БА ОЗМУНИ “ҶУМҲУРИЯТ”
БОЗ ХУРШЕДИ КАЁНӢ ПАРЧАМАФШОН ОМАДА...
Чашматон равшан, чинористони бедори Ватан,
Навбаҳоре мерасад пазмони дидори Ватан.
Боз Хуршеди каёнӣ парчамафшон омада,
Рӯи боми қасрҳои кӯҳдевори Ватан.
Нам-нами борони раҳмат мерасад аз осмон,
Чун дуои боғбон бар боғи пурбори Ватан.
Навниҳолон дасти гул бо ҳам диҳанд аз хуррамӣ
Ошиқона дар раҳи ёрони ғамхори Ватан.
Ид омад, Ҷашни Наврӯзи пур аз нуру сафо,
Бар дари ҳар хонаву ҳар кӯю бозори Ватан!
Даштҳо пироҳани атлас ба бар доранд боз,
Бо чаканпӯшони гул шайдову саршори Ватан.
Тоҷи Ҷамшед аз ҷилои меҳр рахшон гаштааст,
Маснадаш тахти баланди бахтосори Ватан
Андалебонро зи нав ишқи сурудан мерасад,
Ҳамнавои шоирони шаҳдгуфтори Ватан.
Ҳеҷ иде инчунин зебову нотакрор нест,
Мисли оҳанги Ҳумоюн дар чаманзори Ватан!
ЯК НИМА БА АЙВОНАМ, ЯК НИМА БА КАЙВОНАМ!
Хуршед ватан дорад дар хонаи чашмонам,
Як ҷони пур аз нурам, як нури пур аз ҷонам.
Ман рӯди Зарафшонам, ман ризқи парешонам,
Ман кӯҳи Бадахшонам, ман ганҷи фаровонам.
Дар хок фурӯ рафтам, бар Моҳ вузу рафтам,
Як нима ба айвонам, як нима ба кайвонам.
Ман хиттаи Хатлонам, ман хоки азизонам
Дар пойи ҳарифонам чун пахтаи Вахшонам.
Як даст ба дастонам бигрифт гиребонам
Ман мурдаи Суҳробам, ман Рустами Дастонам.
Эрони маро бинед, Тӯрони маро бинед,
Ман руҳи Сиёвушам, овораву сарсонам.
Аз хоки Ватан рафтам, бо ёди Ватан рафтам,
Ман пири Хуҷандиям, Сайҳуни ғазалхонам.
Ман шаҳди Самарқандам, аз аҳди Самарқандам,
Тиллои Бухороям, дар кисаи дуздонам.
Механдаму мегирям, мегиряму механдам,
Як ҷони пур аз нурам, як нури пур аз ҷонам.
ВАТАН ГӮЯМ!
Ватан! Аз ҷумла ашъорам мурод ин аст,
Ки битвонам ба вазни кӯҳсоронат сухан гӯям,
Самимона забон ёбам ба лаҳни чашмасоронат,
Равонгардон ба набзи ҷӯйбору обшоронат сухан гӯям.
Зарафшону парафшон ишқ варзам дар раҳи Хуршеду боронат,
Ба мазмуни баланди киштзору боғзоронат сухан гӯям.
Наво гирам, сафо ҷӯям,
Зи ҳикматҳои байти рӯзгоронат,
Ба умеди баҳори тозакоронат,
Зи номи родмардонат,
Ба ёди шодёронат сухан гӯям,
Сазовори саломи дӯстдоронат сухан гӯям…
Ки ширинат, ғазалхонат Ватан гӯям,
Баинсофат, баимонат Ватан гӯям,
Қатори ҳақгузоронат сухан гӯям,
Яке аз ҷонсупоронат сухан гӯям!
ОЗАРАХШ,
Шоири халқии Тоҷикистон
ОРИЁӢ
Решаам дар хоки таърихи куҳан бинҳуфтааст,
Дар самои нилгун гулрози ман бишкуфтааст.
Ман ба боли қарнҳо аз сӯйи таърих омадам,
Эй хушо, таърих андар сафҳаи ман хуфтааст.
Ориёиям, кутуби илму маънӣ бо ман аст,
Ҳар суханро килки аҳли илм дар ман суфтааст.
