ОҒОЗИ БУНЁДИ ТЕРМИНАЛИ НАВИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
![]()
Бегоҳии 9-уми октябр, пас аз бозгашт аз Туркманистон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба сохтмони бинои терминали нави байналмилалӣ санги асос гузоштанд.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони терминали нави байналмилалӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо риояи тамоми меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ эъмор мегардад.
Иқтидори терминали муосир баробар ба хизматрасонии 8,5 миллион мусофир дар як сол мебошад.
Муҳлати сохтмони бино яку ним сол муайян гардида, он бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ ва ҷалби садҳо мутахассиси ботаҷриба бунёд меёбад.
Ҳадаф аз бунёди иншооти нав таъмини сатҳи баланди қабул ва гусели мусофирон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва анъанаҳои накуи меҳмоннавозии тоҷикона мебошад.
Аснои шиносоӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Фурудгоҳ ва дигар шахсони масъул супориш доданд, ки корҳо бо сифати баланд ба роҳ монда шуда, терминали нав дар муҳлати муайяншуда ба истифода дода шавад.
