муштараки Созмони байналмилалии меҳнат, Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират ва бунёди «Walk Free», соли 2021 дар ҷаҳон тақрибан 50 миллион нафар дар ҳолати ғуломии муосир қарор доштанд, ки аз ин шумора 27,6 миллион нафар ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб шуда буданд. Ин рақамҳо дар муқоиса бо арзёбиҳои панҷ соли пеш на кам, балки зиёд шудаанд, гарчанде дар ҳамин давра теъдоди созишномаҳои байналмилалӣ, барномаҳои миллӣ ва ниҳодҳои махсусгардондашуда низ афзудааст.
Ин номутобиқатӣ моро водор месозад, ки савол гузорем: чаро низоми муқовимат, ки дар заминаи консепсияи «зӯроварӣ – одамрабоӣ – интиқоли ғайриқонунӣ» бунёд ёфта буд, дар шароити нав самаранокии кофӣ нишон намедиҳад? Ҷавоб, ба назари мо, дар он аст, ки ҷинояткорӣ сохтори худро зудтар аз низоми давлатӣ навсозӣ кардааст.
![]()
АЗ МАҶБУРСОЗИИ ҶИСМОНӢ БА ИДОРАКУНИИ БОВАРӢ
Мафҳуми ҳуқуқии савдои одамон, ки дар моддаи 3 Протоколи Палермои соли 2000 таҳким ёфтааст, се унсурро дар бар мегирад: амал (ҷалбкунӣ, интиқол, ҷойгиркунӣ, пинҳонкунӣ ё қабули шахс), восита (зӯроварӣ, фиреб, сӯиистифода аз мавқеи осебпазир ва ғайра) ва мақсад (истисмор). Дар давоми солҳои тулонӣ таваҷҷуҳи асосии амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ ба унсури дуюм – восита равона шуда буд, зеро маҳз далели маҷбурсозӣ ё фиреб исботи ҷиноятро таъмин мекард. Дар ин замина, дар зеҳни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеа образи муайяни ҷинояткор шакл гирифт: шахси мусаллаҳ, дорои ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва воситаи нақлиёт, ки қурбониёни худро дар ҷойҳои пинҳонӣ нигоҳ медорад.
Имрӯз ин образ воқеиятро пурра инъикос намекунад. Ҷинояткори муосир метавонад бо қурбонии худ ҳаргиз рӯ ба рӯ нашавад. Ба ӯ на силоҳ лозим аст ва на занҷир; барои оғози ҷиноят як ҳисоб дар шабакаи иҷтимоӣ, як паём ва як ваъдаи кори сердаромад кифоягӣ мекунад. Таҳлили парвандаҳо нишон медиҳад, ки дар аксари ҳолатҳо зӯроварии ҷисмонӣ на дар марҳалаи ҷалбкунӣ, балки хеле дертар – дар марҳалаи истисмор, вақте ки шахс аллакай дар муҳити бегона ва бе ҳуҷҷат мондааст – истифода мешавад.
Ин тағйирот аз нуқтаи назари криминологӣ моҳиятан муҳим аст ва он маънои онро дорад, ки марҳалаи аввали ҷиноят – ҷалбкунӣ – аз соҳаи назорати анъанавии оперативӣ (истгоҳҳо, бозорҳо, сарҳадҳо) ба соҳаи муоширати шахсии рақамӣ кӯчидааст, ки дар он мақомоти давлатӣ имконияти мушоҳидаи мустақим надоранд.
Дар ҳисоботи раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ (UNODC) ду стратегияи асосии ҷалбкунии онлайн аз ҳам ҷудо карда мешавад: стратегияи «шикор» (hunting), ки дар он ҷинояткор шахси мушаххасро интихоб намуда, бо ӯ фаъолона тамос мегирад ва стратегияи «моҳидорӣ» (fishing), ки дар он эълони ҷолиб ҷойгир карда мешавад ва интихоб аз ҷониби худи қурбонии эҳтимолӣ сурат мегирад. Ҳарду стратегия ба як усул такя мекунанд – барои ба даст овардани боварӣ.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки силоҳи асосии ҷинояткор дар савдои муосири одамон қувваи ҷисмонӣ нест, балки боварии инсон аст. Ин хулоса, ки дар адабиёти илмии солҳои охир бештар садо медиҳад, оқибатҳои амалии ҷиддӣ дорад: агар нуқтаи оғози ҷиноят муошират бошад, пас пешгирӣ низ бояд маҳз дар ҳамин марҳала амалӣ гардад.
