ГӮШТИНГИРӢ
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон
Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон ҳайати мунтахаби кишварро дар дуюм Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки 15-16-уми август дар шаҳри Душанбе доир мегардад, эълон намуд.
Ба тими мунтахаби кишвар 24 паҳлавон – 18 мард, 6 бону – даъват шудааст: Ёсин Бобокалонов, Муҳаммад Салимов, Мустафои Абдулфайз (65 кг), Муҳаммадисо Раҷабов, Умар Шеров, Абдуллои Ориф (71 кг), Маҳмадшариф Наҷмиддинов, Қоим Шукронов, Мирзоҷамил Рамазонов (78 кг), Сайфиддин Сайфиддинзода, Ҳамроз Раҷабов, Ҳақназар Назаров (86 кг), Комроншоҳ Устопириён, Акмал Муродов, Саидҷамол Алимардонов (95 кг), Шарифҷон Назриев, Шакармамад Мирмамадов, Фирдавс Насимов (+95 кг), Шоҳида Қаландарова, Ҷонона Назарова, Фотима Исанбоева (58 кг), Шаҳло Эрматова, Миҷгона Сафарова (70 кг), Мавлуда Асламова (+70).
Дар мусобиқа варзишгарони беш аз 70 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард. Фонди ҷоизаҳои мусобиқа 400 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
35 ҚУЛЛАИ ВАРЗИШ
Мусобиқа оид ба бокс шуруъ гардид
5-уми август дар Маҷмааи варзишии «Суғд Арена»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба бокс барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд оғоз гардид, ки то 8-уми август идома меёбад.
Дар мусобиқа муштзанҳо аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Русия ширкат доранд. Муҳорибаҳо дар 10 вазни мардон ва 2 вазни бонувон доир мегарданд.
Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон як қатор муштзанҳои шинохта, аз ҷумла Меҳрон Шафиев (50 кг), Меҳроҷ Суфиҷонов (55 кг), Анӯшервон Фозилов (55 кг), Акмал Убайдов (60 кг), Дамир Муйбалихонов (60 кг), Руслан Ғафуров (65 кг), Шамшер Саидов (70 кг), Шаҳбоз Ҳаитов (75 кг), Некрӯз Салимов (80 кг), Миҷгона Самадова (57 кг) ҳунарнамоӣ мекунанд.
ВАРЗИШИ САБУК
Ғолибони “SEVEN LAKES-2026” эълон шуданд
Кумитаи ҳифзи муҳити зист ғолибони ниммарафони экологии кӯҳии “SEVEN LAKES-2026”-ро, ки дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент доир гашт, эълон намуд.
Ниммарафон бо иштироки 200 варзишгар аз 18 давлати ҷаҳон дар се масофа – 3 км, 10 км ва 21 км – сурат гирифт. Дар масофаи 3 км миёни бонувон Шамъигул Ҷумъазода, миёни мардҳо Насим Асомиддинов аввалин шуда ба марра расиданд. Дар масофаи 10 км қирғизистониҳо Айим Орзгушева миёни бонувон, Рускелди Акиров миёни мардҳо пирӯз шуданд. Дар масофаи 21 км миёни бонувон Арофатхон Имомалиева аз Ӯзбекистон, миёни мардҳо Сиёвуш Баёнзода аз Тоҷикистон беҳтарин буданд.
Ба ғолибон медалу диплом ва мукофоти пулӣ тақдим шуд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
