САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

24 сентябр 2026, Панҷшанбе
5


Истиқбол дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд
20-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти соҳаҳои гуногун, шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, суҳбату мулоқот бо сокинон ва иштирок дар тантанаҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, масъулон ва сокинони шарафманди вилоят самимӣ истиқбол гирифтанд.
Тантанаҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар таҷассуми ифтихору сарбаландии мардуми тоҷик аз ин неъмати муқаддасу бузурги таърихист.
Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлоли давлатӣ ҳифзу таҳким ёфт, поя ва сарчашмаи давлатсозиву давлатдории навини миллӣ гардид ва Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати амну пешрафта ва ташаббускор эътироф шуд.
Маҳз дар партави сиёсати оқилонаю созандаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи ҳадафҳои бунёдкорӣ баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи иқтисоди миллӣ, фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум ба сӯи ояндаи неку боз ҳам дурахшон қадамҳои устувор мегузорад.
Истиқболи гарму самимӣ ва пуршукӯҳи намояндагони сершумори аҳли ҷомеа бо барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ ва фазои фараҳмандию шодӣ, ифтихору шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол таҷассумгари садоқат, ибрози меҳру муҳаббати бепоёни сокинони вилояти Суғд ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.


Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсолии равғани ҶДММ «Анқо-инвест» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
20-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анқо-инвест»-ро, ки аз ҷониби Гурӯҳи ширкати «Фаровон» бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд. Ин коргоҳи нав бо мақсади рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, коркарди ашёи хом ва таъмини бозори дохилӣ бо равғани рустанӣ бунёд гардидааст.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳ нишондиҳандаи муҳими имкониятҳои он мебошад. Дар як шабонарӯз ин коргоҳ имкони коркарди то 200 тонна ашёи хомро дорад. Иқтидори солонаи он коркарди то 70 ҳазор тонна донагиҳои равғандорро ташкил медиҳад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар коргоҳ се хатти асосии истеҳсолӣ фаъолият намуда, равандҳои равғанкашӣ, коркарди равған ва пешниҳоди маҳсулоти тайёр ба зарфҳо дар ҳамин маҷмуи истеҳсолӣ анҷом дода мешаванд.
Дар маҷмуъ, коргоҳи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анқо-инвест» дорои панҷ хатти истеҳсолӣ мебошад.
Равандҳои истеҳсолӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва таҷҳизоти пешрафта ба таври автоматӣ ба роҳ монда шуда, истеҳсоли маҳсулот бо риояи талаботи технологӣ ва меъёрҳои матлуб амалӣ мегардад. Маҳсулоти асосии коргоҳ равғани офтобпараст, пахта ва омехта мебошад.
Маҳсулоти коргоҳ бо номи «Равғани Анқо-инвест» ба бозорҳои ҷумҳурӣ пешниҳод гардида, вобаста ба талаботи истеъмолкунандагон дар зарфҳои як, ду, се ва панҷлитрӣ бандубаст мешавад.
Бунёди коргоҳи нав, ҳамзамон, барои фароҳам овардани ҷойҳои нави кор мусоидат кардааст. Дар давраи сохтмони иншоот 50 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин гардида буд. Ҳоло дар коргоҳи равғанбарорӣ беш аз 20 нафар ба фаъолияти доимӣ ҷалб шудааст.
Бо афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва истифодаи пурраи иқтидорҳои коргоҳ имконияти васеъ намудани доираи фаъолияти истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави кор низ бештар мегардад.
Тибқи имкониятҳои истеҳсолии коргоҳ, дар сурати фаъолияти пурраи иқтидорҳо, он метавонад то 30 фоизи талаботи бозори дохилии кишварро бо равғани рустанӣ таъмин намояд. Ин нишондиҳанда аз имкониятҳои назарраси коргоҳ дар самти рушди истеҳсолоти маҳсулоти ватанӣ дарак медиҳад. Ашёи хоми коргоҳ, асосан, аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид мешавад.
Ҳамин тавр, як занҷири муҳими истеҳсолӣ аз воридоти ашёи хом то коркард, истеҳсол ва бандубасти маҳсулоти тайёр дар дохили кишвар ба роҳ монда шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бунёди чунин корхонаҳо барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти тайёр заминаи мусоид фароҳам меорад.


Ба истифода додани коргоҳи нави орди ҶДММ «Ирода Инвест» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
20-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи нави орди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ирода Инвест» расман оғоз бахшиданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки коргоҳи нав бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори коркарди то 600 тонна гандумро дар як шабонарӯз дорад. Дар корхона таҷҳизоти мукаммали коркарди гандум, анборҳои нигоҳдории ашёи хом бо ғунҷоиши 28000 тонна ва маҳсулоти тайёр мавҷуд мебошанд.
Таъкид гардид, ки орд дар ин ҷо, асосан, аз гандуми навъҳои «Хайпро» ва «Дурум» истеҳсол шуда, дар омода кардани хамири питса, баъзе навъҳои нон, санбӯса ва дигар маҳсулоте истифода мешавад, ки устуворӣ ва сифати баланди хамирро талаб мекунанд. Ба роҳ мондани чунин истеҳсолот имкон медиҳад, ки талаботи бозори дохилӣ ба маҳсулоти босифати ватанӣ бештар таъмин гардад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳ 50 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуд. Ин иқдом дар баробари рушди истеҳсолот ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор мусоидат хоҳад кард.
Корхона, ҳамчунин, дорои коргоҳи нави механикӣ мебошад, ки барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худаш бунёд гардидааст. Коргоҳ барои таъмиру нигоҳдорӣ ва хидматрасонии техникии таҷҳизоти истеҳсолӣ пешбинӣ шуда, дар он корҳои омодасозии қисмҳои эҳтиётӣ, кафшергарӣ, васлгарӣ ва мисли инҳо анҷом дода мешаванд.
Ба истифода додани коргоҳи механикӣ сифати хидматрасонии техникиро беҳтар намуда, боиси кӯтоҳ гардидани муҳлати таъмири таҷҳизот, коҳиши хароҷоти истеҳсолӣ ва баланд гардидани самаранокии фаъолияти корхона мегардад.
Технологияҳои муосири дар корхона насбшуда аз Швейтсария ворид гардида, нисбат ба дастгоҳҳои пешина 20 фоиз камтар неруи барқ сарф менамоянд.
Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ирода Инвест» боздид намуданд.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни истеҳсоли ватанӣ, ки дар корхонаҳои Ҷамъияти мазкур истеҳсол мешаванд, ба намоиш гузошта шуда буданд. Аз ҷумла, навъҳои гуногуни орд, маҳсулоти ордӣ, равғани рустанӣ ва мисли инҳо пешниҳод гардиданд.
Зимни боздид Пешвои миллат бо намуд ва сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда шинос шуда, ба иқдомҳои соҳибкорону истеҳсолкунандагон дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъсиси ҷойҳои нави кор баҳои баланд доданд.
Таъкид гардид, ки рушди истеҳсолоти ватанӣ, коркарди ашёи хом, таъсиси ҷойҳои нави кор, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва зиёд намудани ҳаҷми содирот аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина, ба соҳибкорон ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот, ҷалби мутахассисони соҳибтахассус ва саҳмгузории бештар дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои судманд доданд.


