БА ОЗМУНИ “ҶУМҲУРИЯТ”
ТОҶИК
Тоҷик аз оғози таърих омадӣ, хуш омадӣ,
Бо китоби рози таърих омадӣ, хуш омадӣ.
Пештар аз бомдоди нақши таърих омадӣ,
Дар ҷаҳон ҳамчун ниҳоди нақши таърих омадӣ.
Саргузашти умри таърих аст андар дӯши ту,
Сарнавишти дури таърих аст андар ҳуши ту.
Соли таърихат бувад андар хабар ҳаждаҳ ҳазор,
Давлату фарҳангу аврангу китобат бешумор.
Эй диновар, давлатовар, эй нахустомӯзгор,
Эй нахустин дар ҷаҳон адловару қонунгузор.
Ту алифбои нахустинро ба санг овардаӣ,
Пас китобу хомаву дафтар ба ранг овардаӣ.
Давлати тоҷик буд дар сеяки рӯи Замин,
Шавкати тоҷик буд болотар аз чархи барин.
Дар Тибету Ҳинд маҳфуз аст осораш ҳанӯз,
Ҳар куҷо монда нишониҳои бисёраш ҳанӯз.
Хиттаи ӯ ҷойгоҳи ҳазрати Одам буда,
Шуҳрату овозааш сартосари олам буда.
Буд нахустинмеҳани авлоди одам хоки ӯ,
Чун биҳишти рӯи олам буд хоки поки ӯ.
Сарзамини тоҷикон дар ҳафт кишвар будааст,
Чун камони ҳафтрангу ҳафт манзар будааст.
Мардумаш дур аз бадиву ҷаҳлу аз кину риё,
З-ин сабаб машҳур гардид он ба номи Орё.
Рӯзгорашро нахуст аз оҳану санг офарид,
Пас тамаддун офариду илму фарҳанг офарид.
Дасти тиллоии ӯ таърихро бунёд кард,
Сарзамини мурдаи таърихро обод кард.
Кам-камак аз хоки худ охир муҳоҷир гашт ӯ,
Сар ба сар дар ҳар сӯи олам мусофир гашт ӯ.
Ӯ ба ҳар як хиттаи таърих роҳи нав кушуд,
Ӯ ба ҳар як гӯша номи нав ба худ пайдо намуд.
Тоҷику Рус, Артаву Арса ҳама аз номи ӯст,
Худ Фарангу Ҳинду Эрон ҷумла аз пайғоми ӯст.
Кӯҳи тоҷикро Худо аз руҳи тоҷик офарид,
Ҳамчу рамзе аз баландӣ кӯҳи тоҷик офарид.
Буд забони ҳазрати Одам забони орё,
Буд забони бас бузургону азизу авлиё.
Достонҳои «Маҳабҳарата» аз шаҳкори ӯст,
Низ «Ригведо», «Авасто» ҷумла аз осори ӯст.
«Шоҳнома», кист мегӯяд фақат афсона аст?
Ҳар кӣ мегӯяд вай аз таърих бас бегона аст.
Кист мегӯяд, ки тоҷикро набуд кишваркушо?
Ӯ кушода хиттаҳои Осиёву Аврупо.
Кам-камак таърихи худро лек ӯ аз ёд бурд,
Дастовардаш ба чанголи фаромӯшӣ супурд.
Дастоварди варо бас ин гирифту он гирифт,
Ин гирифт ар ошкоро, он вале пинҳон гирифт.
Парварид ӯ ину онро гарчи андар доманаш,
Оқибат дар доманаш ҳам ину он шуд душманаш.
Бояд аз тақдири тоҷик кард бас шукру сипос,
Ғайри оне, ки набудаш дидаи душманшинос.
Дасти тоҷик хиттаи таърихро обод кард,
Ҷовидон Кохе ба неруи хирад бунёд кард.
Тоҷик аз ин ҳиммати худ тоза миллат офарид,
Орёимиллати орӣ аз иллат офарид.
Ҳикмати пешини худро ӯ ба ёд овард боз,
Ҳиммати дерини худро дар ниҳод овард боз.
ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон, машриқи Хуршеди меҳри ҷони мо,
Асли мо, эҳёи мо, оғози мо, сомони мо.
