ГАРМИДИҲӢ. ОМОДАГИҲО БА МАВСИМИ ИМСОЛА ЧӢ ГУНА ҶАРАЁН ДОРАНД?

21 сентябр 2026, Душанбе
0


То фарорасии мавсими сармо низ рӯзҳои кам боқӣ мондаанд. Таъмини сокинон ва сохторҳои марбута бо энергияи гармӣ яке аз масъалаҳои асосии давраи зимистон маҳсуб ёфта, аз масъулони соҳаҳо таваҷҷуҳи ҷиддиро талаб мекунад. Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 27-уми апрели соли ҷорӣ, № 349 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026 – 2027” дар пойтахти кишвар корҳои зиёде иҷро шуданд. Омодагӣ ба мавсими гармидиҳӣ ва бе мушкилӣ гузарондани ин давра яке аз бахшҳои муҳими қарори мазкур мебошад.


Сари вақт таъмин намудани сокинон, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар корхонаю ташкилот бо гармӣ зери таваҷҷуҳи махсуси ҳукумати шаҳри Душанбе қарор дорад. Ҳамасола амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар ин самт ба он мусоидат намуд, ки теъдоди бинову иншооти ба шабакаҳои гармӣ пайвастшаванда афзоиш ёбад. Ҳамзамон, бояд зикр кард, ки арзиши ҳаққи истифодаи гармӣ нисбат ба печҳои гармидиҳии барқӣ ҳам арзону ҳам бехатар мебошад.
Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе, ки масъули асосии ин самт мебошад, ҷиҳати бе мушкилӣ гузарондани мавсим, пайваст намудани иншоот ва биноҳои нави истиқоматӣ ба шабакаҳои гармидиҳии шаҳр ҳамасола чорабиниҳои саривақтиро роҳандозӣ мекунад.
Бино ба иттилои Шодмон Раҳмонзода, директори Муассисаи мазкур, Муассиса якҷо бо масъулони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар мавсими зимистони имсола бо гармӣ таъмин намудани 3300 иншоотро ба нақша гирифтааст. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои И. Сомонӣ 568 иншоот, Сино 1470, Шоҳмансур 634 ва ноҳияи Фирдавсии пойтахт 628 иншоот бояд дар ин давра бо гармӣ таъмин карда шаванд.
Тавре мавсуф иттилоъ дод, рафти иҷрои корҳо таҳти назорати роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои пойтахт ва Муассиса қарор дошта, ҳамарӯза дар ҷаласаҳои корӣ ва ситоди доимамалкунанда баррасӣ мегардад. Масъулони соҳа, баҳри иҷрои вазифаҳои дар назди соҳа гузошташуда ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани мавсими имсола кӯшиш доранд, то ки бо заҳмати худ хонаҳои мардумро гарму чароғон намоянд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 21.09.2026 №: 183