ХАТЛОН. ИШТИРОКИ 50 ҲАЗОР НАФАР ДАР РОҲПАЙМОИИ ИДОНА

09 сентябр 2026, Чоршанбе
11


6-уми сентябр дар шаҳри Бохтар ба ифтихори Ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон роҳпаймоии идона сурат гирифт.


Тибқи иттилои расмӣ, дар роҳпаймоӣ 50 ҳазор нафар намояндагони касбу кори гуногун, донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва сокинони шаҳри Бохтар бо шиору навиштаҷоти пурмазмуни бозгӯ аз ифтихори ватандорию хештаншиносӣ, шукрона аз ободиву осудагӣ, пуштибонӣ аз сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тараннумгари сулҳу ваҳдат, арзишҳои миллию давлатдорӣ бо шукӯҳи хосса доир шуд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолиро ёдрас намуда, иштироки тамоми қишрҳои ҷомеаро дар роҳпаймоӣ натиҷаи сарҷамъиву осоиштагӣ ва сулҳу суботи сартосарӣ арзёбӣ кард.
- Имрӯз мо дар фазои сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ ҷамъ омадем, то 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷикро, бо руҳияи баланди миллӣ ва шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил намоем, – иброз намуд Давлаталӣ Саид.


Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 08.09.2026 №: 176