РӮШАНГАРЕ АЗ РӮШОН. ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ОМӮЗГОР ГАДОАЛӢ РАҲМОНШОЕВ
![]()
Бобои Гадоалӣ, ин пирамарди 90-сола дар деҳаҳои Хуҷанд, Дерзуд, Вознавд, Хуф ва Баррӯшони ноҳияи Рӯшон 38 сол омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик буд. Ба ин пешаи муқаддас садоқати намунавӣ нишон дод. Вақте тирамоҳи соли 2021 ба хонааш меҳмон шудем, аз чеҳрааш нур меборид, нури ифтихор. Сарфарозу қаноматманд буд, ҳазлу шӯхӣ мекард, аз умри дарози пурсамари хеш розӣ буд. Нуҳ фарзандро ба камол расонда, ҳамаро соҳиби маълумоти олӣ кардаву хонаҳои фарзандонашро бо пайтешаи хеш сохта буд. Мо – хомакашони рӯзномаи “Ҷумҳурият”-ро дар боғи бо дастони худаш сабзкарда сайр дода, бо себ, чормағз ва тут меҳмондорӣ мекард.
Бобои Гадоалӣ 6-уми октябри соли 1936 дар деҳаи Баррӯшони ВМКБ ба ҷаҳон омад. Падараш деҳқон буду худаш деҳқонзода аст. Аз як гӯшаи дурдасти Бадахшон соли 1958 барои идомаи таҳсил ба шаҳри Душанбе омад. ДДОТ ба номи Садриддин Айниро, ки он замон ба номи Шевченко буд, хатм намуда, аз соли 1958 пайи таълиму тадрис шуд. То соли 1996 садҳо шогирдонро бо муҳаббат дарс гуфт, меҳри онҳоро ба забони модарӣ, адабиёти ҷовидони порсии тоҷикӣ афзуд.
Дар ин муддат бо Сайёр ном бонуи ҳамдеҳааш хонадорӣ кард ва соҳиби 9 фарзанд шуданд. Азбаски худаш хондаву лаззати коғазу қаламро чашида буд, талош кард, то ҳама фарзандонашро соҳибмаълумот намояд. Ин аст, ки шаш духтар ва се писарро дар донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон дохил кард. Албатта, барои як омӯзгори рустоӣ хонондани фарзандон, ки пасу пеш дар пойтахти кишвар ва шаҳри Хоруғ донишҷӯ мешуданд, осон набуд, аммо ӯ марди кӯҳистон аст, мисли кӯҳ сабуру ботамкин. Бо ҷуфти арҷмандаш сабр кард ва диданду чашиданд, ки меваи сабр ширин аст.
Духтари ӯ Барноз, ки ҳамқалами мост, дар ҳамон сафари барои ҳамаи мо хотирмон дар хонаву хони падарӣ моро истиқбол гирифта, бо ифтихор мегуфт: “Ҳамин даргоҳи кӯдакиҳои моро қиблагоҳ бо дастони худ сохтааст, ҳамин дар, тиреза, рафҳои махсус, тоқчаву равзан маҳсули дастони ӯст”.
Медидем, ки дар рафҳои ӯ китобҳои гуногун, рӯзномаву моҳномаҳои солҳои рафта меистоданд. Пири кор бо вуҷуди он ки бист сол боз дарс намегӯяд, аммо аз китобу коғаз дур нест.
– Ҳар гоҳ падар хабар ёбад, ки аз фарзандон яке аз Душанбе ё аз ҷойи дигар ба деҳа омаданист, бо лаҳҷаи ширини хеш ҳатман таъкид мекунад, ки китобу газит биёред. Ин аст, ки мо, бахусус ман аз тобистон то тобистони дигар, ки рухсатӣ асту фурсати дидори падар ҳам фаро мерасад, ҳар қадар тавонистам китобу рӯзномаҳоро ҷамъ меоварам ва бурда мерасонам. Мисли кӯдак шод мешавад. Ҳанӯз ҳам бе айнак мехонад. Ин бор моҳе пеш вақте рафтам, дидам, ки “Шоҳнома”-и армуғонии Сарвари кишварро мехонд” – мегӯяд Барноз.
Қаҳрамони мо дар давоми сиву ҳашт соли омӯзгорӣ боре ҳам барои истироҳат ва саёҳат ҷойе нарафт, ба масал, ҷаҳонро аз як рустои Меҳан шинохт ва аз суҳбати ширинаш пайдост, набзи сиёсат, иқтисод ва иҷтимои моро беҳтар аз ҳар касе медонад, ки ҷаҳондидаву ҷаҳонгашта аст.
Фарзанди хурдияш Аслам аз пайи падар рафт. Мураббии варзиш аст ва, ҳамзамон, устои чирадаст. Пайваста пайи кори хайр мегардад.
Чун аз сари хонаш бо дуову фараҳ мерафтем, аз меваҳои ҷонбахши боғаш ба мо ҳам раҳтӯша дод, то ба Душанбе барем. Дар иҳотаи қуллаҳо ва аз оғӯши сафедорон моро вақте гусел мекард, ногаҳон ин мисраъҳо зери лаб шуд:
Хамӯш асло нагардад кош ё Раб, нури кӯҳистон,
Нагардад кӯр асло роҳҳои дури кӯҳистон.
Бибӯсам дастҳои пирамарду пиразанҳояш,
Ҳаминҳоянд охир меҳтару ганҷури кӯҳистон.
Чароғе бинӣ аз дур, он чароғи чашми модарҳост,
Шуда Хуршеди танҳои шаби дайҷури кӯҳистон.
Расад аз хоку санги кулбааш бӯи ҳаёти нав,
Нишоти зиндагӣ омӯз аз дастури кӯҳистон.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”