ҶАНБАИ ГЕНДЕРИИ ОСЕБПАЗИРӢ
Гузоштани масъалаи гендерӣ дар мавзуи савдои одамон баъзан ҳамчун иловаи расмӣ ба муҳокимаи асосӣ фаҳмида мешавад. Ба назари мо, чунин муносибат нодуруст аст. Гендер дар ин соҳа на як мавзуи мустақил, балки яке аз омилҳои асосии муайянкунандаи механизми ҷиноят мебошад.
Оморҳои байналмилалӣ дар ин масъала нисбатан устувор боқӣ мемонанд. Тибқи ҳисоботи ҷаҳонии UNODC, занону духтарон қисми асосии қурбониёни ошкоршударо ташкил медиҳанд, ҳол он ки дар байни мардон ва писарон бештар истисмори меҳнатӣ ба қайд гирифта мешавад. Мутобиқи баҳодиҳии Созмони байналмилалии меҳнат, дар байни шахсоне, ки ба истисмори ҷинсии тиҷоратии маҷбурӣ ҷалб шудаанд, ҳиссаи занону духтарон қариб аз панҷ чор қисматро ташкил медиҳад. Ин рақамҳо тасодуфӣ нестанд ва аз хусусиятҳои биологӣ бармеоянд: онҳо натиҷаи сохтори иҷтимоӣ мебошанд.
Аз ҷиҳати методологӣ муҳим аст, ки гендер ҳамчун маҷмуи нақшҳои иҷтимоӣ, интизориҳо ва маҳдудиятҳо фаҳмида шавад, ки дараҷаи дастрасии шахсро ба захираҳо, маълумот ва ҳимоя муайян мекунанд. Маҳз ҳамин маҷмуа асоси он «мавқеи осебпазир»-ро ташкил медиҳад, ки Протоколи Палермо онро ҳамчун яке аз воситаҳои содир намудани ҷиноят номбар кардааст. Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбат ба занон низ давлатҳои иштироккунандаро вазифадор менамояд, ки бар зидди ҳамаи шаклҳои савдои занон чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар муҳити рақамӣ ин омилҳо шакли нав пайдо мекунанд. Ҷинояткорон рафтори шахсро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳлил намуда, аз рӯи маълумоти дастрас – синну сол, вазъи оилавӣ, ҷойи истиқомат, ҷустуҷӯи кор, мазмуни навиштаҷот – гурӯҳи мақсадноки худро муайян мекунанд. Онҳо медонанд, ки кадом ваъдаҳо ба заноне бештар таъсир мерасонанд, ки барои таъмини ояндаи фарзандони худ талош меварзанд; кадом пешниҳодҳо занон ва мардони ҷойи кори муносибу сердаромад ҷустуҷӯкунандаро ҷалб менамоянд; ва бо кадом суханон метавон боварии наврасро ба даст овард. Ҳамин тавр, хусусиятҳои гендерӣ ба меъёри интихоби қурбонӣ табдил меёбанд.
Барои кишварҳое, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар онҳо мавқеи назаррас дорад, ин масъала аҳамияти иловагӣ пайдо мекунад. Занони сарпарасти оила, наврасоне, ки волидонашон дар муҳоҷиратанд ва ҷавонони бе таҷрибаи кофии касбӣ – маҳз ҳамин гурӯҳҳо бештар ба эълонҳои ҷолиби кор дар хориҷи кишвар вокуниш нишон медиҳанд. Ба ин бояд илова кард, ки сатҳи саводнокии рақамӣ дар байни гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ як хел нест ва ин нобаробарӣ худ ба омили иловагии осебпазирӣ табдил меёбад.
ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИР ҲАМЧУН УНСУРИ МЕХАНИЗМИ ҶИНОЯТӢ
Хатои маъмул дар баррасии ин масъала он аст, ки технология ҳамчун «муҳити» содиршавии ҷиноят тасаввур мешавад. Дар асл, дар бисёр ҳолатҳо технология унсури таркибии худи механизми ҷиноятӣ гардидааст ва ҳар як марҳалаи он – аз ҷалбкунӣ то пинҳон намудани даромад – бо воситаи мушаххаси рақамӣ таъмин мегардад.
Марҳалаи ҷалбкунӣ. Шабакаҳои иҷтимоӣ, платформаҳои ҷустуҷӯи кор, хидматрасониҳои шиносоии онлайн ва бозиҳои интернетӣ имкон медиҳанд, ки ҷинояткор ба ҳазорон шахси эҳтимолӣ бо хароҷоти ночиз дастрасӣ пайдо кунад.
Тадқиқотҳое, ки ҳанӯз дар оғози солҳои 2010 гузаронда шуда буданд, нақши эълонҳои онлайн ва шабакаҳои иҷтимоиро дар ҷалбкунӣ нишон дода буданд, вале он замон ин ҳолат ҳамчун истисно арзёбӣ мешуд. Имрӯз он ба меъёр табдил ёфтааст.
Марҳалаи назорат. Мессенҷерҳои дорои рамзгузории саросарӣ (яъне, аз дастгоҳ то дастгоҳ) дар якҷоягӣ бо аккаунтҳои беном (сабти қайдҳои беном) имкон медиҳанд, ки робитаҳои ҷиноятӣ аз назорат берун монанд. Ҳамзамон, худи ҳамин воситаҳо барои нигоҳ доштани қурбонӣ дар ҳолати вобастагӣ истифода мешаванд: маводи шахсии бадастовардашуда – аксҳо, видео, мукотиба – ба воситаи таҳдид ва ҳамчун тарзи маҷбурсозии руҳӣ табдил меёбанд. Ин шакли нисбатан нави маҷбурсозӣ, ки дар адабиёт ҳамчун «истисмори ҷинсии бо роҳи таҳдид» (sextortion) маъруф аст, аз қурбонӣ талаб намекунад, ки ҷисман дар назорати ҷинояткор бошад.
Марҳалаи пинҳонкунии даромад. Асъори рақамӣ ва низомҳои ғайрирасмии интиқоли маблағ пайгирии ҷараёнҳои молиявиро мушкил месозанд ва имкон медиҳанд, ки даромади ҷиноятӣ аз низоми бонкии назоратшаванда берун нигоҳ дошта шавад.
Технологияҳои зеҳни сунъӣ. Дар солҳои охир хатари нав пайдо шудааст, ки бо истифодаи барномаҳои тавлидкунандаи мазмун алоқаманд аст. Технологияи «дипфейк» имкон медиҳад, ки симо ва овози шахс сохта шавад: ин ҳам барои сохтани шахсияти қалбакии «корфармо» ё «дӯст» ва ҳам барои тайёр кардани маводи таҳдидомез истифода мегардад. Барномаҳои муоширати худкор имкон медиҳанд, ки як шахс, ҳамзамон бо шумораи зиёди қурбониёни эҳтимолӣ гуфтугӯи «шахсӣ» барад. Дар натиҷа, ҳаҷми ҷалбкунӣ дигар аз захираи вақти ҷинояткор вобаста нест.
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки технологияҳо ба ҷинояткорӣ се бартарии асосӣ додаанд: миқёс, беномӣ ва суръат. Дар ҳамин ҳол, бояд эътироф намуд, ки худи технологияҳо на нек ҳастанд ва на бад – арзиши ахлоқии онҳо аз он вобаста аст, ки дар дасти кӣ қарор доранд ва бо кадом мақсад истифода мешаванд. Ҳамин восита, ки барои ҷалби қурбониён кор фармуда мешавад, метавонад барои ошкор намудани шабакаҳои ҷиноятӣ, ҷустуҷӯи шахсони бедарак гумшуда ва таҳлили ҷараёнҳои молиявӣ низ ба кор равад. Ин имконият дар ҳисоботи таҳлилии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба воситаҳои технологии муқовимат ба савдои одамон ба таври муфассал баррасӣ шудааст.
