КАРАТЭ

06 август 2026, Панҷшанбе
5


Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиёи Марказӣ ҳафт медал гирифтанд
Мунтахаби каратэ WKF-и Тоҷикистон дар Чемпионати Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон доир гашт, 7 медал – 3 тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст овард.
Муҳаммадӣ Мирзозода (-55 кг) ва Алишер Султонов (-60 кг) байни ҷавонон медали тилло, байни калонсолон бошад, медали биринҷӣ ба даст оварданд. Мақсадулло Муминов (-55 кг) байни калонсолон медали тилло, байни ҷавонон медали нуқраро ба гардан овехт. Медали дигари нуқраро Умар Саидов (+70 кг) сазовор гашт.
Мусобиқа ҳудуди 500 варзишгарро аз 6 кишвар – Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон гирди ҳам овард. Варзишгарон дар равияҳои ката (маҳорати техникӣ) ва кумитэ дар синну соли гуногун – аз кӯдакон то калонсолон ҳунарнамоӣ карданд.


35 ҚУЛЛАИ ВАРЗИШ
Мусобиқа оид ба гимнастикаи бадеӣ доир шуд
Бо мақсади рушди соҳаи варзиш, таҳкими дӯстии байни варзишгарон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, 4-уми август дар толори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд баргузор гардид.
Ба иттилои раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, мусобиқа дар доираи силсилаи чорабиниҳои варзишии «35 соли Истиқлол – 35 қуллаи варзиш» бо иштироки зиёда аз 150 варзишгар аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гашта, маҳорати худро дар барномаҳои инфиродӣ ва даставӣ намоиш доданд.
Дар натиҷа, дастаи Хуҷанд-1 ва Хуҷанд ду ҷойи аввалро гирифтанд. Ҷойи сеюм насиби дастаи Хатлон шуд. Ба ғолибон ва ҷоизадорон Ҷоми раиси вилояти Суғд, медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 05.08.2026 №: 153