ВМКБ. АЗ ҶАРАЁНИ ОМОДАГИҲО БА МАВСИМИ ЗИМИСТОН

12 октябр 2026, Душанбе
16


Омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон аз масъалаҳои мубрам маҳсуб мешавад. Бинобар ин дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, низ масъулон сари ин мавзуъ тадбирандешӣ менамоянд.
Дар бораи ҷараёни корҳои омодагӣ ба мавсими зимистон муовини раиси вилоят Мусо Мирзозода дар суҳбат ба хабарнигори рӯзнома чунин гуфт:
– Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи апрел дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026 – 2027” қарори дахлдор қабул ва нақшаи чорабиниҳоро иборат аз 4 банд ва 23 зербанд таҳия намуд. Айни ҳол дар назди Мақомот ситоди доимоамалкунанда фаъолият карда, то имрӯз корҳои муайянеро анҷом додааст. Пеш аз ҳама, ҷиҳати захира кардани намудҳои маҳсулоти асосии озуқаворӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, картошка, пиёз, консерваҳо ва маҳсулоти дигар, бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давраи тирамоҳу зимистон, бо дарназардошти интиқолу нигоҳдории онҳо дар бозорҳо ва анбору сардхонаҳо, чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Бо мақсади таъмини талаботи аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо бо маводи сӯхт дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят нуқтаҳои захира ва фурӯши сӯзишворӣ ташкил гардида, захира намудани он идома дорад. Дар маҷмуъ, дар ин нуқтаҳо то ҳол 5383 тонна ангишт, 31307 метри мукааб ҳезум ва 120911 литр сӯзишвории дизелӣ ва бензин захира шудааст.
Дар корхона ва муассисаҳои ҳудуди вилоят ба ҳолати якуми октябр аз 89 дегхонаи мавҷуда 75-то, аз 2467 гармкунаки барқӣ 2289 ва аз 4025 печи аловӣ 3965 печ дар ҳолати омодабош қарор дошта, дар ин самт ҳанӯз корҳо идома доранд.
Барои дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани иншооти энергетикӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии кори шабакаҳои барқӣ ва паст кардани талафоти техникӣ дар ҳудуди вилоят корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Гузарондани корҳои профилактикӣ дар зеристгоҳҳои 35 кВ “Ҷомӣ”, “Навобод”, “Роштқалъа” ва пайваст намудани ХИБ – 110 кВ “Хоруғ – Андароб” ба зеристгоҳи 110 кВ “Хоруғ” аз ҷумлаи ин корҳо мебошанд.
Насби панелҳои офтобӣ дар корхонаҳои саноатӣ, тиҷоратӣ, инчунин, барои дигар муштариён аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор меравад. То ҳол аз тарафи ширкати “Помир Энерҷӣ” дар 20 деҳаи ноҳияи Мурғоб ва мавзеи Харгӯшии ноҳияи Ишкошим неругоҳҳои барқи офтобӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Айни замон бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар деҳаҳои Вранчани ноҳияи Рӯшон, Гулбазгул, Яшилкӯл, Кошагили ноҳияи Мурғоб идома доранд. Дар умум, дар ин давра дар вилоят 30 неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 13 МВт ба истифода дода шуд.
Дар муассисаҳои нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят 70 техникаи роҳсозӣ мавҷуд аст, ки айни ҳол 47-тоаш омодаи кор мебошад. Ҳамчунин, муассисаҳои мазкур то ҳол қариб 19 ҳазор метри мукааб маводи зидди лағжиш ва 19,5 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ захира намудаанд.
Дар маҷмуъ, вилоят ба мавсими сармо омодагии комил дида, бовар аст, ки фаъолияти мунтазам ва самарабахши муассисаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳудуди вилоят дар мавсим таъмин мегардад.


Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 12.10.2026 №: 197