Ифтитоҳи фосилавии иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен
20-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анқо-Инвест», ҳамчунин, ба таври фосилавӣ 11 иншооти таъиноти гуногунро, ки бо саҳми мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен бунёд карда шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи истеҳсоли панелҳои минералии композитии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зартахта» бо таъсиси 30 ҷойи кор, Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Дурахши Истиқлол» барои таълиму тарбияи 240 кӯдак, толори варзишии «Ҳафткалон» бо 50 ҷойи нишаст ва осоишгоҳи «Марҳабо» бо 30 кат дар шаҳраки Ғафуров, деҳоти Ёва, Ғозиён ва Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудаанд, ки бо амалӣ гардидани чунин иқдомоти шоиста рушди минбаъдаи соҳаҳои саноат, маориф, тандурустӣ ва варзиш дар маҳалҳо таъмин мешавад.
Зимни муаррифии имконият ва шароити фароҳамгардида ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар давоми панҷ соли охир бо саҳми мақомоти давлатӣ, соҳибкорони ҳимматбаланд ва аҳолии созандаю бунёдкор дар марказ ва деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар маҷмуъ, 2745 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд ва иҷрои нақшаи қаблан пешбинишуда 137 фоиз таъмин гардид.
Дар шаҳраки Навкат, деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоев, Куруш ва Истиқлоли ноҳияи Спитамен бошад, ба таври фосилавӣ 7 иншооти гуногун, аз қабили Муассисаи таҳсилоти томактабии №6 бо фарогирии 300 кӯдак, бунгоҳи тиббӣ бо 10 ҳуҷраи корӣ, бинои шуъбаи маориф, маркази ташхису табобатии «Шараёни Варид» бо 26 кат ва 70 ҷойи кор, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 барои 1350 хонанда дар ду баст, маркази саломатӣ бо 13 ҳуҷраи корӣ, коргоҳи пойафзолбарорӣ ва маҳсулоти дӯзандагии «Муҳайё» бо таъсиси 40 ҷойи кор ва иқтидори моҳонаи истеҳсоли 1500 ҷуфт пойафзол ва 6 ҳазор дона либос, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Тибқи маълумоти масъулон, аз соли 2022 то ин замон дар ноҳияи Спитамен баъди бунёду навсозӣ зиёда аз 800 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст ва ҳоло корҳои ободонию созандагӣ идома дошта, бо амалӣ намудани нақшаю барномаҳои мукаммал барои сокинон шароити созгори кору зиндагӣ фароҳам оварда мешавад.
Дар 11 иншооте, ки Роҳбари давлат ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен ба истифода доданд, бештар аз 300 нафар бо кори доимӣ таъмин шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор намуданд, ки дар маҳалҳо корҳои ободонию созандагӣ боз ҳам тақвият ёбанд ва дар ин радиф васеъсозии роҳҳои мошингард, чароғонкунии кӯчаю хиёбонҳо, сабзкории муҳити атроф, инчунин, ҷиҳати мукаммал гардидани инфрасохтори зарурӣ бунёди хатҳои интиқоли обу корез ва барқу гармидиҳӣ дар асоси талаботу меъёрҳои муосир амалӣ карда шавад.


Ифтитоҳи Гимназияи хусусии «Ҳаёт» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
20-уми сентябр дар идомаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Гимназияи хусусии «Ҳаёт» мавриди истифода қарор дода шуд.
Ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Абдухалил Розиқов, Ҷӯрабой Азимов, Муродҷон Ҷӯраев ва Нозим Ибрагимов бо сифати баланд ва дар муҳлати кӯтоҳ сохта шудааст. Бинои нави муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна иборат буда, дорои 45 синфхона ва 41 ҳуҷраи ёрирасон мебошад.
Гимназия барои ба таҳсил фаро гирифтани 1200 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, дар он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар Гимназия кабинетҳои мусиқӣ, ҳунаромӯзӣ, физика, химия, биология ва технологияҳои иттилоотӣ ташкил гардидаанд.
Таҷҳизондани чунин синфхонаҳои фаннӣ имкон медиҳад, ки раванди таълим бо истифода аз усулҳои муосир ба роҳ монда шуда, шавқу завқи хонандагон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, табиӣ ва технологияҳои нав бештар гардад.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар муассиса маҷлисгоҳ бо 500 курсӣ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст ва китобхонаи муосир сохта шудаанд.
Иншооти ёрирасон имкон фароҳам меоранд, ки дар Гимназия барои баргузории чорабиниҳои таълимию фарҳангӣ ва истифодаи васеи адабиёти таълимиву бадеӣ шароити муносиб муҳайё бошад. Ҳамзамон, бо мавриди истифода қарор гирифтани Гимназияи хусусии «Ҳаёт» 70 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.
Ифтитоҳи Гимназияи хусусии «Ҳаёт» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи таҷлил аз Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иқдоми муҳими созанда арзёбӣ гардид, ки ба таҳкими заминаҳои моддию техникии соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои хонандагон мусоидат мекунад.


