ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68, мод. 69, №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346, №7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126, №7, мод. 399, №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3, №6, мод. 444, мод. 447, №10, мод. 803, №12, қ. 1, мод. 986, №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80, №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155, №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161, №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258, №7, мод. 694; с. 2013, №6, мод. 403, мод. 404, №11, мод. 785, №12, мод. 881; с. 2014, №3, мод. 141, №7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, №3, мод. 198, мод. 199, №11, мод. 949, №12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, №3, мод. 127, №5, мод. 355, мод. 356, №7, мод. 608, мод. 609, №11, мод. 874, мод. 875; с. 2017, №1-2, мод. 2, мод. 3, №7-9, мод. 586; с. 2018, №1, мод. 4, мод. 5, №5, мод. 266, №7-8, мод. 522; с. 2019, №1, мод. 1, мод. 2, №6, мод. 311; с. 2020, №1, мод. 8, мод. 9, №7-9, мод. 607, мод. 623, №12, мод. 904; с. 2021, №4, мод. 196, №12, қ. 2, мод. 683; с. 2022, №7, мод. 437, мод. 438, №12, қ. 2, мод. 764, . 765; с. 2023, №11, мод. 457, мод. 458; с. 2024, №5-6, мод. 251; с. 2025, №3-4, мод. 248, №5, мод. 507, №11-12, мод. 875, мод. 876; с. 2026, №5-6, мод. 342), моддаи 2062 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 2062. Муомилоти системаҳои электронии таҳвили никотин, ҷузъҳои таркибӣ ва маҳсулоти никотиндор
1) Истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии таҳвили никотин, аз ҷумла сигаретҳои электронӣ, ҷузъҳои таркибӣ, маззадиҳанда ва ҳама гуна моеъҳо барои системаҳои электронии таҳвили никотин, маҳсулот аз тамокуи гармкардашуда, моеи никотиндор ва беникотин, картриҷ (капсула), омехтаи никотиндор, дастгоҳи таҳвили никотин, маҳсулоти тамокуи ғайрикашиданӣ, ҳама гуна маҳсулоти ғайрикашидании дорои никотин (ба истиснои нос), аз ҷумла снюсҳо (маҳсулоти тамокуи бе дуд), никпэкҳо (омехтаи бе тамокуи дар таркибаш миқдори зиёди никотини сунъидошта) ва ҳаммонанди онҳо, агар чунин кирдорҳо дар давоми соли баъд аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошанд, -
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешаванд.
2) Ҳамин кирдорҳо, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
б) ба миқдори калон;
в) такроран содир шуда бошанд, -
бо ҷарима ба андозаи аз ҳазор то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.
Эзоҳ: Кирдорҳои пешбининамудаи қисми 2) моддаи мазкур ҳангоме ба миқдори калон содиршуда ҳисобида мешаванд, агар арзиши бозории системаҳои электронии таҳвили никотин, ҷузъҳои таркибӣ ва маҳсулоти никотиндор аз ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 октябри соли 2026, №2302
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 12 октябри соли 2026, №618
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2026, №221
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159, №7-8, мод. 609: с. 2012, №4, мод. 259, №7, мод. 714, №8, мод. 815, №12, қ. 1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, №7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, №3, мод. 142; №11, мод. 643; с. 2015, №11, мод. 950; с. 2016, №3, мод. 128, №5, мод. 357, №7, мод. 610, мод. 611; с. 2017, №1-2, мод. 4; с. 2018, №5, мод. 267; с. 2019, №1, мод. 3; с. 2020, №7-9, мод. 602, мод. 608; с. 2021, №1-2, мод. 5, № 4, мод. 197, №12, қ. 2, мод. 684, мод. 685; с. 2022, №1-3, мод. 4, №7, мод. 442, №12, қ. 2, мод. 766, мод. 767; с. 2024, №1-2, мод. 2), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 49 пас аз калимаи «судшаванда» калимаҳои «, ба истиснои дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи ноболиғ,» илова карда шаванд.