Орзуи мо туӣ аз ҷовидон то ҷовидон,
Динаву имрӯзи мо, ояндаи рахшони мо.
Тоҷикистон, сарзамини бостони ростон,
Руҳи мо, идроки мо, ихлоси мо, виҷдони мо.
Меҳани мо, маскани мо, маъману маъвои дил,
Аз ниёи мо туӣ мероси олишони мо.
Геву Рӯҳому Гударзу Бартаву Исфандиёр,
Бежану Гурдофариду Рустами Дастони мо.
Дар «Авасто» беҳтарин панди ватандорӣ бувад,
«Шоҳнома» буд бешак, нома бар даврони мо.
Шераку Деваштичу Темурмалики номдор,
Испитамону Муқаннаъ – ифтихору шони мо.
Эй Ҳушангу эй Сиёмак, Хусраву Ҷамшеди мо,
Ифтихори тоҷикон Исмоили Сомони мо.
Эй диёри Ориёно, эй Тахор, эй Бохтар,
Эй Хуросон, Суғду Кӯшон, Чамбули Мастони мо.
Эй Бадахшону Зарафшону Ҳисори Шодмон,
Вахши зарбахшу Хуҷанду Рашти мо, Хатлони мо.
Рӯдакӣ, Фирдавсии мо, Мавлавӣ, Хайёми мо,
Ҳофизу Саъдиву Ҷомӣ, Бедили хушхони мо.
Як нафас Берунӣ аз таърихи мо берун набуд,
Буалӣ Синои мо бар дардҳо дармони мо.
Қиссаи меҳри дили мо, достони ишқи ҷон,
Эй китоби осмонӣ, дафтару девони мо.
Модари ғамхори мову эй падарсолори мо,
Пири ҳикматёри мо, эй тифлаки хандони мо.
Эй биҳишти Адну эй боғи Ирам дар доманат,
Дар канори ту шукуфта равзаи ризвони мо.
Меҳани минуии яктои беҳамто туӣ,
Эй парастишгоҳи бобоёни пурармони мо.
Мо намози меҳри худ сӯи Ватан бигзоштем,
Маъбади дил, қиблаи ҷон, Каъбаи имони мо.
Киштии мо, Нуҳи мо, эй дастгири рӯзи сахт,
Эй раҳоибахши мо дар баҳри пуртӯфони мо.
Нусратуллоҳу Шириншо, Абдуқодир ҳам Чинор,
Сарвари даври навин – Эмомалӣ Раҳмони мо.
Донишу Айниву Турсунзода, Бобоҷон Ғафур,
Донишу фарҳангу нангу ори «Тоҷикон»-и мо.
Тахти мову бахти мо, эй тоҷи мо, авранги мо,
Қасри мову кохи мо, айвони мо, девони мо.
Кӯр бодо ҳар касе бар ту хиёнат мекунад,
Қуввату неруи мову нур дар чашмони мо.
Ҳар кӣ андар ҳифзи ту ҷон месупорад, зинда бод,
Эй ба ҳифзат ҷон супурдан аҳди мо, паймони мо.
“СУЛҲ ФАРҲАНГ АСТ”
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Сулҳ фарҳанг аст, оре, сулҳ фарҳанг аст,
Сулҳ тахту бахти кишвар, тоҷу авранг аст.
Сулҳ хоби тифлакони нози гаҳвора,
Сулҳ лолоии модар чун шабоҳанг аст.
Сулҳ мероси ниёгони азизи мост,
Аз Авасто, Шоҳнома, Занду Аржанг аст.
Орзуи ҷумла халқони ҷаҳон сулҳ аст,
Ҷанг даҳшатзову зишту шарру найранг аст!
Ҳаст сулҳ африштаи Меҳр, аз мақоми Арш,
Ҳам балогардони мо з-Оҳармани ҷанг аст.
Сулҳ зеби зиндагиву фарри инсонҳост,
Сулҳпарвар бошад он, ҳар кас ки бонанг аст.
Сулҳ пайғоми гиромӣ аз Худованд аст,
Дорадаш ҳар кас гиромӣ – аҳли фарҳанг аст.
Муҳтарам ҲОТАМ, Шоири халқии Тоҷикистон