ТАСДИҚИ ЭМПИРИКӢ: МИСОЛ АЗ АМАЛИЯИ ҲУҚУҚТАТБИҚКУНӢ
Хулосаҳои назариявии дар боло овардашуда бо маводи парвандаҳои ҷиноятии мушаххас тасдиқ мегарданд. Ҳамчун мисоли хос метавон ҳодисаҳоеро аз амалияи солҳои охир баррасӣ намуд, ки тибқи он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои дурдаст қурбонии савдои одамон ва меҳнати ғуломона гардида буданд.
Ҳодисаи якум. Соли 2023 се шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ фаъолият дошт, тавассути шабакаи иҷтимоии «Telegram» бо шаҳрванди Ҷумҳурии Беларус шинос шуд. Ӯ бо ба даст овардани боварии онҳо дар Мянма кори сердаромад ваъда дод, хароҷоти раводид ва чиптаҳои ҳавопайморо шахсан пардохт намуда, қурбониёнро бо хатсайри Алмаато – Остона – Бангкок ба Ҷумҳурии Таиланд интиқол дод. Пас аз расидан, онҳо берун аз назорати сарҳадӣ ба ҳудуди Мянма бурда шуда, дар лагери зери муҳофизати мусаллаҳ қарордошта, дар шаҳри Лауккай нигоҳ дошта шуданд, ки дар он ҷо озодии ҳаракати онҳо комилан маҳдуд гардид. Нисбати ҷабрдидагон шиканҷа ва зӯроварии ҷисмонӣ, аз ҷумла бо истифодаи ҷараёни барқ ва воситаҳои дигар, инчунин, маҷбурсозӣ ба таҳаммули бори вазнин татбиқ мегардид. Дар натиҷаи мусоидати Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Малайзия соли 2024 қурбониён аз дасти ҷинояткорон озод карда шуда, бо хатсайри Бангкок – Истанбул – Душанбе ба Ватан баргардонда шуданд.
Ҳодисаи дуюм. Соли 2024 бо хатсайри Теҳрон – Душанбе ҳафт шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон – як зан ва шаш мард, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба гаравгон гирифта шуда буданд, ба Ватан баргардонда шуданд. Онҳо тавассути шабакаи иҷтимоии «Facebook» бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон шинос шудаанд. Ӯ бо ба даст овардани боварии онҳо ваъда дод, ки барои кор ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интиқол медиҳад. Пас аз ворид шудан ба Эрон қурбониёнро гурӯҳе аз шаҳрвандони Афғонистон қабул намуда, аз озодӣ маҳрум ва ба гаравгон гирифтанд, нисбат ба онҳо шиканҷа ва истисмор татбиқ карданд ва бо таҳдиди марг аз хешовандони наздикашон барои озод намуданашон 15 ҳазор доллари ИМА талаб намуданд.
Дар натиҷаи ҳамкории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қаламрави Эрон амалиёти махсуси озод намудани қурбониён гузаронда шуд, ки дар ҷараёни он шаш нафар шаҳрванди Афғонистон дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд. Ҳамзамон, дар доираи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар аъзои гурӯҳи ҷиноятӣ – як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду шаҳрванди Афғонистон – муайян ва боздошт гардиданд. Дар маҷмуъ, вобаста ба ин ҷиноят нуҳ нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Таҳлили муқоисавии ин ду ҳодиса чанд ҷиҳати муҳимро ошкор месозад.
Аввалан, дар ҳар ду маврид ҷалбкунӣ комилан дар фазои рақамӣ сурат гирифт – дар як ҳолат тавассути мессенҷер, дар ҳолати дигар тавассути шабакаи иҷтимоӣ. Байни ҷинояткорон ва ҷабрдидагон то лаҳзаи сафар ягон тамоси ҷисмонӣ вуҷуд надошт.