Ифтитоҳи беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғд
20-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди корӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилоятиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур аз 7 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 3204 метри мураббаъ мебошад. Беморхона барои қабул ва табобати 200 нафар дар як вақт пешбинӣ шуда, дар он шуъбаҳои нави иловагии тахассусӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон ташкил карда шудаанд, ки сифати хидматрасониҳоро ба ниёзмандон ба таври назаррас боло бардоштааст. Бо таҷҳизоти нави муосири тиббӣ таъмин гардидани беморхона барои фаъолияти самараноки мутахассисон шароити мусоид фароҳам овардааст. Ба ғайр аз бахши табобатӣ, дар бинои нав барои пешбурди корҳои муҳими илмию таълимӣ шароити мусоид фароҳам буда, дар он ҳуҷраҳои махсуси таълимӣ, толори баргузории конфронс ва машғулиятҳои амалӣ ташкил карда шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бинои нав ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки давлат ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, бахусус кӯдакону наврасон, таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд. Таъмини саломатии кӯдакон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, барои таъмини солимии насли наврас, баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ ва ташаккули ҷомеаи солим заминаи устувор фароҳам меорад.
Бинои нав бо дар назар гирифтани талаботи муосири соҳаи тандурустӣ ба фаъолият шуруъ намуда, барои қабули беморон, гузарондани муоинаҳои тиббӣ, ташхиси саривақтӣ ва анҷом додани табобати зарурӣ имкониятҳои муносиб фароҳам меорад.
Таъсиси 120 ҷойи кор дар муассиса барои ҷалби мутахассисони соҳа ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти кормандони тиб низ заминаи зарурӣ муҳайё сохтааст. Ифтитоҳи бинои нави беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғд қадами дигар дар самти татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди инфрасохтори соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ арзёбӣ мегардад.


Неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ашт
21-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, дар шаҳраки Шайдон неругоҳи офтобиро бо иқтидори 250 мегаватт мавриди истифода қарор доданд.
Сохтмони неругоҳи фотоэлектрикӣ бо иқтидори 250 МВт моҳи ноябри соли 2025 аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аён энерҷӣ» оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ ба истифода дода шуд. Неругоҳи мазкур дар масоҳати 793 гектар бунёд гардида, иқтидори он 250 мегаваттро ташкил медиҳад.
Бунёди чунин иншооти бузурги энергетикӣ дар ноҳияи Ашт аз иқдомҳои муҳими марбут ба рушди соҳаи энергетика ва истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба ҳисоб меравад. Дар шароити муосир истифодаи имкониятҳои табиӣ, аз ҷумла неруи Офтоб, яке аз самтҳои муҳими рушди энергетика ба шумор меравад. Тоҷикистон дорои имкониятҳои фаровони истифодаи энергияи офтобӣ буда, татбиқи лоиҳаҳои нави энергетикӣ барои афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таҳкими заминаи энергетикии кишвар мусоидат менамояд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи неругоҳи офтобии Ашт корҳои сохтмонию васлкунӣ бо суръати баланд ба роҳ монда шуда, барои пайваст намудани неругоҳи нав ба низоми ягонаи энергетикии кишвар як қатор корҳои муҳими инфрасохторӣ низ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, сохтмони хатти ҳавоии дузанҷираи 220-киловолта бо дарозии 9,8 километр аз неругоҳи мазкур то зеристгоҳи барқии 220/110/6-киловолтаи Ашт ба анҷом расонда шудааст. Дар масири ин хат 36 поя насб гардида, барои интиқоли барқи ин неругоҳ ба низоми энергетикии кишвар заминаи зарурӣ фароҳам омад.
Корҳои сохтмонии иншоот бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва чинӣ анҷом ёфта, дар раванди он беш аз 500 бинокори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардид.
Ҷалби чунин шумораи зиёди мутахассисон ва коргарон ба раванди сохтмон имкон фароҳам овардааст, ки корҳои асосии иншоот дар муҳлати кӯтоҳ ва бо истифода аз таҷрибаи муосири сохтмони иншооти энергетикӣ ба роҳ монда шаванд. Тибқи нақша, то охири соли 2026 иқтидори неругоҳи фотоэлектрикии офтобии Ашт ба 250 мегаватт расонда мешавад.
Бо пурра ба истифода додани иқтидори лоиҳавӣ неругоҳ метавонад ба яке аз иншооти муҳими истеҳсоли барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар кишвар табдил ёбад.
Лоиҳаи мазкур, ҳамзамон, дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ мебошад, зеро татбиқи чунин лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, дар баробари афзоиши иқтидорҳои истеҳсолии кишвар, барои рушди инфрасохтор, истифодаи технологияҳои муосир, омода намудани мутахассисон ва таъсиси ҷойҳои нави кор низ мусоидат мекунад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳ 40 мутахассиси маҳаллӣ ба кори доимӣ таъмин гардид.
Неругоҳи офтобии Ашт дар замоне ба истифода дода мешавад, ки дар Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи энергетика, афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия корҳои созандагӣ идома доранд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳи офтобии Ашт манбаи истеҳсолии неруи барқ дар вилояти Суғд 61 фоиз зиёд гардид. Ин неругоҳи офтобӣ 40 дарсади талаботи вилояти Суғдро бо неруи барқ таъмин хоҳад кард. Азбаски қисми асосии неруи барқи вилояти Суғд аз ҷануби кишвар аз масофаи тулонӣ интиқол мешавад, бо ба фаъолият оғоз намудани неругоҳи офтобии Ашт талафоти энергияи барқ низ кам мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки иловатан неругоҳҳои фотоэлектрикӣ бо иқтидори 700 мегаватт дар вилояти Суғд дар соли 2027 ба истифода дода шаванд.
Барои тақвияти кори низоми энергетикии вилоят Пешвои миллат тавсия доданд, ки дастгоҳҳои захиракунандаи энергияи барқ бо иқтидори на кам аз 200 мегаватт/соат дар вилояти Суғд дар муҳлати кӯтоҳтарин мавриди истифода қарор дода шаванд. Бунёди ин иншооти бузург дар ноҳияи Ашт қадами дигар дар самти рушди энергетикаи кишвар ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи табиии Тоҷикистон мебошад.