2. Сархати дуюми қисми 1 моддаи 501 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- гумонбаршаванда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшудаи ноболиғ ё ноболиғе, ки дар содир шудани ҷиноят ҷабрдида эътироф гардидааст;».
3. Ба сархати дуюми қисми 1 моддаи 51 пас аз калимаи «бошанд» калимаҳои «ё ноболиғ дар содир шудани ҷиноят ҷабрдида эътироф гардида бошад» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 октябри соли 2026, № 2303
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 10 июни соли 2026, №470
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2026, №222
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод. 708, №11, мод. 955, №12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, №3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, №5, мод. 359, мод. 361, №7, мод. 613, мод. 614, №11, мод. 877; с. 2017, №1-2, мод. 5, мод. 6, №5, қ. 1, мод. 275, №7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, №1, мод. 9, №5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, №1, мод. 8, №6, мод. 312, мод. 313, №7, мод. 464; с. 2020, №1, мод. 6, №7-9, мод. 604, мод. 606, мод. 621, №12, мод. 900, мод. 901; с. 2021, №6, мод. 384, мод. 385, №12, қ. 2, мод. 686, мод. 687, мод. 688, мод. 689; с. 2022, №1-3, мод. 12, №7, мод. 443, №12, қ. 2, мод. 768; с. 2023, №4-6, мод. 155, №11, мод. 459; с. 2024, №1-2, мод. 3, мод. 4, №5-6, мод. 252, мод. 253, №7-11, мод. 518, мод. 519; с. 2025, №1, мод. 4, №3-4, мод. 249, №5, мод. 508, с. 2025, №11-12, мод. 878, мод. 879; с. 2026, №1-2, мод. 6, мод. 7), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи боби 36 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«БОБИ 36. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ, БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ».
2. Дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 648 калимаҳои «аз даҳ то понздаҳ», «аз сӣ то чил», «аз сад то дусад», «аз бист то сӣ», «аз панҷоҳ то ҳафтод» ва «аз дусад то сесад» мувофиқан ба калимаҳои «аз понздаҳ то бист», «аз чил то панҷоҳ», «аз як саду панҷоҳ то дусад», «аз бисту панҷ то сию панҷ», «аз як саду панҷоҳ то дусад» ва «аз чорсад то чорсаду панҷоҳ» иваз карда шаванд.
3. Моддаҳои 6481, 6482 ва 6483 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Моддаи 6481. Риоя накардани тартиб ва муҳлати пешниҳод намудани ҳисоботи молиявӣ ва хулосаи аудиторӣ
Барои аз ҷониби субъектҳои дорои манфиати умум риоя накардани тартиб ва муҳлати пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ ва хулосаи аудиторӣ ба мақоми ваколатдори маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ, -
ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсаду ҳаштод то шашсаду сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 6482. Нагузарондани баҳисобгирӣ ва барӯйхатгирии ҳатмии молу мулк, дороиҳо ва уҳдадориҳо
Барои аз ҷониби ташкилотҳои давлатӣ нагузарондани баҳисобгирӣ ва барӯйхатгирии ҳатмии молу мулк, дороиҳо ва уҳдадориҳо, ки боиси расондани зарар ба давлат гардидааст, -
ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то як саду чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 6483. Риоя накардани тартиби инъикоси амалиёт ва рӯйдодҳо дар низоми баҳисобгирии муҳосибӣ
Барои аз ҷониби ташкилотҳои давлатӣ риоя накардани тартиби инъикоси амалиёт ва рӯйдодҳо дар низоми баҳисобгирии муҳосибӣ, ки боиси расондани зарар ба давлат гардидааст, -
ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 октябри соли 2026, №2304
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 10 июни соли 2026, №458
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2026, №223
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 502; с. 2014, №3, мод. 145, №7, қ. 1, мод. 391, №11, мод. 644; с. 2015, №3, мод. 202, №7-9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, №11, мод. 956, №12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, №3, мод. 133, №7, мод. 615; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 276; с. 2018, №1, мод. 8, №5, мод. 270, мод. 271; с. 2020, №1, мод. 7, №7-9, мод. 601, мод. 605, мод. 622, №12, мод. 902, мод. 903; с. 2021, №1-2, мод. 4, №4, мод. 194, мод. 195, №6, мод. 386, №12, қ. 2, мод. 690; с. 2022, №1-3, мод. 9, мод. 10, мод. 11, №12, қ. 2, мод. 769; с. 2023, №1-3, мод. 3, №4-6, мод. 156; с. 2024, №1-2, мод. 5, мод. 6, №5-6, мод. 254, №7-11, мод. 520; с. 2025, №1, мод. 4; с. 2026, №1-2, мод. 8) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 1 моддаи 93 пас аз рақами «644,» рақам ва калимаҳои «648 қисми 2 (танҳо нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ) ва 6481,» илова карда шаванд.