Дувум, дар марҳалаи аввал ҳеҷ гуна зӯроварӣ ё маҷбурсозӣ ба кор бурда нашуд. Баръакс, дар ҳодисаи якум ҷинояткор хароҷоти сафарро худ пардохт, ки ин боварии ҷабрдидагонро мустаҳкам намуд. Маҳз ҳамин ҷиҳат таъиноти назариявии моро тасдиқ мекунад: сармояи ибтидоии ҷинояткор на қувва, балки боварӣ мебошад.
Сеюм, зӯроварии ҷисмонӣ танҳо дар марҳалаи истисмор – вақте ки қурбониён дар кишвари бегона, бе ҳуҷҷат ва бидуни имконияти алоқаи мустақил монданд – татбиқ гардид. Ин таносуби анъанавии «зӯроварӣ – интиқол – истисмор»-ро ба тартиби нав мегузорад.
Чорум, ҳар ду ҳодиса хусусияти возеҳи фаромиллӣ дорад: ҷалбкунӣ дар як давлат, ташкилкунанда шаҳрванди давлати дигар, транзит тавассути се кишвар ва истисмор дар кишварҳои қабулкунанда ва, ҳатто дар давлатҳои панҷум, сурат гирифтааст. Ин ҳолат ҳамкории фаврии байнидавлатиро на як шакли ёрӣ, балки шарти ҳатмии ба даст овардани натиҷа мегардонад. Дар чунин шароит натиҷа бидуни ҳамкории фаврии дипломатӣ ва консулӣ ба даст намеояд, ки ин мисолҳо онро тасдиқ менамоянд.
Панҷум, муқоисаи натиҷаҳо аҳамияти шакли ҳамкориро нишон медиҳад. Дар ҳодисаи якум, ки дар он асосан имкониятҳои консулӣ истифода шуданд, ҷабрдидагон наҷот ёфтанд, вале ҷинояткорон муайян нагардиданд. Дар ҳодисаи дуюм бошад, амалиёти муштараки оперативӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлати хориҷӣ имкон дод, ки на танҳо ҷабрдидагон озод карда шаванд, балки тамоми гурӯҳи ҷиноятӣ – нуҳ нафар ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Аз ин ҷо хулосаи амалӣ бармеояд: ҳамкории консулӣ ҷони одамро наҷот медиҳад, вале танҳо ҳамкории оперативӣ шабакаи ҷиноятиро аз байн мебарад.
Шашум, ҳодисаи дуюм омезиши шаклҳои гуногуни ҷиноятро нишон медиҳад: савдои одамон бо гаравгонгирӣ ва талаби маблағи пулӣ омехта шудааст. Ин ҳолат далели он аст, ки гурӯҳҳои муташаккил модели даромади худро вобаста ба вазъият тағйир медиҳанд ва тахассуси мушаххас надоранд.
Ҳафтум, дар ҳар ду ҳодиса мавқеи муҳоҷири меҳнатӣ ба омили осебпазирӣ табдил ёфтааст. Дар байни ҳафт ҷабрдидаи ҳодисаи дуюм шаш нафар мард будааст, ки ин мушоҳидаи қаблии моро дар бораи бартарии истисмори меҳнатӣ аз тарафи мардон тасдиқ мекунад ва зарурати тарҳрезии барномаҳои пешгириро бо назардошти ҳар ду гурӯҳи гендерӣ нишон медиҳад.
ЗАМИНАИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ ВА ТАҶРИБАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо, шаъну шараф ва қадру қимати инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф гардидааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон намуда, меҳнати маҷбуриро манъ мекунад. Ин муқаррароти конститутсионӣ заминаи тамоми низоми муқовимат ба савдои одамон мебошад.
