ҲАМОИШИ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ – ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ»

БАРДОШТУ ИНТИЗОРИҲО АЗ ОН
Чанде пеш дар шаҳри Сеул Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея” баргузор гашт, ки дар сатҳи роҳбарони кишварҳо доир шудани онро коршиносон омили афзудани таваҷҷуҳ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ унвон мекунанд. Таҳлилгарон дар ин сатҳ баргузор шудани Ҳамоишро қадами устувор дар рушди ҳамкорӣ миёни кишварҳои мавриди назар арзёбӣ карданд.
ОСИЁИ МАРКАЗӢ БА МАЙДОНИ МУСТАҚИЛИ ДИПЛОМАТӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД
Маркус Фридрих Шнайдер, коршинос ва таҳлилгари мустақил, ки иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказиро таҳқиқ мекунад, мегӯяд: “ИМА формати «C5+1»-ро тавсеа медиҳад, Чин бо ин кишварҳо нишасти хоси худро доир мекунад, Иттиҳоди Аврупо, мамлакатҳои халиҷи Форс ва Ҷопон низ сохторҳои ҳамкории худро бо ин давлатҳо доранд. Ҳамин тавр, Осиёи Марказӣ тадриҷан ба як майдони мустақили дипломатӣ табдил меёбад, ки қудратҳои ҷаҳонӣ дар ин минтақа ба масъалаҳои обу энергетика, нақлиёт, маъданҳои нодир ва логистика таваҷҷуҳи хос доранд”.
Дар идома коршинос таъкид мекунад, ки аз нигоҳи иқтисодӣ Корея ба ҳар кадоми ин кишварҳо вобаста ба иқтидорашон муносибат мекунад. Қазоқистон бо платформаи пешрафтаи саноатию сармоягузорӣ ва маркази логистикиаш афзалият дошта бошад, Ӯзбекистон бо бозор, қувваи корӣ ва шабакаи фаъоли муассисаҳои кореягӣ дар қаламраваш бартарият дорад. Туркманистон лоиҳаҳои бузурги муҳандисию саноатиро пешниҳод менамояду Тоҷикистон захираҳои обиву энергетикӣ ва маъданҳои нодирро. Бозори Қирғизистон хурд ҳам бошад, дар он имкониятҳои сармоягузорӣ зиёданд.
“РОҲИ АБРЕШИМИ КОРЕЯГӢ” ЧӢ ҲАДАФ ДОРАД?
Ширкати ҳолдингии расонаии РБК манфиатҳои Сеулро аз ин Саммит чунин номбар мекунад: пайвастани захираҳои муҳими маъданӣ ва энергетикии Осиёи Марказӣ бо технология ва таҷрибаи Корея дар соҳаи иктишофи геологӣ ва коркард. Илова бар ин, Сеул барои ҳузури фаъолтари ширкатҳои кореягӣ дар бозорҳои Осиёи Марказӣ талош дорад.
Ба навиштаи оҷонсӣ, аз соли 2024 Кореяи Ҷанубӣ стратегияи мукаммалеро барои рушди муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ татбиқ мекунад, ки бо номи «K-Silk Road» (Роҳи абрешими кореягӣ) маъруф аст. Он ҳамкории густурдаи иқтисодӣ, технологӣ ва сиёсиро дар бар мегирад. Тибқи ин стратегия, Осиёи Марказӣ бо захираҳо, бозорҳои нав, мавқеи ҷуғрофӣ ва иқтидори рушд бартарият дораду Кореяи Ҷанубӣ бо технологияи пешрафта, сармоя ва таҷрибааш дар соҳаи саноат.
ПУЛЕ МИЁНИ ОСИЁИ ШАРҚӢ ВА АВРУПО
“Независимая газета” вобаста ба мавзуъ менависад, ки Кореяи Ҷанубӣ ашёи хом надорад, аммо саноати он ба нафт, уран, литий, мис, никел, кобалт ва металлҳои нодири дигар ниёз дорад. Бидуни ин мавод истеҳсоли батареяҳо, нимноқилу автомобилҳо ва таҷҳизот барои неругоҳҳои барқи атомӣ ғайриимкон аст. Дар Осиёи Марказӣ бошад, бисёре аз ин захираҳо мавҷуданд. Қазоқистонро нафту уран, хрому мис бозоргир мекунад. Уран ва миси Ӯзбекистон таваҷҷуҳро ба ин кишвар меафзояд, дар ҳоле ки конҳои литий ва волфрам низ таҳқиқ мешаванд. Тиллою сурмаи Тоҷикистону Қирғизистон ва маҳсулоти газу нафту кимиёии Туркманистон аз афзалиятҳои ин кишварҳо унвон мешаванд. Аз ҷониби дигар, мавқеи ҷуғрофии Осиёи Марказӣ аз он ҷиҳат таваҷҷуҳи Сеулро ба минтақа афзудааст, ки он пуле миёни Осиёи Шарқӣ ва Аврупо ба шумор меравад.
Дар ин робита, Президенти Ҷумҳурии Корея Ли Ҷэ-Мён изҳор доштааст, ки нишасти сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Корея бояд роҳи наверо барои ҳамкории иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо Аврупо ва Ховари Миёна боз намояд.
ОЯНДАИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ КОРЕЯ ЧӢ ГУНА ХОҲАД БУД?
Тоҷикистон низ дар навбати худ ба тавсеаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея ҳавасманд аст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея” иброз доштанд, ки Тоҷикистон дорои зарфиятҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва захираҳои табиӣ, аз ҷумла маъданҳои нодир ва муҳим, имкониятҳои назарраси сайёҳӣ ва неруи кории ҷавон мебошад. Ҳукумати мамлакат ба рушди энергияи барқароршаванда, бахусус обӣ, офтобӣ ва бодӣ, афзалият медиҳад. Инчунин, 10 номгӯйи маъдани нодир, дар маҷмуъ, зиёда аз 800 кон ва 70 намуди канданиҳои фоиданок дар кишвари мо мавҷуданд.
Ин зарфиятҳо ояндаи устувори ҳамкориро бо Ҷумҳурии Корея таъмин хоҳанд кард.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
“Ҷумҳурият”