2. Дар моддаи 129:
- дар қисми 1 калима ва рақами «ва 648» ба рақамҳо ва калимаҳои «, 648 қисми 1 ва қисми 2 (ба истиснои шахсони ҳуқуқӣ), 6482 ва 6483» иваз карда шаванд;
- сархати дуюми қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ доир ба ҳуқувайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 647, 648 қисми 1 ва қисми 2 (ба истиснои шахсони ҳуқуқӣ), 6482 ва 6483 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;»;
- сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- роҳбарони мақомоти молия дар маҳалҳо доир ба ҳуқувайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 6482 ва 6483 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 октябри соли 2026, №2307
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 10 июни соли 2026, №460
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2026, №226
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод. 708, №11, мод. 955, №12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, №3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, №5, мод. 359, мод. 361, №7, мод. 613, мод. 614, №11, мод. 877; с. 2017, №1-2, мод. 5, мод. 6, №5, қ. 1, мод. 275, №7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, №1, мод. 9, №5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, №1, мод. 8, №6, мод. 312, мод. 313, №7, мод. 464; с. 2020, №1, мод. 6, №7-9, мод. 604, мод. 606, мод. 621, №12, мод. 900, мод. 901; с. 2021, №6, мод. 384, мод. 385, №12, қ. 2, мод. 686, мод. 687, мод. 688, мод. 689; с. 2022, №1-3, мод. 12, №7, мод. 443, №12, қ. 2, мод. 768; с. 2023, №4-6, мод. 155, №11, мод. 459; с. 2024, №1-2, мод. 3, мод. 4, №5-6, мод. 252, мод. 253, №7-11, мод. 518, мод. 519; с. 2025, №1, мод. 4, №3-4, мод. 249, №5, мод. 508, с. 2025, №11-12, мод. 878, мод. 879; с. 2026, №1-2, мод. 6, мод. 7), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба сархати чоруми қисми 2 моддаи 90 пас аз калимаи «тамоку» аломат ва калимаҳои «, системаҳои электронии таҳвили никотин» илова карда шаванд.
2. Ном ва диспозитсияи қисми 1 моддаи 129 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Моддаи 129. Ҷалби ноболиғон ба истифодаи системаҳои электронии таҳвили никотин, истеъмоли маҳсулоти тамоку, машрубот ё моддаҳои мадҳушкунандаи дигар
1. Барои ҷалби ноболиғон ба истифодаи системаҳои электронии таҳвили никотин, истеъмоли маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахттаъсир ва мадҳушкунандаи дигар ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, -».
3. Аз қисми 3 моддаи 463, ном ва моддаи 4631 калимаҳои «ва системаҳои электронии таҳвили никотин» хориҷ карда шаванд.
