ИСТИҚЛОЛ КАЛИДИ БАХТУ ИҚБОЛ
![]()
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9-уми сентябри соли 1991 ба даст омад, бузургтарин дастоварди миллати тамаддунофари тоҷик дар тули таърих мебошад. Новобаста аз маҳрумияту душвориҳои зиёди солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки бар асари фитнаву дасисаи бадхоҳони дохиливу хориҷии миллат ба амал омаданд, Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, роҳи рушди устуворро пеш гирифт. Натиҷаи талошҳои хастанопазири Сарвари давлат буд, ки имрӯз мардуми тоҷик аз сулҳу ваҳдати миллӣ ҳарф мезананду Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускору сулҳхоҳи ҷаҳон муаррифӣ гардид.
Дар замони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар самти таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин самт, дар баробари қонунгузории миллӣ як қатор санадҳои байналмилалӣ, аз қабили Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигарҳо ба тасвиб расида, барои амалишавии онҳо чораҳои дахлдор андешида шуданд.
Муҳимтар аз ҳама, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боби алоҳидае ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардиданд. Дар ҳамин ҳол, барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки асоси ҷомеаи демократӣ ба шумор меравад, нақши ҳокимияти судӣ басо назаррас аст. Ин аст, ки баробари қабул гардидани Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ҳокимияти судӣ дар мамлакат ҳамчун рукни мустақил эътироф гардида, бар мабнои талаботи замон ва низомҳои нав ислоҳоти мақомоти судӣ оғоз гардид. Бесабаб нест, ки боби 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба суд ва ҳокимияти судӣ бахшида шуда, дар дигар моддаҳои он татбиқи ҳолатҳое, ки марбут ба амалишавии ҳуқуқу уҳдадориҳои инсон, шаҳрванд ва ташкилоту муассиса, корхонаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва хусусӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон дар ниҳояти кор ба дӯши мақомоти судӣ аст.
Пешвои милат дар яке аз суханрониҳои худ оид ба нақши ҳокимияти судӣ дар татбиқи амалии адолат ибрози назар намуда, чунин таъкид карданд: «Мустақилияти ҳокимияти судӣ чун рамзи адолат аз обрӯву нуфузи он дар ҷомеа, сатҳи омодагии касбии судяҳо дар мавриди доварии софдилонаи онҳо ба нафъи инсон, ҷомеа ва давлат вобаста аст. Вазифаи асосии ҳокимияти судӣ татбиқ ва таъмини адолати судӣ мебошад. Аз ин рӯ, адолат дар фаъолияти мақомоти судӣ фақат дар сурате амалӣ мегардад, ки онҳо парвандаҳоро воқеъбинонаю беғаразона ва бо риояи қатъии талаботи Конститутсия ва қонунҳо ҳаллу фасл намоянд».
Дар партави ин таъкиди Сарвари давлат мо, кормандони мақомоти судӣ худро вазифадор меҳисобем, ки зимни иҷрои уҳдадориҳои хеш ба иштибоҳ роҳ надода, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонуну адолатро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳифз намуда, дар таҳкими минбаъдаи пояҳои истиқлоли давлатӣ саҳми назаррас гузорем.
Ғозибек САФАРЗОДА,
раиси суди ноҳияи Тоҷикобод