Ифтитоҳи фосилавии 7 иншоот ва муаррифии лоиҳаи роҳи мошингард дар ноҳияи Ашт
21-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба тариқи фосилавӣ 7 иншооти гуногунтаъинотро мавриди истифода қарор доданд.
Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Куруш – Бекободро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ ва бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётии ноҳияи Ашт бунёд гардидааст. Роҳи мошингарди Куруш – Бекобод масофаи 12,7 километрро фаро гирифтааст ва бо назардошти талаботи муосири роҳсозӣ бунёд гардида, барои таъмини ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт ва фароҳам овардани шароити мусоиди рафтуомади сокинон хидмат хоҳад кард.
Мавриди истифода қарор гирифтани ин роҳи мошингард барои сокинони деҳот ва маҳалҳои аҳолинишини минтақа аҳамияти зиёд дошта, имкониятҳои нақлиётӣ ва робитаи байни маҳалҳоро беҳтар менамояд. Ҳамчунин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тариқи фосилавӣ роҳи мошингарди Хистеварз – Соҳилобро низ мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ доданд, ки роҳи мазкур дар масофаи 10 километр бунёд гардида, яке аз иншооти муҳими инфрасохторӣ ба ҳисоб меравад. Бунёди роҳи нав барои тақвияти робитаи нақлиётии байни маҳалҳои аҳолинишин, осон намудани дастрасии сокинон ба марказҳои хидматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои интиқоли молу маҳсулот замина мегузорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Аштро низ ба истифода доданд. Дар бинои нав, ки дар маркази ноҳия қомат афрохтааст, барои беш аз 50 нафар шароити муосири кор муҳайё шудааст. Бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт барои самаранокии фаъолияти кормандони соҳа заминаи зарурӣ фароҳам меорад. Осоишгоҳи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунёд», воқеъ дар мавзеи Аксикони деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт, чорумин иншоотест, ки 21-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти он оғоз бахшиданд. Осоишгоҳи «Бунёд» бо назардошти талаботи замони муосир аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Истамой Мадалиева сохта шуда, барои қабули шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои истироҳату табобат пешбинӣ шудааст. Иншоот барои 120 кат пешбинӣ шуда, баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ ва омодасозии инфрасохтори зарурӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар бинои нави осоишгоҳ барои 30 нафар ҷойи кори доимӣ ташкил карда шудааст.
Дар идома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ муассисаи таҳсилоти томактабиро дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Ашт мавриди истифода қарор доданд. Кӯдакистон барои 180 нафар пешбинӣ гардида, бо ба истифода додани он имконияти фарогирии кӯдакони деҳа ба таълиму тарбияи томактабӣ бештар мегардад. Бунёди муассисаи мазкур бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Раҳмонзода Зоир Абдусамад сурат гирифтааст. Бо бунёди иншооти нави соҳаи маориф беш аз 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуд.
Дар қатори иншооти бунёдгардида, майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт низ ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур бо мақсади ободонӣ, зебо гардондани муҳити шаҳрак ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ бунёд гардида, ба симои меъмории шаҳрак ҳусни тоза зам менамояд.
Майдони Нишони давлатӣ бо тарҳи замонавӣ ва унсурҳои хоси фарҳанги миллӣ бунёд шуда, барои баргузории чорабиниҳои муҳими ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ низ метавонад истифода шавад.
Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 дар деҳоти Ориёни ноҳияи Аштро ба истифода доданд, ки он барои 240 хонанда шароити мусоиди таҳсилу тарбияро фароҳам меорад. Бинои мазкур аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд бунёд гардидааст. Муассисаи нав дорои синфхонаҳои барҳаво ва шароити замонавӣ буда, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия заминаи муносиб фароҳам месозад.
Дар идома ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Бобоҷон Ғафуров – Ашт ба масофаи 106 километр муаррифӣ гардид. Ин роҳи мошингард аҳамияти байналмилалӣ дошта, бо убури ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд Тоҷикистонро бо Ӯзбекистон мепайвандад. Лоиҳаи мазкур бо мақсади беҳтар намудани ҳолати роҳҳо, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати нақлиёт таҳия шудааст. Сохтмони ин роҳ ба беҳтар гардидани алоқаи нақлиётӣ байни шаҳру ноҳияҳо ва рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон, татбиқи лоиҳа барои осон намудани рафтуомади сокинон ва интиқоли молу маҳсулот аҳамияти зиёд дорад.
Сохтмони роҳ ба рушди саноат ва кишоварзӣ дар ин минтақа такони нав мебахшад. Дар канори роҳ нуқтаҳои сершумори хидматрасонӣ пайдо мешаванд ва истеҳсоли мол дар минтақа афзоиш ёфта, муносибатҳои тиҷоратиро бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон афзун менамояд.


