ШАРҲИ РАВАНДИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ ОЗМОИШӢ ДАР САМТИ АНДОЗБАНДИИ СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ
Дар робита ба раванди татбиқи лоиҳаи озмоишӣ дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун оператори низоми автоматикунондашудаи лоиҳавӣ иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамкорӣ бо оператори техникии низом — Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, мақомоти андоз ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ корҳои зарурии ташкилӣ ва техникӣ, аз ҷумла ҳамгироии иттилоотӣ, марҳала ба марҳала амалӣ мегардад.
Ҳадафи асосии лоиҳа фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ, содагардонии расмиёти андозбандӣ, коҳиш додани сарбории маъмурӣ, баланд бардоштани сатҳи рақамикунонӣ ва таъмини шаффофияти ҳисоббаробаркуниҳо мебошад.
Дар доираи татбиқи лоиҳа платформаи рақамии дахлдор таҳия гардида, ҳамгироии он бо низомҳои иттилоотии мақомоти андоз ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ тибқи нақша амалӣ шуда истодааст.
Бо мақсади таъмини фаъолияти устувор, бехатар ва боэътимоди низом, лоиҳа марҳала ба марҳала татбиқ мегардад. Аз моҳи сентябри соли ҷорӣ платформа ба муҳлати се моҳ дар муҳити техникии озмоишӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.
Марҳалаи мазкур хусусияти озмоишӣ ва техникӣ дошта, барои санҷиши ҳамаҷонибаи фаъолияти низом, дурустии коркард ва мубодилаи маълумот, арзёбии устувории ҳамгироӣ бо низомҳои дахлдор ва таъмини омодагии техникии он то оғози татбиқи пурраи лоиҳа пешбинӣ шудааст.
Пас аз анҷоми марҳалаи озмоишӣ натиҷаи фаъолияти низом ҳамаҷониба арзёбӣ гардида, бо назардошти натиҷаҳои санҷиш ва сатҳи омодагии техникии ҳамаи иштирокчиён, гузариш ба татбиқи пурраи лоиҳа тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ мегардад.
Бонки миллии Тоҷикистон оид ба марҳалаҳои минбаъдаи татбиқи лоиҳа, муҳлатҳои роҳандозӣ ва тартиби истифодаи низом маълумоти расмӣ нашр менамояд. Ҷиҳати дастрас намудани маълумоти дақиқ ва саҳеҳ ба шаҳрвандон, соҳибкорони инфиродӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор тавсия дода мешавад, ки аз маълумотҳои манбаъҳои расмӣ истифода намоянд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
