САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД

15 сентябр 2026, Сешанбе
7


Бешак, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат нақши муҳим дорад. Маҳз бо дарназардошти аҳамияти он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба рушди соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019 – 2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон доштанд, ки аз ҷумлаи иқдомоти муҳим дар ин самт буданд.
Мавриди зикри хос аст, ки яке аз самтҳои муҳим дар рушди соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва такмили хатсайрҳо ба ҳисоб меравад. Ташкили хатсайрҳои муайян ва пайвастани мавзеъҳои дорои аҳамияти табиӣ, таърихию фарҳангӣ ба масирҳои ягона барои истифодаи самараноки иқтидори сайёҳии минтақаҳо имконият фароҳам меорад. Дар ин замина, хатсайрҳои Душанбе – Ҳисор – Варзоб – Искандаркӯл, Панҷакент – Ҳафткӯл – кӯҳҳои Фон ва самтҳои сайёҳии Помир – Мурғоб – Қаракӯл – Вахон аз ҷумлаи масирҳое мебошанд, ки дорои иқтидори баланди рушди сайёҳии табиӣ, кӯҳӣ ва фарҳангӣ мебошанд.
Бояд гуфт, ки дар байни мавзеъҳои табиии кишвар Ҳафткӯл ҳамчун яке аз объектҳои ҷолиби сайёҳии кӯҳии Тоҷикистон аҳамияти хосса дорад. Рушди хатсайри Панҷакент – Ҳафткӯл метавонад на танҳо барои афзоиши ҷараёни сайёҳон, балки барои рушди иқтисоди маҳаллӣ низ аҳамияти муҳим дошта бошад. Ҳамчунин, таъмини инфрасохтори зарурӣ, беҳтар намудани роҳҳо, ташкили нуқтаҳои хидматрасонӣ, омодасозии роҳбаладони касбӣ ва риояи талаботи ҳифзи муҳити зист метавонанд ба баланд гардидани ҷолибияти сайёҳии ин минтақа мусоидат намоянд.
Дар даврони истиқлоли давлатӣ ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ҳунарҳои қадимаи миллӣ, ки дар тули асрҳо аз насл ба насл гузаштаанд, имрӯз дубора рушд ёфта, ҷойгоҳи худро дар ҷомеа пайдо намуда истодаанд. Имрӯз ҳунармандони тоҷик бо маҳорати баланд маҳсулоти гуногуни дастиро омода намуда, тавассути онҳо фарҳанг ва ҳунари миллии моро ба меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ муаррифӣ мекунанд. Бахусус, либосҳои миллӣ ва маҳсулоти бо нақшу нигори суннатӣ ороёфта таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб менамоянд.
Дар маҷмуъ, истиқлоли давлатӣ барои рушди сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҳифзи арзишҳои миллии тоҷикон имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Имрӯз Тоҷикистон бо табиати зебо, ёдгориҳои таърихӣ, фарҳанги ғанӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва меҳмоннавозии мардуми худ таваҷҷуҳи сайёҳони ҷаҳонро бештар ба худ ҷалб мекунад.
Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ на танҳо ба пешрафти иқтисодиёти кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат мекунад, балки барои муаррифии таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ низ аҳамияти бузург дорад. Аз ин рӯ, ҳифз ва рушди мероси фарҳангии миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.


Сабрина АКРАМОВА,
мутахассиси маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 15.09.2026 №: 180