Ифтитоҳи корхонаи азими саноатии маъдантозакунии Адрасмон дар шаҳри Гулистон баъди аз фаъолият боз мондан
21-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти истеҳсолии корхонаи азими саноати маъдантозакунии Адрасмон дар шаҳри Гулистон оғози расмӣ бахшиданд.
Қобили зикр аст, ки Комбинати маъдантозакунии Адрасмон аз ҷумлаи корхонаҳои дорои таърихи тулонӣ буда, дар масири фаъолият бо бузургтарин монеаҳо рӯ ба рӯ гаштааст. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои бартарафсозии мушкилиҳои мавҷуда ва дубора ба фаъолият оғоз кардан, дар ин корхонаи азими саноатӣ тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда шуданд. Дар заминаи ҳамин тадбирҳо, бо мақсади барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи иқтидори истеҳсолӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми июли соли 2025 созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «АСИМ» оид ба барқарорсозӣ ва васеъ намудани иқтидори истеҳсолии ҶСК «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон» амалӣ гардид. Пас аз расидан ба иқтидори пурра, беш аз 1000 мутахассис бо кор таъмин хоҳад шуд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори солонаи истихроҷи маъдани сурбу нуқра 2 миллион тоннаро ташкил дода, тибқи нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ, аз он истеҳсоли то 200 тонна нуқра ва 20 ҳазор тонна сурб пешбинӣ шудааст.
Дар муддати тақрибан яку ним сол дар наздикии кон корхонаи маъдантозакунӣ аз нав бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли ширкатҳои маъруфи Шведсия, Финландия ва Чин муҷаҳҳаз шуд.
Имрӯз дар ин корхона се коргоҳи майдакунии маъдан, осиёб, бахши флотатсия, дастгоҳи ғафскунӣ ва матбуоти филтрии истеҳсолӣ фаъолият дошта, тамоми марҳалаҳои асосии коркарди маъдан бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монда шудаанд. Корҳои танзим ва ба кор даровардани таҷҳизот ба анҷом расида, истеҳсоли аввалин маҳсулоти таҷрибавӣ – консентрати сурбу нуқра оғоз гардидааст. Дар баробари бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ, ба барқарорсозии инфрасохтори корхона низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир шудааст. Хобгоҳҳо, осоишгоҳ, маҷмааҳои меҳмонхонаҳо, биноҳои маъмурӣ ва дигар иншооти вобаста ба корхона таъмири асосӣ ва навсозӣ гардиданд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои меҳмонон ва сайёҳоне, ки ба шаҳраки Адрасмон ташриф меоранд, меҳмонхонаи муосири «Симин» бо 12 ҳуҷра бунёд гардида, барои истироҳату фароғати онҳо шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Барои интиқоли партовҳои коркарди маъдан аз фабрика ба партовгоҳи №2 ва истифодаи такрории обҳои техникӣ ду хатти лӯла бо қутри 377 миллиметр ва дарозии 4400-метрӣ васл карда шудааст.
Бо мақсади таъмини мунтазами корхона бо неруи барқ зеристгоҳи баландшиддати 35/10 киловолт бо ду трансформатори иқтидорашон 16 ҳазор киловатт ва таҷҳизоти муосир, ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, зиёда аз 15 километр хатҳои барқи баландшиддат бо пояҳои бетонӣ васл гардида, ноқилҳои хатҳои интиқоли неруи барқ пурра нав карда шуданд.
Барои зиёд намудани иқтидори истихроҷ нақби нақлиётии №2 ба масофаи беш аз ду километр канда шуда, бо усули пошдиҳии бетон мустаҳкам ва роҳҳои нақлиётгарди он бетонпӯш шуданд.
Қобили зикр аст, ки қатъ гардидани маблағгузорӣ ва аз фаъолият бозмондани конҳо аз соли 2013 ба зерсохтори истеҳсолӣ таъсири ҷиддӣ расонда буд. Дар натиҷа, нақбҳои Кони Мансури Шарқӣ ва нақби нақлиётии №1 зери об монда, қисми зиёди таҷҳизоту механизмҳои истеҳсолӣ барои истифодаи минбаъда корношоям гардида буданд.
Таҷҳизоти рӯйизаминӣ низ дар натиҷаи таъсири омилҳои табиӣ ва солҳои зиёд истифода нашудан фарсуда гардида буд. Ҳоло бошад, дар доираи барқарорсозии корхона таҷҳизоти куҳнаи зеризаминӣ пурра бо дастгоҳу механизмҳои муосир иваз карда шудааст. Дар баробари ин, барои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии шаҳраки Адрасмон низ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шудаанд. Аз истгоҳи обкашии Дрешсой агрегати обкашӣ ва таҷҳизоти барқии вакуумӣ харид ва насб гардида, ба Корхонаи давлатии хоҷагии манзилии Адрасмон супурда шуд.
Бо мақсади таъмини корхона бо оби техникӣ ва нӯшоӣ 11 чоҳи амудӣ канда, ба истифода дода шуд, дар истгоҳи обкашии Қаромазор низ таҳкурсии агрегатҳои обкашӣ пурра таҷдид ва таъмир гардида, насосҳои нави обкаш насб карда шуданд.
Бино ва иншооти истеҳсолии қитъаҳои кон ва коргоҳҳои ёрирасон низ аз таъмири асосӣ ва навсозӣ бароварда шуданд. Бинои коргоҳи карбид ва оҳангарӣ барои ҷойгир намудани лабораторияи кимиёвӣ навсозӣ шудааст. Дар майдони истеҳсолии шахтасозӣ бинои маъмурӣ, хобгоҳ ва ошхона ба истифода дода шудаанд. Бинои сеошёнаи маъмурии идораи комбинат низ бо тарҳи замонавӣ ва шароити муносиби кор бунёд гардидааст. Барои пешбурди корҳои истеҳсолӣ зиёда аз 200 нақлиёт ва таҷҳизоти муосир аз хориҷи кишвар ворид шудаанд. Дар маҷмуъ, барқарорсозии Адрасмон ба рушди иқтидори саноатии минтақа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар мусоидат менамояд.
Барои кормандони комбинат шароити муносиби кор фароҳам оварда шудааст. Қарзҳои вобаста ба музди меҳнат, андоз, неруи барқ ва дигар уҳдадориҳои ҷамъшуда, ки дар давоми 12 сол беш аз 44 миллион сомониро ташкил медоданд, марҳала ба марҳала пардохт шуда истодаанд.
Баробари ба кор даромадани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва расидан ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда, корхонаи саноатии Адрасмон метавонад ба яке аз марказҳои муҳими истихроҷ ва коркарди маъданҳои сурбу нуқра табдил ёфта, дар рушди саноати маъдантозакунии кишвар саҳми назаррас гузорад.