4. Моддаи 4634 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 4634. Муомилоти системаҳои электронии таҳвили никотин, ҷузъҳои таркибӣ ва маҳсулоти никотиндор
Барои истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии таҳвили никотин, аз ҷумла сигаретҳои электронӣ, ҷузъҳои таркибӣ, маззадиҳанда ва ҳама гуна моеъҳо барои системаҳои электронии таҳвили никотин, маҳсулот аз тамокуи гармкардашуда, моеи никотиндор ва беникотин, картриҷ (капсула), омехтаи никотиндор, дастгоҳи таҳвили никотин, маҳсулоти тамокуи ғайрикашиданӣ, ҳама гуна маҳсулоти ғайрикашидании дорои никотин (ба истиснои нос), аз ҷумла снюсҳо (маҳсулоти тамокуи бе дуд), никпэкҳо (омехтаи бе тамокуи дар таркибаш миқдори зиёди никотини сунъидошта) ва ҳаммонанди онҳо, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
5. Ба қисми 1 моддаи 549 пас аз калимаҳои «маҳсулоти тамоку» аломат ва калимаҳои «, системаҳои электронии таҳвили никотин» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 октябри соли 2026, №2306
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 12 октябри соли 2026, №614
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2026, №225
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 502; с. 2014, №3, мод. 145, №7, қ. 1, мод. 391, №11, мод. 644; с. 2015, №3, мод. 202, №7-9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, №11, мод. 956, №12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, №3, мод. 133, №7, мод. 615; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 276; с. 2018, №1, мод. 8, №5, мод. 270, мод. 271; с. 2020, №1, мод. 7, №7-9, мод. 601, мод. 605, мод. 622, №12, мод. 902, мод. 903; с. 2021, №1-2, мод. 4, №4, мод. 194, мод. 195, №6, мод. 386, №12, қ. 2, мод. 690; с. 2022, №1-3, мод. 9, мод. 10, мод. 11, №12, қ. 2, мод. 769; с. 2023, №1-3, мод. 3, №4-6, мод. 156; с. 2024, №1-2, мод. 5, мод. 6, №5-6, мод. 254, №7-11, мод. 520; с. 2025, №1, мод. 4; с. 2026, №1-2, мод. 8) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисмҳои 3 ва 4 моддаи 23 пас аз калимаҳои «Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
2. Дар қисми 6 моддаи 69 калимаҳои «баъди пардохти» ба калимаҳои «пас аз ба таври ғайринақдӣ пардохт кардани» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 октябри соли 2026, №2308
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 15 июни соли 2026, №491
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2026, №227
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод. 708, №11, мод. 955, №12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, №3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, №5, мод. 359, мод. 361, №7, мод. 613, мод. 614, №11, мод. 877; с. 2017, №1-2, мод. 5, мод. 6, №5, қ. 1, мод. 275, №7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, №1, мод. 9, №5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, №1, мод. 8, №6, мод. 312, мод. 313, №7, мод. 464; с. 2020, №1, мод. 6, №7-9, мод. 604, мод. 606, мод. 621, №12, мод. 900, мод. 901; с. 2021, №6, мод. 384, мод. 385, №12, қ. 2, мод. 686, мод. 687, мод. 688, мод. 689; с. 2022, №1-3, мод. 12, №7, мод. 443, №12, қ. 2, мод. 768; с. 2023, №4-6, мод. 155, №11, мод. 459; с. 2024, №1-2, мод. 3, мод. 4, №5-6, мод. 252, мод. 253, №7-11, мод. 518, мод. 519; с. 2025, №1, мод. 4, №3-4, мод. 249, №5, мод. 508, с. 2025, №11-12, мод. 878, мод. 879; с. 2026, №1-2, мод. 6, мод. 7), моддаи 5412 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 5412. Муомилоти ғайриқонунии воситаи электронии пардохтӣ
1. Барои бо мақсади ғаразнок ба истифодаи муваққатӣ ё доимӣ ба шахси дигар ғайриқонунӣ додан, фурӯхтан ё харидорӣ кардани воситаи электронии пардохтӣ (корти пардохтии бонкӣ, ҳамёни электронӣ ё виртуалӣ ва дигар), ё паҳн кардани чунин воситаҳои электронии пардохтӣ, ки дар соҳибии ғайриқонунии шахс қарор дошта, ба истифодабарандаи минбаъдаи онҳо имконияти дастрасӣ ба суратҳисоб, ҳамёни электронӣ ё виртуалиро таъмин менамояд, –
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба соҳибкори инфиродӣ, ки дар асоси патент фаъолият менамояд, аз бист то сӣ, ба соҳибкори инфиродӣ, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамояд, аз сию панҷ то чилу панҷ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то шаст, ба шахсони ҳуқуқӣ аз шасту панҷ то ҳаштоду панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдорҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда, –
