АЛӢ СУЛТОНТУЯ: “ФОРСИЗАБОНОНИ ҶАҲОН МЕХОҲАНД ТОҶИКИСТОНРО БЕШТАР БИШИНОСАНД”
![]()
Солҳои охир таваҷҷуҳи форсизабонони ҷаҳон ба Тоҷикистон, фарҳанг, таърих ва табиати он бештар мегардад. Шабакаҳои иҷтимоӣ низ дар муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон нақши муҳим доранд ва таҷрибаи блогерони форсизабон нишон медиҳад, ки муҳтавои марбут ба кишвари мо метавонад таваҷҷуҳи зиёди аудиторияро ҷалб кунад.
Яке аз чунин чеҳраҳо блогери эронитабор Алӣ Султонтуя мебошад, ки ӯро ҳамчун «Сафири сулҳи форсизабонон» мешиносанд. Ӯ баъд аз сафарҳои худ ба Тоҷикистон дар саҳифаи Facebook-и хеш аз афзоиши таваҷҷуҳи форсизабонон ба Ватани маҳбубамон гуфтааст:
– Ман то имрӯз се бор ба Тоҷикистон сафар доштам. Дар ду сафари охир кӯшиш кардам ин сарзамини зеборо аз нигоҳи дигар ба форсизабонони ҷаҳон нишон диҳам: мардум, фарҳанг, мусиқӣ, таърих, табиат, бозорҳо, ҷашнҳо ва зиндагии воқеии Тоҷикистон. Натиҷа барои ман ҳайратангез буд: мавзуи Тоҷикистон дар Instagram-и ман, дар маҷмуъ, беш аз 100 миллион бор тамошо шуд, аммо муҳимтар аз ин, паёмҳое буданд, ки баъд аз сафар гирифтам. Эрониён ва форсизабонони зиёде мепурсиданд: «Чӣ гуна метавонем ба Тоҷикистон сафар кунем? Ҳатто, дӯстонам дар соҳаи ҳавопаймоӣ ва саёҳат аз зиёд шудани пурсишу таваҷҷуҳ барои сафар ба Тоҷикистон ба ман хабар доданд. Ман намехоҳам ҳамаи инро ба худ нисбат диҳам. Барои ман ин танҳо як чизро нишон медиҳад: форсизабонони ҷаҳон мехоҳанд Тоҷикистонро бештар бишиносанд. Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон ҳар кадом ҳувияти хоси худро дорад, аммо забон, таърих ва фарҳанги муштарак моро садсолаҳо ба ҳам пайвастааст.
Ин таҷриба нишон медиҳад, ки Тоҷикистон барои аудиторияи форсизабон танҳо як кишвари ҳамзабон нест. Барои бисёриҳо он метавонад маконе бошад, ки дар он решаҳои муштараки забонӣ ва фарҳангӣ бо манзараҳои кӯҳистонӣ, шаҳрҳои қадима, суннатҳои миллӣ, мусиқӣ, ҷашнҳо ва зиндагии ҳаррӯзаи мардум ба ҳам меоянд.
Тоҷикистон имкониятҳои зиёде барои муаррифии чеҳраи воқеии худ дорад: аз Душанбе то кӯҳистони Бадахшон, аз шаҳрҳои таърихӣ то бозорҳои пурҷӯшу хурӯш ва аз Наврӯз то дигар ҷашнҳову суннатҳои миллӣ. Афзоиши таваҷҷуҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад барои рушди робитаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ миёни кишварҳои форсизабон низ заминаи бештар фароҳам оварад. Ҳар саёҳат, ҳар акс ва ҳар навори хуб метавонад тасаввуроти наве дар бораи Тоҷикистон эҷод кунад.
Тоҷикистон кишвари дорои таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва табиати нотакрор аст. Ва агар шумораи бештари форсизабонони ҷаҳон имрӯз мепурсанд, ки «чӣ гуна метавонем ба Тоҷикистон сафар кунем?», ин метавонад нишонаи таваҷҷуҳи рӯзафзун барои шинохти ин сарзамин бошад.
Тоҷикистонро дидан – ин шиносоӣ бо як бахши муҳими ҷаҳони форсизабонон ва таҷрибаи мустақими ошноӣ бо фарҳангу табиати он аст.
Таҳияи Сайфиддин СУННАТӢ,
“Ҷумҳурият”
