35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД

09 сентябр 2026, Чоршанбе
7


Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо 9-уми сентябр 35-солагии онро таҷлил мекунем, танҳо як санаи тақвимӣ ё марҳалаи таърихӣ нест. Ин, пеш аз ҳама, таърихи ташаккули як модели беназири низоми давлатдорӣ, суботи иқтисодӣ ва гузариши куллӣ аз буҳрони сохторӣ ба рушди устувор мебошад.
Агар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумат ва ҷомеа ҳифзи ягонагӣ ва таъмини амнияти заминавӣ буд, имрӯз мо дар бораи рақамикунонии иқтисод, иқтидори содиротӣ ва рақобатпазирии маҳсулоти миллӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ суҳбат мекунем. Ин ҷаҳиши сифатиро маҳз сиёсати дурандешонаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарӯзии ҳар як сокини кишвар имконпазир гардонд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иқтисодиёти Тоҷикистон се марҳалаи асосии рушдро тай намудааст. Аз ҷумла, марҳалаи эҳё ва суботи макроиқтисодӣ (1991 – 2000) – даврае, ки таҳкурсии низоми молиявӣ ва асъори миллӣ гузошта шуда, ислоҳоти аввалини сохторӣ оғоз гардиданд, марҳалаи рушди инфрасохторӣ (2001 – 2015) – давраи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва оғози лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, инчунин, марҳалаи саноатикунонии босуръат ва рақамикунонӣ (аз соли 2016 то имрӯз) – эълон гардидани саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ нишон дод, ки кишвар аз модели аграрӣ ба модели аграриву саноатӣ ва технологӣ гузашта истодааст.
Имрӯз, вақте ки мо ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ менигарем, мебинем, ки Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар дар ин солҳо даҳҳо баробар афзоиш ёфтааст. Аммо муҳимтар аз рақамҳо, дигаргуншавии сохтории иқтисодиёт аст. Саҳми бахши хусусӣ ва корхонаҳои ватанӣ дар ташаккули ММД ва таъсиси ҷойҳои кор ба таври назаррас боло рафт.
Ҳеҷ як давлат наметавонад бидуни заминаи устувори истеҳсолӣ ва хидматрасонии муосир устувории стратегиро таъмин кунад. Корхонаҳои мо имрӯз на танҳо андозсупоранда ё таъминкунандаи ҷойҳои кор, балки марказҳои ворид намудани инноватсия ва фарҳанги нави меҳнатӣ мебошанд.
Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии занҷираҳои таъминоти ҷаҳонӣ, назди корхонаҳои ватанӣ вазифаҳои наву мураккаб гузошта шудаанд. Аз ҷумла, мо тавонистем вобастагии кишварро аз бисёр намудҳои маҳсулоти ҳаётан муҳим (аз ҷумла, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва саноати сабук) коҳиш диҳем, ҳамзамон, брендҳои Тоҷикистон тадриҷан бозори минтақавиро фатҳ мекунанд. Сифати маҳсулоти мо ба стандартҳои байналмилалӣ наздик мегардад.
Мушоҳида мешавад, ки чӣ гуна неруи инсонӣ (муҳандисон, технологҳо, коргарон ва менеҷерони ҷавон) тағйир меёбад. Насли нави мутахассисони замони истиқлол дорои тафаккури пешрафта, забондон ва омодаи рақобат бо ҳамкасбони хориҷии худ мебошанд. Ин бузургтарин сармояи 35 соли истиқлол аст.
Воқеан, 35 соли соҳибистиқлолӣ исбот кард, ки Тоҷикистон ҳамчун як субъект ва бозигари мустақили сиёсиву иқтисодӣ дар харитаи ҷаҳон устувор гардид. Имрӯз мо дар марҳалае қарор дорем, ки миқдор бояд ба сифат табдил ёбад.
35 соли истиқлол барои мо на танҳо заминаи ифтихор, балки масъулияти навро барои даҳсолаҳои оянда эҷод мекунад. Ҷаҳони муосир ба самти иқтисодиёти рақамӣ ва рушди «сабз» ҳаракат дорад ва Агентии “Тоҷикстандарт» наметавонад аз ин равандҳо канор монад, зеро истиқлол ба мо имкони беназири таърихиро дод, ки худамон меъёрҳо ва сифати зиндагии худро муайян намоем.
Итминон дорам, ки заҳмати ҳаррӯзаи кормандони мо – аз нозирону метрологҳо то коршиносони озмоишгоҳҳо саҳми арзандаест дар рушди устувори Тоҷикистони азиз. Мо минбаъд низ тамоми неру, дониш ва имкониятҳои техникии худро барои дастгирии соҳибкорӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва боло бурдани нуфузи иқтисодии кишварамон дар арсаи байналмилалӣ равона хоҳем кард.


Раҳмон Исломиддин ХАЙРИДДИН,
директори Агентии “Тоҷикстандарт”

Санаи нашр: 08.09.2026 №: 176