IT PARK DUSHANBE ВА ГУСТАРИШИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ФАЗОИ РАҚАМӢ


Ҷаҳони муосир ба сӯйи рақамикунонӣ ва татбиқи технологияҳои пешрафтаи зеҳни сунъӣ босуръат пеш меравад. Имрӯз технология дигар танҳо як воситаи маъмулии муошират ё фароғат нест, балки ба яке аз омилҳои асосии рушди иқтисод, маориф, илм ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа табдил ёфтааст. Дар ин миён як суоли муҳим пеш меояд: ҷойгоҳ ва ояндаи забони тоҷикӣ дар дунёи нави рақамӣ чӣ гуна хоҳад буд?
Агар мо имрӯз барои ворид кардани забони давлатӣ ба фазои рақамӣ ва омӯзондани он ба системаҳои интеллектуалӣ кӯшиш накунем, фардо муваффақ шуданамон мушкилтар мешавад. Маҳз бо назардошти ҳамин зарурат, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул гардида, раванди рақамикунонии кишвар аҳамияти нави ҳаётиро пайдо кард. Дар ин раванди тақдирсоз IT Park Dushanbe ҳамчун платформаи асосии технологӣ ва ташкилкунандаи муҳити инноватсионӣ нақши калидиро мебозад.
Директори IT Park Dushanbe Темур Хисамутдинов дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома мавзуъро шарҳи бештар дод:
– Тараққиёти технология ва рушди забони давлатӣ дар фазои рақамӣ бояд ду раванди якдигарро пурракунанда ва ҳамқадам бошанд. Агар мо имрӯз барои забони тоҷикӣ манбаъҳои босифати рақамӣ созем, воситаҳои пешрафтаи коркарди матну нутқро таҳия намоем ва зеҳни сунъиро бо забони тоҷикӣ ошно созем, барои наслҳои оянда заминаи мустаҳками технологӣ мегузорем. Аз ин рӯ, ворид кардани забони тоҷикӣ ба фазои рақамӣ танҳо вазифаи забоншиносон нест. Ин як ҷузъи пайваста ва ҳаётии рушди технология, маориф, илм ва сармояи инсонии кишвар аст.
Хушбахтона, айни ҳол дар ин самт лоиҳаҳои мушаххас равона шудаанд, ки яке аз онҳо таъсиси мактаби зеҳни сунъӣ дар назди IT Park Dushanbe мебошад. Мақсади асосии ин мактаб омода кардани мутахассисони касбӣ ва таҳияи муҳтавои таълимии рақамӣ ба забони тоҷикӣ аст. То имрӯз аксари китобҳо, дастурҳо ва курсҳои барномасозиву зеҳни сунъӣ танҳо бо забонҳои хориҷӣ дастрас буданд, ки ин барои бисёр ҷавонон монеаи ҷиддӣ эҷод мекард. Ҳоло дар доираи ин ташаббус курсҳои рақамӣ оид ба самтҳои мураккабтарин ва пешрафтаи соҳа – таҳлили маълумот (Data Science), омӯзиши мошинӣ (Machine Learning), биниши компютерӣ (Computer Vision), Deep Learning, Data Mining, робототехника ва интернети ашё (IoT) ба забони тоҷикӣ омода мегарданд. Ин қадами бузург имкон медиҳад, ки ҷавонони тоҷик донишҳои пешрафтатарини асрро бо забони модарии худ озодона фаро гиранд.
Ҳамзамон, барои он ки лоиҳаҳои забонӣ ва стартапҳо дар муҳити рақамӣ рушд кунанд, IT Park Dushanbe имкониятҳо ва шароити мусоидро фароҳам овардааст. Инҳо фароҳам намудани муҳити инноватсионӣ, дастгирӣ ва рушди стартапҳо ва маҳсулоти рақамӣ, мусоидат ба ҳамкорӣ бо сармоягузорон, ташкили барномаҳои таълимӣ, хакатонҳо ва озмунҳо, инчунин, кумак барои баромадани маҳсулоти рақамии ватанӣ ба бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошанд. Аммо дар ин ҷо як нуктаи нозук ва бисёр муҳим вуҷуд дорад: барои сохтани зеҳни сунъӣ ва технологияҳои забонӣ танҳо кӯшиши барномасозон кофӣ нест. Ҷалби забоншиносон, муҳаққиқон, омӯзгорон ва мутахассисони соҳаҳои дахлдор барои таҳияи корпусҳои забонӣ, маҷмуаҳои маълумот, истилоҳоти соҳавӣ ва арзёбии сифати моделҳои зеҳни сунъӣ зарур мебошанд. Аз ин рӯ, IT Park Dushanbe ҳамкории зичро бо муассисаҳои таълимию илмӣ оғоз кардааст. Аз ҷумла, бо Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ заминаҳои муштарак барои таҳқиқот ва таҳияи қарорҳои амалӣ сохта мешаванд. Ҳадаф эҷоди занҷираи ягона ва устувори донишгоҳ – илм – технология – стартап – маҳсулоти рақамӣ аст. Маҳз дар чунин ҳамкории сеҷониба забоншиносон ва барномасозон метавонанд корпусҳои босифати забонӣ ва маҷмуаҳои маълумотро барои омӯзондани зеҳни сунъӣ ва арзёбии сифати моделҳо созанд.
Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 муҳимтарин ҳуҷҷатест, ки роҳи ояндаи технологиву иқтисодии кишварро муайян мекунад. Дар ин Стратегия рушди забони тоҷикӣ ва ҳузури он дар технологияҳои муосир ҷойгоҳи марказӣ ва аҳамияти стратегӣ дорад.
Бояд гуфт, ки ворид намудани забони тоҷикӣ ба олами зеҳни сунъӣ як раванди дарозмуддат ва бисёрҷанбаест, ки аз доираи имкониятҳои як ташкилот ё ширкати алоҳида берун аст. Дар ин ҷо ҳамкории зичи сохторҳои давлатӣ, IT-ширкатҳо, донишгоҳҳо, муассисаҳои илмӣ, забоншиносон ва соҳибкорон зарур аст. Бинобар ин, IT Park Dushanbe ҳамеша омода аст, ки ҳамчун платформаи технологӣ барои чунин ҳамкорӣ минбаъд низ мусоидат намояд.
Руҳафзо МУРОДОВА,
«Ҷумҳурият»
