СИДДИҚ БАРМАК: “ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ХУДРО ҲАМЧУН РОҲБАРЕ ФАРОТАР АЗ ҶАРАЁНҲО ВА ГУРӮҲҲО МУАРРИФӢ КАРД”
![]()
Анҷумани “Пайванд”, ки дар арафаи таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор шуд, тоҷикон ва форсизабонони оламро ба ҳам овард. Дар баробари иштирок дар ин ҳамоиши бошукӯҳ, меҳмонон, ки аксарашон солҳо аз Тоҷикистон дур буданд, хумори дидор мешикастанд.
“ДИДАНИ ДУШАНБЕИ ОБОДУ ОСОИШТА БАРОИ МАН ФАРАҲБАХШ БУД”
Дидани Душанбе бо ҳама зебоиву фазои идона барояшон ҳақиқати зебои руъё буд. Аз таассуроти некашон дармеёбем, ки ифтихори ватандорӣ дар ҳар кадоме садчанд боло гирифтаву шукр аз имрӯзи обод мекунанд, зеро онҳо замоне аз ин Ватан рафтанд, ки дар оташи ҷанг месӯхт ва ҳамакнун ҷойи он вайронаҳо қасру кушкҳо қомат афрохтаву онҳо меҳмонҳои ифтихории фархундаҷашни он – 35-солагии Истиқлоли давлатианд...
Шоистаи Равшан, яке аз фаъолони ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон, дар саҳифаи фейсбукии хеш менависад: “Солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ман дар Тоҷикистон зиндагӣ мекардаму устоди Донишгоҳи миллӣ будам. Ман даҳшати ҷанг, гуруснагӣ, дар навбати нон истодан, аз даст додани шогирдон, ҳамкорон ва дӯстонро хуб медонам. Аз ин рӯ, дидани Душанбеи ободу осоишта барои ман хеле фараҳбахш буд. Бо дидани зебоиҳои он, хотираҳои ғамангези қаблӣ гӯё дар як лаҳза ба дасти фаромӯшӣ рафтанд...”
РОҲБАРЕ, КИ ДОШТАНАШ ОРЗУИ ДИГАРОН АСТ
Миёни меҳмонон нафароне, ки аз Афғонистони ҳамсоя омада буданд, беихтиёр, дар дил орзуи доштани роҳбаре чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мепарвариданд; бо ин ният, ки рӯзе чунин шахсият ба майдони сиёсати онҳо низ хоҳад омад ва ба захмҳои тани Ватан марҳам гаштаву мазраи ормонҳояшро сабз хоҳад кард. Аз ҷумла, Сиддиқ Бармак, коргардони номдори синамо, дар суҳбате иброз медорад, ки рӯзе Афғонистон ба суботи комил хоҳад расид, ки ба саҳнаи сиёсии он роҳбароне чун Эмомалӣ Раҳмон ва Аҳмадшоҳи Масъуд зуҳур кунанд. “Масъудро касоне аз миён бардоштанд, ки хоҳони сулҳу созиш дар кишвари мо набуданд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон аз миёни оташу об гузашта, худро ҳамчун роҳбаре фаротар аз ҷараёнҳо ва гурӯҳҳо муаррифӣ кард”, – мегӯяд ӯ.
Дар ин суханон коргардони дунёдида эътироф мекунад, ки маҳз шахсиятҳое назири Роҳбари давлати мо қодиранд ба халқ сулҳ оранд, зеро барои онҳо на ҷараёну гурӯҳҳо, балки арзишҳои муқаддасе бо номи Ватан ва миллат вуҷуд доранду бас. Ин қабил шахсиятҳо барои сарҷамъ кардани миллат, офаридани таърих ва соҳибӣ кардани хоки пуршарафи аҷдодӣ меоянд.
Имрӯз мо ба ин мулки обод менигарем, ки ба қомат афрохтани биноҳову рӯз ба рӯз дигаргунтар шудани ҳар гӯшае аз он чашмамон одат кардааст. Аммо онҳое, ки аз берун меоянд ва шоҳиди дирӯзу имрӯзи моянд, ин дигаргуниро хеле хуб мебинанд, муқоиса мекунанд ва ба иродаву ҷасорати Сарвари давлат сано мехонанд.
Президенти мо дар роҳи ватансозӣ аз ҳеҷ роҳе барнагаштанд. Ҳатто, аз роҳҳое, ки бозгашт аз онҳо маълум набуд. Нигоҳҳои пурҳасрати ҳамватанон, ки аз падару модар, хонаву дар ва зану фарзандон дур монда буданд, Роҳбари давлатро ба Афғонистон бурд, то дубора дар умқи он чашмон шуълаи умедро рӯшан кунанд.
Ҳамин сабақҳои хирадмандонаи Сарвари давлат буданд, ки сулҳи мо бунёд, ваҳдати мо комил шуд, халқ ба ҳам омаду 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар фазои Ватан тантана кард.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
“Ҷумҳурият”