Ба истифода додани марҳалаи дуюми корхонаи металлургии ҶДММ «Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чин» дар шаҳри Истиқлол
21-ум сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истиқлол марҳалаи дуюми корхонаи металлургии ҶДММ «Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чин»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Марҳалаи дуюми корхонаи металлургӣ дар шаҳри Истиқлол бо дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст, ки дар он бо ҷалби 250 коргари маҳалливу хориҷӣ ва истифодаи технологияи насли нав 4 намуди маҳсулоти дорои арзиши баланд истеҳсол мешавад. Зимни боздид ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки консентрати сурбу нуқра, миси штейнӣ ва тилло ба ин корхонаи тозабунёд аз кони Зарнисор, ки ашёи хом дар он хеле фаровон аст, дастрасу коркард шуда, маҳсулоти тайёри он баробари таъмини талаботи бозори дохилӣ ба хориҷи кишвар ҳам содир мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки 16-уми ноябри соли 2017 Президенти кишвар зимни ифтитоҳи марҳалаи аввали корхона ба масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чин супориш дода буданд, ки барои бунёди корхонаи нав ва коркарди ашёи хом то маҳсулоти ниҳоӣ чораҳои иловагӣ андешанд.
Соли 2023 ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмон дар ин мавзеъ бо ҷалби 200 коргари маҳаллӣ оғоз шуд. Баъди ба кор даровардани марҳалаи дуюм, корхона иқтидор дорад, ки дар 1 сол 30 ҳазор тонна сурби холис, 1000 тонна миси штейнӣ, 40 тонна нуқраи холис ва 100 килограмм тиллои холис истеҳсол намояд.
Зимни муаррифӣ ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки дар корхонаи металлургии шаҳри Истиқлол 10 навъи маҳсулот, аз ҷумла лӯлаи резинӣ, консентратҳои сурб, руҳ, мис, сурби хом, миси штейнӣ, оксиди синк, сурби холис, нуқра ва тилло, коркарду истеҳсол мешаванд. Ба ин намуди маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ талабот хеле зиёд аст. Дар ҳудуди корхонаи металлургӣ барои коргарону мутахассисон якчанд иншооти нави хидматрасонӣ бо ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, хобгоҳ ва ошхона бунёд шудааст.
Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар 20 соли фаъолият бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар рушди соҳаи саноати маъдан ва таъмини сокинон бо кори доимӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ҳоло дар Ширкат ва корхонаҳои он 2200 кас ба кор таъмин аст, ки 95 фоизи онро коргарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки дар назди ҳамин корхона парки технологии иборат аз коргоҳҳо барои коркарди амиқи маъданҳо бунёд намоянд, то ки ҳам ҳаҷму номгӯи маҳсулоти тайёр афзун гардад ва ҳам шумораи зиёди ҷойҳои корӣ барои аҳолии минтақа муҳайё шаванд.
Дар охири боздид Сарвари давлат бунёди корхонаи азимро дар шаҳри Истиқлол барои рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ муҳим арзёбӣ карда, ба сатҳи робитаҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи саноат баҳои баланд доданд.
Бо афзоиши аҳолии шаҳри Истиқлол, супоришҳои дигар барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва иншооти гуногуни хидматрасониву иҷтимоӣ дода шуданд.


Ифтитоҳи хатти оби нӯшоӣ барои 19 ҳазор аҳолии шаҳри Истиқлол
Хатти оби нӯшоӣ барои 19 ҳазор аҳолӣ иншооти навбатӣ дар шаҳри Истиқлол буд, ки 21-уми сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид.
Оби нӯшоӣ барои аҳолии шаҳр бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд аз масофаи зиёда аз 17 километр оварда шуда, боиси аз байн рафтани мушкилоти мавҷудаи сокинон дар ин самт гашт.
Зимни муаррифии лоиҳа ба Президенти кишвар иттилоъ доданд, ки хатти оби нӯшоӣ бо лӯлаҳои қутрашон 250-миллиметра ва насби таҷҳизоти махсуси худҷорӣ оварда шудааст. Барои кашидани хатти оби нӯшоӣ корҳо тибқи лоиҳа моҳи ноябри соли 2024 оғоз гардида, дар сохтмони он 150 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардид.
Бо амалӣ шудани тадбири муҳими иҷтимоӣ аҳолии шаҳри Истиқлол, ҳамчунин, барои кишту парвариши сабзавоту зироати кишоварзӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ имконият пайдо карданд.
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар барои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Истиқлол тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуданд ва натиҷаҳо дар ҳама бахшҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла самти таъмини аҳолӣ бо оби нӯшоӣ, дучанд гардиданд. Сокинон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи Ватан ва пешрафту дастгирии ҳамешагии Роҳбари давлат оянда ҳам дар доираи марҳалаи нави корҳои созандагӣ саҳми назарраси худро дар тадбирҳои созандагӣ мегузоранд.