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то чил, ба соҳибкори инфиродӣ, ки дар асоси патент фаъолият менамояд, аз чил то чилу панҷ, ба соҳибкори инфиродӣ, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамояд, аз панҷоҳ то шаст, ба шахсони мансабдор аз шаст то ҳафтод, ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтоду панҷ то ҳаштоду панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 октябри соли 2026, №2305
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 7 октябри соли 2026, №580
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2026, №224
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба қисми 1 моддаи 93 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 502; с. 2014, №3, мод. 145, №7, қ. 1, мод. 391, №11, мод. 644; с. 2015, №3, мод. 202, №7-9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, №11, мод. 956, №12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, №3, мод. 133, №7, мод. 615; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 276; с. 2018, №1, мод. 8, №5, мод. 270, мод. 271; с. 2020, №1, мод. 7, №7-9, мод. 601, мод. 605, мод. 622, №12, мод. 902, мод. 903; с. 2021, №1-2, мод. 4, №4, мод. 194, мод. 195, №6, мод. 386, №12, қ. 2, мод. 690; с. 2022, №1-3, мод. 9, мод. 10, мод. 11, №12, қ. 2, мод. 769; с. 2023, №1-3, мод. 3, №4-6, мод. 156; с. 2024, №1-2, мод. 5, мод. 6, №5-6, мод. 254, №7-11, мод. 520; с. 2025, №1, мод. 4; с. 2026, №1-2, мод. 8) пас аз рақам ва аломати «5411,» рақам ва аломати «5412,» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 октябри соли 2026, №2309
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 7 октябри соли 2026, №582
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид
намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии
маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2026, №228
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба қисми 1 ва сархати якуми қисми 2 моддаи 98 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 502; с. 2014, №3, мод. 145, №7, қ. 1, мод. 391, №11, мод. 644; с. 2015, №3, мод. 202, №7-9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, №11, мод. 956, №12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, №3, мод. 133, №7, мод. 615; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 276; с. 2018, №1, мод. 8, №5, мод. 270, мод. 271; с. 2020, №1, мод. 7, №7-9, мод. 601, мод. 605, мод. 622, №12, мод. 902, мод. 903; с. 2021, №1-2, мод. 4, №4, мод. 194, мод. 195, №6, мод. 386, №12, қ. 2, мод. 690; с. 2022, №1-3, мод. 9, мод. 10, мод. 11, №12, қ. 2, мод. 769; с. 2023, №1-3, мод. 3, №4-6, мод. 156; с. 2024, №1-2, мод. 5, мод. 6, №5-6, мод. 254, №7-11, мод. 520; с. 2025, №1, мод. 4; с. 2026, №1-2, мод. 8) пас аз рақами «4633,» рақами «4634,» илова карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 октябри соли 2026, №2310
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 12 октябри соли 2026,№616
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2026, №229
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ШАҲРСОЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №12, қ. 1, мод. 998; с. 2016, №7, мод. 626; с. 2019, №1, мод. 24, мод. 25; с. 2020, №1, мод. 23; с. 2026, №1-2, мод. 10), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 2 ва минбаъд дар тамоми матни Кодекс калимаҳои «пудратии», «пудратчиро», «пудратчиён», «пудратчиёни», «Пудратчиёни», «Пудратчиёни», «пудратӣ», «пудратчӣ», «Пудратчӣ», «пудрати», «баҳодиҳии», «ӯҳдадорӣ», «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадоранд», «ӯҳдадориҳо», «ӯҳдадориҳои», «Ӯҳдадориҳои», «мӯҳлатҳои», «мӯҳлати», «Мӯҳлати», «МӮҲЛАТИ», «Мӯҳлати», «мӯҳлати», «мӯҳлат» ва «мӯҳлатҳое» мувофиқан ба калимаҳои «паймонкории», «паймонкорро», «паймонкорон», «паймонкорони», «Паймонкорони», «Паймонкорони», «паймонкорӣ», «паймонкор», «Паймонкор», «паймонкори», «арзёбии», «уҳдадорӣ», «уҳдадориҳои», «уҳдадоранд», «уҳдадориҳо», «уҳдадориҳои», «Уҳдадориҳои», «муҳлатҳои», «муҳлати», «Муҳлати», «МУҲЛАТИ», «Муҳлати», «муҳлати», «муҳлат» ва «муҳлатҳое» иваз карда шаванд.