Дар сатҳи қонунгузории соҳавӣ санади асосӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» ба ҳисоб меравад, ки мафҳумҳои асосӣ, салоҳияти мақомоти давлатӣ, тартиби муайян намудани қурбонӣ ва меъёрҳои расонидани кумакро муқаррар менамояд. Ҷавобгарии ҷиноятӣ бошад, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Қонун «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» бошад, заминаи ҳуқуқии сиёсати гендериро ташкил медиҳад ва бевосита ба масъалаи коҳиш додани осебпазирӣ иртибот дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии санадҳои асосии байналмилалӣ дар ин соҳа буда, дар доираи барномаҳои миллии муқовимат ба савдои одамон, ки мунтазам қабул мегарданд, фаъолияти мақомоти давлатиро ҳамоҳанг месозад.
Ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва бо роҳи мубодилаи иттилоот тавассути каналҳои Интерпол, самти муҳими ин фаъолият боқӣ мемонад. Ҳадафҳои мазкур бо ҳадафҳои 5.2, 8.7 ва 16.2-и Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 мутобиқат мекунанд.
Бо вуҷуди ин, як ҳақиқати касбиро низ бояд эътироф намуд: агар ҷинояткорӣ нисбат ба низоми давлатӣ зудтар тағйир ёбад, он бартарии стратегӣ пайдо мекунад. Мубориза бо ҷиноятҳои асри XXI бо усулҳои асри гузашта натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Ин на танқиди низоми мавҷуда, балки эътироф аст, ки суръати навсозии он бояд ба суръати тағйирёбии таҳдид мутобиқ бошад.
САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ТАКМИЛИ НИЗОМИ МУҚОВИМАТ
Дар асоси таҳлили гузарондашуда метавон чанд самти асосиро ҷудо намуд.
Якум, рушди салоҳиятҳои рақамии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Корманди хадамоти оперативӣ ва муфаттиш имрӯз бояд тавонад изҳои рақамиро муайян, нигоҳдорӣ ва таҳлил намояд, усулҳои ҷустуҷӯи иттилоот аз манбаъҳои кушода (OSINT) ва воситаҳои таҳлили маълумотро дар сатҳи касбӣ аз худ карда бошад. Ин на маҳорати иловагӣ, балки талаботи ҳатмии касбӣ мебошад ва бояд дар барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти касбии соҳа мустаҳкам гардад.
Дуюм, ташаккули ҳамкории устувор бо бахши хусусӣ. Аксари изҳои ҷиноят дар ихтиёри операторони алоқа, платформаҳои интернетӣ ва ниҳодҳои молиявӣ қарор доранд. Бидуни механизми фаврӣ ва ҳуқуқан танзимшудаи ҳамкорӣ бо онҳо, самаранокии тафтишот таъмин намегардад. Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки маҳз шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар ошкор намудани эълонҳои ҷиноятӣ ва даъватҳои шубҳанок натиҷаи амалӣ медиҳанд.
Сеюм, таҳлили ҷараёнҳои молиявӣ. Мубориза бо савдои одамон бидуни таъқиби даромади ҷиноятӣ нопурра мемонад. Тақвияти зарфияти таҳлили амалиёти молиявӣ, аз ҷумла дар соҳаи асъори рақамӣ, имкон медиҳад, ки на танҳо иҷрокунандагон, балки ташкилкунандагони шабакаҳо низ муайян карда шаванд.
Чорум, пешгирии ҳадафмандона. Маъракаҳои умумии огоҳонӣ самаранокии маҳдуд доранд. Пешгирӣ бояд ба гурӯҳҳои мушаххаси хавф – духтарони ҷавони ҷойи кор ҷустуҷӯкунанда, наврасони фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ, шахсони омодашаванда ба муҳоҷирати меҳнатӣ – ва ба он платформаҳое равона гардад, ки маҳз дар онҳо ҷалбкунӣ сурат мегирад. Баланд бардоштани саводнокии рақамӣ дар ин маврид як шакли амнияти шахсӣ мебошад.