Ифтитоҳи фосилавии 6 иншооти таъиноти гуногун дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон
21-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ба истифода доданд.
Нахуст, дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оҳаки Истиқлол» бо иқтидори истеҳсолии 200 тонна дар як шабонарӯз расман оғоз бахшиданд. Пас аз ба истифода додани ин корхона 70 кас бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, маҳсулоти истеҳсолии он ба хориҷи кишвар содирот мешавад.
Гуфта шуд, ки дар оянда бунёди марҳалаи дуюми корхона дар назар дошта шудааст, ки баъди ба фаъолият оғоз кардани он иқтидори истеҳсолӣ ва шумораи кормандон зиёд мегардад. Ҳоло дар ҳудуди шаҳри Истиқлол 6 корхона мавҷуд буда, дар онҳо зиёда аз 620 нафар ба кор ҷалб карда шудааст ва дар як сол ба миқдори 46 миллиону 330 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол мегардад. Иншооти дигаре, ки ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд, корхонаи истеҳсоли пахтаи минералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дилроз Ғаюр» дар шаҳраки Чоруқдарони шаҳри Гулистон мебошад.
Бунёди ин корхона имкон медиҳад, ки дар як сол ба миқдори 50 ҳазор тонна пахтаи минералӣ истеҳсол шавад. Корхона бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ сохта шуда, дар он 60 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст. Ба кор андохтани ду дастгоҳи нави бофандагӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Қайроққум» бо иқтидори 450 ҳазор метри мураббаъ дар як сол иншооти дуюми саноатӣ дар шаҳри Гулистон аст. Таҷҳизоти дар ин корхона васлгардида аз ширкати Вандевили кишвари Белгия буда, дар ин ҷо 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид. Корхонаи парвариши мурғи тухмдеҳ дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар заминаи бинои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шамс тиҷорат» бунёд гардидааст, ки тариқи фосилавӣ бо иқтидори 630 ҳазор дона тухми мурғ дар як моҳ мавриди истифода қарор гирифт.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз соли 2025 оғоз ёфта, дар муддати кӯтоҳ ба истифода дода шуд ва дар он 20 кас соҳиби ҷойи кор гашт. Ифтитоҳи фосилавии корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғ дар шаҳри Гулистон иншооти дигари саноатие буд, ки дар масоҳати зиёда аз 55 метри мураббаъ бунёд шудааст.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сифат мурғ» дар як сол 320 тонна гӯшти мурғи аълосифат истеҳсол менамояд. Баъди ба истифода додани ин корхона 18 сокини маҳаллӣ ба кори доимӣ таъмин шуд.
Дар ҳудуди шаҳри Гулистон ба ҳолати моҳи сентябри соли 2026 зиёда аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Дар онҳо 5385 нафар кор мекунад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 550 нафар зиёд мебошад.
Бинои навсозишудаи кӯдакистони «Садбарг» дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон дар ҳамин рӯз тариқи фосилавӣ ба истифода дода шуд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин Муассисаи таълимии томактабӣ барои ба тарбия фаро гирифтани 350 кӯдак аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар он барои ташаккули барвақтӣ ва ҷалби кӯдакон ба бозиҳои шавқовару зеҳнӣ шароити арзанда фароҳам оварда шудааст. Дар бинои таъмиршудаи кӯдакистон 14 гурӯҳ фаъолият менамояд ва дар ин ҷо 55 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид. Дар ҳудуди шаҳри Гулистон 11 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла 1 хусусӣ, мавҷуд буда, шумораи кӯдакони дар онҳо ба таълим фарогирифташуда 2087 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 108 кӯдак зиёд аст.
Пас аз ифтитоҳи як зумра иншооти таъиноти гуногун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, боз ҳам беҳтар намудани шароити арзандаи кор ва зиндагии мардум дар деҳот ва ҳидоят намудани насли наврас ба меҳнатдӯстию ватанпарварӣ тавсияҳо доданд.
Ифтитоҳи МД «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд»
22-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд»-ро бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд» бо номи «Навниҳоли Ватан» ба истиқболи шоиста аз Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Муассисаи давлатии махсуси табобатии Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд қомат афрохтааст. Корҳои сохтмонии иншооти иҷтимоии мазкур аз моҳи октябри соли 2025 оғоз гардида, он бо иқдоми ватандӯстонаи соҳибкорони ватанӣ аз ҷониби ҶДММ «Қолинҳои Қайроққум» бо тарҳи зебо, сифати баланд ва инфрасохтори муосири хидматрасонӣ ба кӯдакон бунёд гардидааст.
Дар бинои нави Муассиса ҳуҷраҳои тавонбахшӣ, ҳуҷраҳои алоҳида барои гурӯҳҳои доимӣ ва кӯтоҳмуддат, шуъбаи модару кӯдак, толори варзиш, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар ҷойҳои ёрирасон бо шароиту имкониятҳои васеи хидматрасониву тавонбахшӣ ба кӯдакон фароҳам гардидааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд – «Навниҳоли Ватан» бо шароити муосири тавонбахшиву хидматрасонӣ дар пешравии зеҳнӣ, ҷисмонӣ, эҳсосотӣ ва фарҳангии шахсони имконияташон маҳдуд, ятимон ва дигар табақаҳои ниёзманди наврас мусоидат намуда, ба таври шоиста ҳуқуқи кӯдаконро ба нигоҳубин, тандурустӣ, таҳсил, тарбия ва рушд таъмин менамояд. Фаъолияти Муассиса дар доираи татбиқи стратегия ва барномаҳои давлатии соҳавӣ бо мақсади таъмини иҷтимоии ятимон, тавонбахшии тиббию зеҳнӣ ва расондани кумакҳои иҷтимоӣ ба кӯдакони имконияташон маҳдуд бо фарогирии 75 кӯдак роҳандозӣ гардидааст.
Зимни суҳбат бо масъулини соҳа ва кормандони Муассиса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини зиндагии беҳтари ятимон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд тадбирҳои саривақтӣ амалӣ менамояд ва ин қишри осебпазири ҷомеа то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳоданашон доимо зери таваҷҷуҳ, нигоҳубин, ғамхорӣ ва сарпарастии давлат қарор мегиранд. Муассисаи мазкур барои таъмини гармӣ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бо маркази гармидиҳии муосир, майдончаи бозии кӯдакон бо лавозимоти гуногун ва суҳбаткадаҳо барои истироҳату фароғати кӯдакон таъмин карда шуда, саҳни ҳавлии ин Муассисаи иҷтимоӣ бо дарахтони ороишӣ ва буттаҳои ҳамешасабз оро дода шудааст. Баробари ба фаъолият оғоз намудани Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд» 70 корманди соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.


Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон» дар шаҳри Хуҷанд
22-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти муосири таълимӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар ба ифтихори Ҷашни муқаддас – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо риояи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва тарҳу унсурҳои муосири меъморӣ бунёд гардидааст. Мактаби замонавӣ чорошёна буда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф сохта шуда, барои 4 ҳазор хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2025 оғоз гардида, дар муҳлати як сол бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонда шуданд.
Муассисаи нав дорои 73 синфхона буда, аз ин шумора 15-тоаш кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз бо аёният ва лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои таълимии химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ бо технология барои писарону духтарон ва омодагии ҳарбӣ мебошанд. Дар иншооти таълимӣ барои инкишофи зеҳни кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар низ шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Муассиса, ҳамчунин, дорои озмоишгоҳҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, китобхонаҳои анъанавию электронӣ, нуқтаи хидматрасонии тиббӣ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст ва толори маҷлис бо 300 курсӣ мебошад. Дар ин боргоҳи илму маърифат 38 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул буда, раванди таълим тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад.
Дар Муассисаи тозабунёд Осорхонаи Пешвои миллат низ таъсис дода шуда, дар он аксҳои 5 давраи зиндагӣ ва ҳаёту фаъолияти Роҳбари давлат гирдоварӣ шудаанд. Мавҷуд будани чунин Осорхона дар Муассиса ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон ва арҷ гузоштан ба талошҳои пайваста ва шабонарӯзии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумӯ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат хоҳад кард. Толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзишӣ, ки дар Муассиса сохта шудааст, барои машқу тамрини футбол, волейбол, баскетбол, тенниси рӯйи миз ва шоҳмот, ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва обутоб ёфтани хонандагон мусоидат мекунад. Майдончаи варзиш аз бартариҳои дигари мактаб дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш унвон мешавад. Фароҳам овардани чунин шароит имкон медиҳад, ки хонандагон вақти холии худро босамар гузаронда, ба варзиш машғул шаванд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёшуда дар иншооти таълимӣ ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба омӯзгорон барои истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда ва тарбияи ҷавонони босаводу лаёқатманд дастуру ҳидоятҳо доданд. Зикр гашт, ки бо фароҳам гардидани шароити мусоиди таълиму тарбия дар тамоми муассисаҳои таълимии умумии кишвар бояд дар мадди аввал сифати таҳсил ва дониш гузошта шавад.
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бе илму навоварӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад.