2. Дар сархати шонздаҳуми қисми 1 моддаи 4 калимаи «шаҳрвандон» ба калимаҳои «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иваз карда шавад.
3. Дар қисми 3 моддаи 6 калимаи «ташкилотҳои» ба калимаи «иттиҳодияҳои» иваз карда шавад.
4. Ба моддаи 8 сархатҳои чорум ва панҷум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар фаъолияти шаҳрсозӣ барои кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист ва беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ;
- ҷорӣ намудани механизмҳои мунтазами назорат ва арзёбии иҷрои босифати лоиҳаҳои шаҳрсозӣ;».
5. Ба қисми 3 моддаи 9 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- меъёрҳои бехатариро дар сохтмон ва истифодаи объектҳои шаҳрсозӣ бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулода, ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон риоя ва таъмин намоянд;».
6. Қисми 3 моддаи 25 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Паймонкорони фаъолияти шаҳрсозӣ уҳдадоранд:
- риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, санитарӣ, зиддисӯхторӣ ва экологиро дар ҳамаи марҳилаҳои фаъолияти шаҳрсозӣ таъмин намоянд;
- дар асоси ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии тасдиқшуда ва шартномаи бо фармоишгар басташуда корҳои сохтмониро амалӣ намояд;
- зарари ба муҳити зист, молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё ҳаёту саломатии шаҳрвандон расондашударо ҷуброн намуда, барои бартарафсозии оқибатҳои он чораҳои дахлдор андешанд;
- талаботи дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи шаҳрсозӣ риоя намоянд.».
7. Ба қисми 5 моддаи 64 пас аз калимаи «радиатсионӣ» калимаҳои «, сейсмикӣ, сарфаҷӯйӣ ва самаранокии энергия, ҳалҳои лоиҳавӣ, дастрасии биною иншоот ба гурӯҳи камҳаракати аҳолӣ, маъюбон» илова карда шаванд.
8. Қисми 8 моддаи 66 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«8. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ҳолати мавҷуд набудани яке аз ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қисми 4 моддаи мазкур ё мутобиқ набудани ҳуҷҷатҳои пешбинишуда ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шаҳрсозӣ додани иҷозатро барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ рад менамояд.».
9. Дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 70 калимаҳои «лоиҳаи меъморӣ ё сохтмонӣ» ба калимаҳои «ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавӣ» иваз карда шаванд.
10. Дар матни моддаи 71 калимаҳои «иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба калимаҳои «низоми иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 октябри соли 2026, №2313
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 26 июни соли 2026, № 545
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2026, №257
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №7, мод. 604; с. 2022, №7, мод. 439; с. 2024, №5-6, мод. 255; с. 2026, №1-2, мод. 3) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Кодекс калимаи «ақали» ба калимаи «ақалли» иваз карда шавад.
