КИРМАКПАРВАРӢ. СУҲБАТИ ИХТИСОСӢ БО ҲОМИД ҲОМИДӢ
![]()

Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли нахи абрешим яке аз бахшҳои муҳим ва қадимии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар солҳои охир, бо вуҷуди коҳиши ҳаҷми истеҳсол, эҳёи кирмакпарварӣ ва саноати абрешим ҳамчун бахши стратегӣ ва дорои имконияти содиротӣ, таваҷҷуҳи махсусро металабад. Ҳоло дар шароити сахти рақобати ҷаҳонӣ ва истифодаи васеи нахҳои сунъӣ, нахи табиии абрешим, ки бо хосиятҳои нодир ва экологӣ фарқ мекунад, боз ба маркази таваҷҷуҳи бозорҳои ҷаҳонӣ бармегардад. Барои баррасии масъалаҳои муҳими рушди соҳа, дурнамо ва таҷрибаи ҷаҳонӣ мо бо доктор Ҳомид Ҳомидӣ, коршиноси маъруфи байналмилалӣ, ки айни замон дар шаҳри Сочии Федерасияи Русия зиндагӣ дорад, мусоҳибаи онлайнӣ анҷом додем.
– Устод, дар чунин шароити рақобати носолими нахҳои сунъӣ дар бозори ҷаҳонӣ, оё нахи табиии абрешим дурнамои худро дорад?
– Нахи абрешим, дар ҳолати рақобат бо нахҳои сунъӣ, дар бозори ҷаҳонӣ дорои дурнамои нодир аст. Нархи ҳар гуна маҳсулот монанди мавҷи баҳр пайваста боло ва паст мешавад. Вале, бо вуҷуди тағйироти муваққатӣ, нархи абрешим ба таври умум тамоюли афзоиширо нишон медиҳад. Ин ба далели коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли пилла дар ҷаҳон, ки ҳар сол камтар мешавад, вобаста аст. Ғайр аз ин, имрӯзҳо нахҳои сунъӣ ва маҳсулоти кимиёвӣ ба саноати нассоҷӣ ворид шудаанд, ки арзонтар ва барои истеъмолкунанда дастрас мебошанд. Вале абрешими табиӣ бо сифати баланди худ ба унвони як маводи нодир ва нафис мақоми махсуси худро нигоҳ медорад.
– Мо, асосан, аз нахи абрешим матоъ истеҳсол мекунем. Бо истифода аз таҷрибаи дигар давлатҳо боз дар кадом самт метавонем истеҳсолро ба роҳ монем, ки бозори онро васеъ намоем?
– Кирмакпарварӣ ва маҳсулоти абрешим манбаи сарватҳои табиӣ мебошанд. Ба ғайр аз абрешим, барои соҳаҳои гуногуни саноат: саноати кимиё, атриёт, тиб ва истеҳсоли компонентҳои хӯрокворӣ, ба монанди сафеда, аминокислота, равған ва садҳо маҳсулоти иловагӣ истеҳсол намудан мумкин аст.
– Барои сифати баланд ва зиёд намудани ҳосилнокии пилла дар шароити иқлими мо ба кадом омилҳо диққат додан лозим аст?
– Сифати маҳсулот комилан ба сифати тухми кирмак, риояи дурусти технологияҳои парвариши он ва фароҳам овардани шароит вобаста аст. Барои парвариши кирмак шароити оптималӣ дар доираи ҳарорати 23-27°C ва намии ҳаво байни 65-75% муҳайё намудан лозим аст.
– Дар кадом давлатҳо технологияи парвариш ва истеҳсоли кирмаку пилла қобили омӯзиш аст, ки мутахассисон ва олимони соҳа мувофиқ ба талаботи замон таҷрибаи онҷоро омӯзанд ва аз худ кунанд?
– Ҳар кишвар бо шароити иқлим ва талаботи худ имкониятҳои хос дорад. Барои мисол, Ҷумҳурии Корея ва Чин. Дар ин давлатҳо курсҳои байналмилалӣ барои омодасозии мутахассисон дар соҳаи кирмакпарварӣ ва дигар соҳаҳои марбут ба он ташкил шудаанд. Ба онҳое, ки мехоҳанд малакаҳои худро такмил диҳанд, тавсия дода мешавад, ки ба сафоратҳои ин кишварҳо дар тамос шаванд, то аз имкониятҳои таълимӣ ва дастгирии онҳо баҳра бардоранд.
– Таҷрибаи идоракунии соҳаи кирмакпарварии дигар давлатҳо чӣ хел аст?
– Кирмакпарварӣ ҳамчун соҳаи хоҷагии қишлоқ ва саноати сабук дар як қатор кишварҳо нишон медиҳад, ки дараҷаи баланди интегратсия ва мутамарказии идоракунӣ барои самараи иқтисодӣ ва одӣ гардондани назорат дар раванди истеҳсолот аҳамияти бузург дорад. Масалан, дар Ӯзбекистон иттиҳодияи махсусгардондашуда таъсис ёфтааст, ки дар сифати вазорат фаъолият мекунад. Он тамоми марҳалаҳои пиллапарвариро – аз нигоҳубини дарахтони тут то парвариши кирмак ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри бофандагӣ, муттаҳид месозад. Ин ҳамгироии амудӣ ба оптимизатсияи захираҳо, кам кардани хароҷот ва мувофиқ намудани амалҳо дар марҳалаҳои гуногуни занҷирии истеҳсолӣ кумак мекунад.
Модели идоракунии мутамаркази саноати абрешим дар Чин низ намунаи комили татбиқи сиёсати муваффақ дар ин соҳа мебошад. Гарчанде плантатсияҳои тут расман таҳти назорати Вазорати кишоварзии Чин қарор доранд, идоракунии аслии онҳо аз ҷониби Вазорати саноати абрешим амалӣ мегардад. Ин равиш аҳамияти стратегии кирмакпарвариро барои иқтисодиёти кишвар таъкид мекунад ва имкон медиҳад, ки ҳамкории байни соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ба самараи бештар мерасад.
Идоракунии мутамаркази саноати абрешим дар ин кишварҳо нишон медиҳад, ки як системаи ягонаи истеҳсолӣ метавонад ба рушди устувори саноат, беҳтар шудани сифати маҳсулот ва таҳкими мавқеи иқтисодӣ дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат кунад.
– Барои суҳбат арзи сипос менамоям!
– Ташаккур! Саломат бошед!
Суҳбати Муллошариф ШАРИФОВ, мутахассиси соҳаи кишоварзӣ