Ба истифода додани Муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол» дар шаҳри Хуҷанд
22-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бинои хуштарҳу замонавии Муассисаи томактабии хусусии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд. Муассисаи нави томактабӣ дар масоҳати 1300 метри мураббаъ бунёд гардида, барои 600 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Кӯдакистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҳим Раҷабзода дар заминаи дастгирӣ аз иқдомҳои созанда ва бунёдкоронаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, бо шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи кӯдакон таъмин гардидааст. Бинои кӯдакистон аз се ошёна иборат буда, дорои 36 синфхона ва як қатор ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Ҳамаи ҳуҷраҳои Муассиса бо шароити муосир барои таълиму тарбияи кӯдакон таъмин гардида, мутобиқ ба талаботи имрӯза ҷиҳозонда шудаанд. Таълим дар кӯдакистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои таълиму тарбияи кӯдакон мураббияҳои соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд. Дар маҷмуъ, дар ин Муассиса беш аз 90 кас бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудааст. Бинои Муассисаи томактабӣ бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, техникӣ ва воситаҳои зарурии бехатарӣ таъмин буда, роҳравҳои дохилии он бо тасвирҳои қаҳрамонони афсонаҳо оро дода шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида барои таълиму тарбияи кӯдакон бо тарбиятгирандагон суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд. Дар кӯдакистон бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба зебоипарастӣ, фарҳангдӯстӣ ва тарзи ҳаёти солим толорҳои мусиқӣ ва варзишӣ таъсис дода шудаанд. Муассиса, ҳамзамон, дорои нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраи логопед ва ошхонаи барҳаво мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону мураббияҳо бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистонро туҳфаи арзишманд ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карда, онҳоро даъват намуданд, ки барои тарбияи кӯдакон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ аз шароити фароҳамгардида самаранок истифода намуда, тамоми малакаю маҳорати худро равона созанд. Дар саҳни кӯдакистон 18 айвонча мутобиқ ба талаботи муосир барои баргузории машғулиятҳо сохта шуда, майдончаи варзиш барои бозии кӯдакон ва гӯшаи табиати зинда ташкил гардидаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо имконоти фароҳамгардидаи таълиму тарбия дар кӯдакистон ба таъсисдиҳандагони Муассиса барои дастгирии ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, амалисозии чунин иқдомҳои наҷибро омили муҳим дар самти ноил гардидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маънидод карданд.


Фосилавӣ ба истифода додани иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ дар шаҳри Хуҷанд
22-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд як қатор иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд.
Дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Насли истиқлол» корхонаи парандапарварӣ ва коргоҳи забҳу коркарди гӯшти паранда ба фаъолият оғоз намуданд. Корхонаи парандапарварӣ барои парвариши солонаи то 300 ҳазор сар мурғ ва коргоҳи коркарди гӯшт барои забҳу коркарди то 190 ҳазор сар мурғ дар як моҳ пешбинӣ шудаанд. Дар ҳар ду иншоот дар маҷмуъ, 40 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.
Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолии маҳаллаҳои навбунёди соҳили рости шаҳри Хуҷанд бо оби нӯшоӣ ду ҳавзи захиравӣ бо ғунҷоиши умумии 3000 метри мукааб сохта шуда, 878 хоҷагӣ бо оби нӯшоӣ таъмин хоҳад шуд. Дар соҳаи маориф Муассисаи таҳсилоти миёнаи хусусии «Ворисон» барои 550 хонанда ва Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ворисон» барои 150 кӯдак мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар соҳаи тандурустӣ филиали Маркази тиббии «Насл» ба истифода дода шуд. Барои бунёд ва муҷаҳҳазсозии филиали Маркази тиббии «Насл» 40 мутахассис бо кори доимӣ таъмин мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо иншооти нав ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳо, таъмини сифати баланди маҳсулоту хидматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият дастуру тавсияҳо доданд.


Боздид аз чойхонаи «Сирдарё» ва ба дарёи Сир сар додани 1 миллион моҳича
22-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи «Сирдарё», ки ба истиқболи сазовор аз Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пурра таъмиру навсозӣ гардид, дидан намуданд.
Чойхонаи «Сирдарё» дар соҳили чапи дарёи Сир дар масоҳати 2 ҳазору 741 метри мураббаъ аз нав барқарор карда шуда, фармоишгари иншоот Корхонаи давлатии коммуналии «Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд» ва паймонкор ҶДММ «Сохтмон пешсаф» мебошанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки чойхона бо тарҳу услуби зебои меъмории миллӣ бунёд гардида, дар ороиши деворҳои он ҳунарҳои наққошӣ, гаҷкорӣ ва кандакорӣ истифода шудаанд. Ҳунарҳои тасвиргардида дар бино бо хусусиятҳои хоси миллӣ ва услуби муосир ҳамоҳанг гардидаанд. Дар саҳни ҳавлии чойхона 3 суҳбаткадаи кандакорӣ қомат афрохтааст, ки аз ғановатмандии ҳунарҳои миллии тоҷикӣ шаҳодат медиҳад. Сипас, дар ҳамин ҷо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд тавассути 4 ҳавз ба дарёи Сир 1 миллион моҳича сар доданд. Моҳичаҳо аз зотҳои амури сафед, пешонапаҳни сафед ва зағорамоҳӣ мебошанд, ки дар коргоҳҳои моҳичапарварии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд парвариш ёфтаанд.
Тадбирандешии мазкур дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири афзоиш додани саршумори моҳӣ дар дарёи Сир роҳандозӣ гардидааст. Дар ҳамин ҷо, дар 5 аквариум намудҳои моҳӣ аз оилаи амури сафед, пешонапаҳни сафед ва зағорамоҳӣ муаррифӣ карда шуд, ки дар коргоҳҳои истеҳсоли моҳӣ ва хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят парвариш меёбанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки моҳиҳои амури сафед, пешонапаҳни сафед ва зағорамоҳӣ вобаста ба шароити обу иқлим ба ҳисоби миёна дар давоми 1 сол аз 600 грамм то 1 килову 500 грамм вазн мегиранд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз сар додани моҳичаҳо ба мутахассисони соҳа барои рушди моҳипарварӣ тавсияҳои судманд дода, изҳор доштанд, ки дар обҳои Тоҷикистон зиёда аз 20 навъи моҳиро парвариш кардан мумкин аст.

Санаи нашр: 24.09.2026 №: 185