«ГУЛЧЕҲРА-80». АЗ МЕВАИ АНГАТ ТО ИСТЕҲСОЛИ РАВҒАНИ ШИФОБАХШ
![]()
Дар ноҳияи Ишкошим солҳои охир дар қатори рушди чашмраси соҳаҳои дигар коркарди маҳсулоти маҳаллӣ низ рушд меёбад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гулчеҳра-80» аз ҷумлаи корхонаҳоест, ки фаъолияти худро ба коркарди маҳсулоти маҳаллӣ, махсусан ба коркарди ангат ва истеҳсоли маҳсулоти гуногун аз ин гиёҳи пурқимат, равона кардааст.
Ба гуфтаи роҳбари ҶДММ «Гулчеҳра-80» Доро Қаландаров, имрӯз дар корхона барои истеҳсоли собун, шампун ва равғани ангат, инчунин, гузарондани корҳои озмоишӣ ва нигоҳдории ашёи хому маҳсулоти тайёр шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамин тавр, ашёи хоми маҳаллӣ дар ноҳия коркард гардида, ба маҳсулоти дорои арзиши иловагӣ табдил меёбад.
Дар бораи аҳамияти ангат Доро Қаландаров чунин андеша дорад:
– Дар ҳақиқат, ангат аз қадим ҳамчун меваи дорои моддаҳои ғизоӣ ва фаъоли биологӣ шинохта мешавад. Дар таркиби он витамини C, витаминҳои гурӯҳи B, витаминҳои E ва K, каротиноидҳо, флавоноидҳо, микроэлементҳо ва кислотаҳои органикӣ мавҷуданд. Ангат аз ҷумлаи меваҳои нодирест, ки дорои равған буда, дар таркиби он кислотаҳои равғании Омега-3, Омега-6, Омега-9 ва Омега-7 мавҷуданд.
Ба андешаи мутахассисон, моддаҳои антиоксидантӣ ва витаминҳои ангат барои дастгирии фаъолияти муътадили организм аҳамият доранд. Равғани ангат бошад, дар тиб ва косметология низ истифода мешавад. Аз он маҳсулоти нигоҳубини пӯсту мӯй, аз ҷумла крем, шампун, омода карда мешавад. Бо вуҷуди ин, истифодаи ангат ҳамчун воситаи табобатӣ бояд бо назардошти хусусиятҳои саломатии ҳар шахс сурат гирад. Ангатро метавон тару тоза, яхкардашуда ё хушк истеъмол кард, инчунин, аз он шарбат ва равған истеҳсол намуд. Маҳз ҳамин гуногунҷабҳа будани ашёи хом имконият медиҳад, ки коркарди ангат ба яке аз самтҳои умедбахши истеҳсоли маҳсулоти табиӣ табдил ёбад.
Яке аз дастовардҳои муҳими ҶДММ «Гулчеҳра-80» иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии “Ҳафтаи сабзи Олмон” дар соли 2025 мебошад. Дар ин чорабинӣ маҳсулоти истеҳсолкунандагон аз 63 кишвари ҷаҳон ба маърази тамошо гузошта шуд. «Гулчеҳра-80» низ маҳсулоти худро муаррифӣ карда, тавонист таваҷҷуҳи меҳмонон ва харидорони хориҷиро ба маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ҷалб намояд. Дар намоишгоҳ собун, вазелин, равғани ангат ва шампун муаррифӣ гардид. Ба гуфтаи Доро Қаландаров, барои коллективи корхона боиси ифтихор буд, ки маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар чунин чорабинии байналмилалӣ баҳои баланд гирифт.
Айни ҳол маҳсулоти корхона бештар аз ҷониби сайёҳони дохилию хориҷӣ харидорӣ мешавад ва талабот ба маҳсулоти «Гулчеҳра-80» зиёд буда, роҳбарияти корхона нақша дорад, ки дар оянда имкониятҳои содиротиро васеъ намояд. Ин ҳадаф на танҳо барои рушди корхона, балки барои муаррифии имкониятҳои истеҳсолии Тоҷикистон, бахусус маҳсулоти табиии ноҳияи Ишкошим, аҳамияти калон дорад.
Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”
