«ЗАБОН — САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ»

12 октябр 2026, Душанбе
11


Дар Хадамоти гумрук бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарияти Хадамоти гумрук, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсӣ иштирок намуданд.


Муовини сардори Хадамоти гумрук Иззатулло Ҳурматзода маҷлиси тантанавиро ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.
Зикр гардид, ки забон яке аз муқаддасоти миллӣ буда, дар ташаккули худшиносии миллӣ, ҳифзи таъриху фарҳанг ва идомаи суннатҳои маънавии халқ нақши муҳим дорад. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ ба шумор рафта, дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеа мавқеи муҳимро дорост.
Дар робита ба баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ ва рушду ҳифзи он дар раванди ҷаҳонишавӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки соҳибзабонон бояд забони модариро ҳамчун арзиши муқаддаси миллӣ пос дошта, барои поку бегазанд нигоҳ доштани он саҳм гузоранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Забон гавҳари бебаҳо, мояи ифтихор ва олитарин муқаддасоти миллии мост, ки аз гузаштагон мерос мондааст ва мо бояд онро барои наслҳои оянда дар шакли суфтаву такмилёфта ва поку бегазанд ба мерос гузорем».
Гуфта шуд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши муносибатҳои фарҳангии ҷаҳонӣ баланд бардоштани маърифати забонӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва истифодаи дурусти забони давлатӣ аҳамияти хос дорад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти гумрук, бояд, дар баробари донистани забони давлатӣ, фарҳанги баланди суханро риоя намуда, дар тарғиби забони давлатӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ саҳм гузоранд.


Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 12.10.2026 №: 197