Дар танӯри қалби одам ҳаст меҳри як Худо,
Ин суханро Мавлавӣ дар гирди гулхан гуфтааст.
Тоҷикистон хоки поки ориёӣ буду ҳаст,
Боғи бахти ориёӣ дар Ватан бишкуфтааст.
ВАТАН
Ояти ишқ зи ҳар барги чаман мехонам,
Дар дами субҳи Ватан.
Ман ба оинаи чашмони саҳар пазмонам,
Дар дами субҳи Ватан.
Аз кафи субҳдамӣ мекашам анфоси сабук,
Ваҳ, чӣ руҳафзо аст.
Шабнами косаи гул мешиканад армонам,
Дар дами субҳи Ватан.
Мекашад бӯи Ватан сӯи Ватан андомам,
Бо Ватан пайвандам.
Бо ғаму шодии ин халқи куҳан оромам,
Бо Ватан пайвандам.
Хоки поки Ватанам чун кафани охиратам,
Накунам ёди ҳарир.
Ошиқи ҳусни замин дар дили субҳу шомам,
Бо Ватан пайвандам.
Тоҷикистон, ту умеду ВАтани беватанӣ,
Кафи хокат Ватан аст.
Баҳри ҳар фарди канорат ту чу ҷонию танӣ,
Кафи хокат Ватан аст.
Хоки ту хоки танам, хоки танам хоки танат,
Ишқ мерӯяд аз он.
Тоҷикистон, ба тани дури Ватан пираҳанӣ,
Кафи хокат Ватан аст!
ШУКРОНА
Ба ин афсонакишвар ҳар замон шукрона бояд кард,
Ба ин ободии ҷаннатнишон шукрона бояд кард.
Зи бахти ҳамдилон шуд Тоҷикистон равзаи ваҳдат,
Ба ин ваҳдат, ба ин ваҳдатмакон шукрона бояд кард.
Табобат шуд ҷароҳатҳои таърихи Ватан охир,
Ба ин лутфи илоҳӣ, дӯстон, шукрона бояд кард.
Зи ҳар санги Бадахшон лола бо сурхии рӯ хезад,
Ба ин рӯсурхии Боми Ҷаҳон шукрона бояд кард.
Зи ҳар боғе суруди мурғи шабовез меояд,
Ба овози хуши ин мурғакон шукрона бояд кард.
Ба юмни ҷонфидоиҳои Сарвар миллати тоҷик
Раҳо аз нестӣ шуд ҷовидон, шукрона бояд кард.
Ҳавас корад ба чашми аҳли олам рӯзгори мо,
Ба ин шуҳрат, ки дорад дар ҷаҳон, шукрона бояд кард.
Куҷо, эй ҳамватан, бошӣ, ба вақти субҳгоҳу шом
Ба ободии мулки тоҷикон шукрона бояд кард!
ТОҶИКИСТОН СОҲИБИСТИҚЛОЛ ШУД
Ранги нав аз бахти неку чеҳраи кишвар гирифт,
Дашт ҳам хушнуд дар каф лолаи аҳмар гирифт.
Рӯзгор аз хандаи армони мо гулпӯш шуд,
Ғунча дар боғи таманно пардаро аз сар гирифт.
Боз парвозӣ ба олам кафтари иқбол шуд,
Тоҷикистони азизам соҳибистиқлол шуд!
Бин, ки дар боғи муҳаббат орзу гул мекунад,
Дар лаби ҷӯ рози дил бо шавқ сунбул мекунад.
Ин Ватан аз ваҳдати мо нусхае шуд аз биҳишт,
Бо гули хандида субҳе роз булбул мекунад.
Боз парвозӣ ба олам кафтари иқбол шуд,
Тоҷикистони азизам соҳибистиқлол шуд!
Халқи дунё дӯст шуд бо миллати тоҷик, хуш,
Ёфт бо ваҳдат табобат иллати тоҷик, хуш.
Ин Ватан бо хишту хоки тан зи дигар шуд Ватан,
Сабз шуд боғу чаман аз қудрати тоҷик, хуш.
Боз парвозӣ ба олам кафтари иқбол шуд,
Тоҷикистони азизам соҳибистиқлол шуд!
Лаълҷубаи МИРЗОҲАСАН,
Шоири халқии Тоҷикистон
