НОМАИ СИПОС АЗ ҶАВОНОНИ МИНТАҚАИ РАШТ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

18 сентябр 2026, Ҷумъа
12

Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт нафаре чанд аз ҳамсолонам аз ноҳияҳои минтақаи Рашт мехостанд, ки арзи эҳтирому сипосашонро шахсан ба Пешвои миллат гуфта бошанд. Чун имкон даст надоду баъзе аз муассисаҳо ба тариқи фосилавӣ ифтитоҳ ёфтанд, тасмим гирифтем, ки тавассути Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» таманниёти чанд нафар аз хонандагони синфи 11-и МТМУ №83-и ноҳияи Нурободро ба ҳузури Пешвои миллат расонем:
Лайло Латифзода:
– Мо – ҷавонону наврасон, аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорем, ки барои мо ҳамаи шароитро муҳайё кардаанд. Бунёди мактабҳои замонавӣ, коллеҷу донишгоҳҳо ва азнавсозии роҳу кӯчаҳо, аз як тараф, ифтихор ва, аз ҷониби дигар, масъулияти моро дар роҳи дӯст доштани Ватану талошҳои ояндасозӣ дучанд мегардонад. Бо Шумо ифтихор дорем падари меҳрубон.


Сулаймон Зайбиддинов:
– Дар таърихи ҳар миллат, дар лаҳзаҳои мушкилтарини он, шахсияте пайдо мешавад, ки мардумро наҷот дода, ба роҳи саодат роҳнамоӣ мекунад ва зиндагии онҳоро куллан тағйир медиҳад. Барои мардуми тоҷик чунин шахс Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ба андешаи ман, ҷавонони имрӯза Пешвои миллатро, пеш аз ҳама, ҳамчун наҷотдиҳанда мешиносанд, зеро дар солҳои 90-ум, вақте кишвар дар коми оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор дошт, маҳз фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саъю талоши шабонарӯзӣ тавонистанд оташи ҷангро хомӯш созанд ва ба ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ сулҳ оваранд.
Пешвои миллат барои мо муаллими бузург ҳастанд. Ҳар суханашон як дарсро мемонад. Ҳар ҳарфи Пешво барои бинои камолоти мо ҷавонон як хишти арзишманд аст.


Зиёратшо Дастиев:
– Боиси ифтихор аст, ки имрӯз мо – фарзандони зодаи истиқлол, аз дастовардҳои бепоёни давлатдории миллиамон самаранок истифода мебарем. Шукргузор аз онем, ки ба тоҷикон чунин як Роҳбари ғамхор насиб гаштааст. Мо ҷавонону наврасони ноҳияи Нуробод ҷавобан ба ин ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда медиҳем, ки пас аз хатми мактаб ба донишкадаву донишгоҳҳо дохил шуда, пас аз хатми онҳо дар соҳаҳои гуногуни давлатамон хизмат менамоем. Мо ҳис мекунем, ки Пешвои миллат ба мо такя доранд. Ин барои мо ҳам ифтихор ва ҳам масъулияти бузург аст. Аз ҳамин хотир, нангу номус карда, бо баҳои хубу аъло мехонем ва давлату миллатамонро соҳибӣ менамоем. Аз уҳдаи ҳифзи марзу буми ин Ватани муқаддас бо сари баланд мебароем.


Таҳияи Лайло ЛАТИФЗОДА,
ноҳияи Нуробод

Санаи нашр: 18.09.2026 №: 182