Панҷум, муносибати ба қурбонӣ нигарондашуда бо назардошти ҷанбаи гендерӣ. Барномаҳои кумак бояд эҳтиёҷоти гуногуни занон, мардон ва кӯдаконро ба инобат гиранд ва принсипи озод намудани қурбонӣ аз ҷавобгарӣ барои кирдорҳое, ки ӯ дар натиҷаи истисмор содир кардааст, пайваста риоя гардад.
Шашум, истифодаи технологияҳо аз ҷониби худи мақомоти давлатӣ. Зеҳни сунъӣ ва низомҳои таҳлилӣ бояд ба такягоҳи давлат табдил ёбанд, на ба воситаи шабакаҳои ҷиноятӣ. Таҳлили худкори эълонҳои шубҳанок, муайян намудани он аккаунтҳое, ки ба як шахс ё як гурӯҳи муташаккил тааллуқ доранд, ошкор кардани нақшаҳои такроршавандаи рафтор аллакай дар як қатор кишварҳо натиҷа медиҳанд.
ХУЛОСА
Таҳлили гузарондашуда имкон медиҳад чанд хулосаи асосӣ бароварда шавад.
Аввалан, савдои муосири одамон зуҳуротест, ки заминаи асосии он на зӯроварии ошкоро, балки суиистифода аз боварии инсон мебошад. Ин тағйирот на танҳо тактикӣ, балки сохторӣ буда, аз низоми ҳуқуқӣ бознигарии равишҳои анъанавии ошкор ва исботро талаб мекунад. Ҳодисаҳои баррасишуда нишон медиҳанд, ки зӯроварии ҷисмонӣ имрӯз на воситаи ҷалбкунӣ, балки воситаи нигоҳ доштани шахс дар ҳолати истисмор мебошад, яъне он дар марҳалае татбиқ мегардад, ки ҷабрдида аллакай берун аз ҳудуди ҳимояи давлати худ қарор дорад.
Ҳамзамон, муқоисаи натиҷаҳои ин ду ҳодиса нишон медиҳанд, ки танҳо ҳамкории оперативии байнидавлатӣ имкон медиҳад, на танҳо қурбониён наҷот дода шаванд, балки худи шабакаи ҷиноятӣ низ барҳам дода шавад.
Дуюм, гендер, технология ва савдои одамон се мавзуи алоҳида нестанд, балки се паҳлуи як воқеияти ягона мебошанд. Ҷудо баррасӣ кардани онҳо ба хулосаҳои нопурра оварда мерасонад.
Сеюм, самаранокии муқовимат дар оянда на аз шумораи санадҳои қабулшуда, балки аз суръати мутобиқшавии низоми давлатӣ ба тағйироти технологӣ вобаста аст.
Ҳар як аср барои инсоният имтиҳони ахлоқии худро мегузорад. Барои асри XXI чунин имтиҳон тавоноии ҳифзи инсонгароӣ дар шароити рушди босуръати технологияҳо мебошад. Пешрафти рақамӣ набояд боиси поймол гардидани шаъну шараф ва қадру қимати инсон гардад, технологияҳои нав бояд ба озодии инсон хидмат кунанд, на ба истисмори ӯ ва баробарии гендерӣ бояд на шиор, балки омили воқеии таъмини амнияти ҳар як шахс бошад.
Ҳадаф аз интишори мақолаи мазкур, ин огаҳӣ ёфтан ва бохабар шудан аз мақсаду ҳадафҳои ашхоси ҷиноятпеша, ки имрӯз тавассути технологияи муосир бо роҳи ба боварии шаҳрвандон даромадан, ваъдаҳои бардурӯғи бо ҷойи корӣ таъмин намудан ва соҳиби даромади калон гардидан, онҳоро ба доми фиреб афканда, ба истисмори меҳнатӣ ва ҷинсӣ машғул мешаванд.
Аз ин рӯ, ҳар як фард пеш аз он ки надидаву надониста бо гурӯҳҳои ҷиноятпеша сарукор мегирад ва ё алоқа барқарор мекунад, пеш аз ҳама бояд бо мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ машварат ва маслиҳат намояд.
Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА,
муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – полковники милитсия
