СПИТАМЕН. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Дар деҳаи Сидқалъаи деҳоти Истиқлоли ноҳия бо ташаббуси соҳибкорони ватанӣ коргоҳи истеҳсоли пойафзол ва сехи дӯзандагӣ таъсис ёфт. Ҳамзамон, бо ибтикори соҳибкор Акмал Юлдошев маҷмааи нави иҷтимоӣ бунёд мегардад. Он чорошёна буда, дар ду ошёна кӯдакистон барои 120 нафар дар шаш гурӯҳ ҷойгир шуда, ду ошёнаи болоӣ барои муассисаи таълимии хусусӣ бо имкони фарогирии 320 хонанда пешбинӣ шудааст.
Дар деҳоти Истиқлол беш аз 20 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ дошта, ҳоло се муассисаи таҳсилоти миёна ва ду муассисаи томактабӣ фаъолият доранд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани кӯдакистони нав талаботи аҳолӣ ба муассисаҳои томактабӣ ба таври назаррас қонеъ хоҳад шуд.
Дар деҳаи Куркати деҳоти Куруш бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳми сокинону соҳибкорон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 сохта шуда, барои 740 хонанда пешбинӣ гардидааст. Бинои дуошёна дорои 8 синфхона ва дафтарҳои корӣ мебошад. Дар деҳот сохтмони Муассисаи таҳсилоти томактабии №6 низ бомаром идома дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани он имкониятҳои фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Дар доираи корҳои ободонӣ дар деҳоти Хуррамзамин бо ташаббуси сокинони ватандӯст ва дастгирии соҳибкорону шахсони саховатпеша 10 километр роҳҳои дохилии маҳаллаҳо мумфарш шуданд.
Ободонии маҳал ва беҳтар намудани инфрасохтори роҳҳо аз самтҳои муҳими сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Татбиқи чунин иқдомҳо боиси беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум ва рушди маҳалҳо мегардад. Саҳми фаъолонаи аҳолӣ дар иҷрои корҳои ободонӣ, аз ҷумла мумфаршкунии роҳҳо нишонаи ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ҳамбастагӣ ва ватандӯстии сокинон буда, барои рушди минбаъдаи деҳот заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ин бора хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз Музаффар Юнусов, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд, маълумот гирифт.

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. ЭЪМОРИ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ ОБҲОИ ТАШНАГИШИКАН ДАР НОҲИЯ
Корхона дар 3500 метри мураббаъ сохта шуда, корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Таҷҳизоти муосири истеҳсолии автоматикӣ аз Аврупо ворид гардида, насб мешавад. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхона маҳсулот дар қуттиҳои коғазии тетрапак истеҳсол шуда, 10 ҷойи нави кор таъсис хоҳад ёфт. Ин иқдом барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, тавсеаи содирот ва рушди минбаъдаи саноати вилояти Суғд заминаи мусоид фароҳам меорад.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