2. Дар сархати ҳафтоду дуюми моддаи 1 калимаҳои «(қарордоди)» ва «(минбаъд – шартномаи меҳнатӣ)» хориҷ карда шуда, калимаи «дараҷаҳои» ба калимаҳои «сатҳи тахассуси» иваз карда шавад.
3. Дар қисми 6 моддаи 120 калимаҳои «тахассуси (гурӯҳ, дараҷа)» ба калимаҳои «сатҳи тахассуси» иваз карда шаванд.
4. Дар сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 124 калимаи «таҳсилкунанда» ба калимаи «корманд» иваз карда шавад.
5. Ба сархати панҷуми моддаи 128 баъд аз калимаи «шуғл» калимаҳои «, ташаккули хизматрасонӣ дар фазои рақамӣ ва таъмини дастрасӣ ба маълумот дар бораи имкониятҳои дарёфти кор, интихоби касб, имкониятҳои муассисаҳо оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи ташаккули малакаҳои касбӣ, хизматрасонии мақомоти мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва маълумоти зарурии дигар дар бораи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ, дастгирии дастрасӣ ба шаклҳои нави шуғл» илова карда шаванд.
6. Дар моддаи 142:
- дар қисми 3 калимаи «дараҷаи» ба калимаи «сатҳи» иваз карда шавад;
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Корфармо уҳдадор аст дар бораи ҳисоби музди меҳнат ва таркиби он, нигоҳ доштан аз музди меҳнат то ба кор шуруъ намудани корманд ва дар сурати тағйир ёфтани низоми пардохти музди меҳнат ба корманд маълумот пешниҳод намояд.».
7. Ба қисми 2 моддаи 143 пас аз калимаҳои «ҳадди ақали музди меҳнат» калимаҳои «, сатҳи умумии музди меҳнат ва арзиши зиндагӣ» илова карда шуда, калимаи «мебошад» ба калимаи «мебошанд» иваз карда шавад.
8. Дар қисми 1 моддаи 146 ва сархати сеюми қисми 1 моддаи 309 калимаи «дараҷаи» ба калимаи «сатҳи» иваз карда шавад.
9. Дар моддаи 147:
- дар қисми 2 калимаҳои «дараҷаи тахассусии мувофиқ» ва «тарифию тахассусии кор ва касби» мувофиқан ба калимаҳои «сатҳи тахассусии мувофиқ» ва «тахассусии касбҳои» иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои «дараҷаи нисбатан баланди тахассусӣ» ба калимаҳои «сатҳи тахассусии нисбатан баланд» иваз карда шаванд.
10. Дар ном ва қисми 1 моддаи 151 калимаҳои «дараҷаҳои тахассуси гуногун» ва «дараҷаи баландтари тахассусӣ» мувофиқан ба калимаҳои «сатҳи тахассуси гуногун» ва «сатҳи тахассусии нисбатан баланд» иваз карда шаванд.
11. Дар қисми 2 моддаи 268 калимаҳои «ки дараҷаи баланди тахассусӣ ва таҷрибаи корӣ дошта, доимо ба такмили дараҷаи тахассусӣ ва маҳорати касбии худ машғул мешавад» ба калимаҳои «ки сатҳи тахассусии нисбатан баланд ва таҷрибаи кории зиёдтар дошта, доимо бо такмили маҳорати касбии худ машғул мешавад» иваз карда шаванд.
12. Қисми 3 моддаи 307 хориҷ карда шавад.
13. Аз қисми 1 моддаи 308 калимаҳои «, ки он бо санади корфармо ба расмият дароварда мешавад» хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 октябри соли 2026, №2312
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 15 июни соли 2026, №493
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2026, №230
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ОИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 22, мод. 303; с. 2006, № 4, мод. 196; с. 2008, № 3, мод. 201; с. 2010, № 7, мод. 546; с. 2011, №3, мод. 177, № 12, мод. 855; с. 2013, № 3, мод. 195; с. 2015, № 11, мод. 960; с. 2016, № 3, мод. 143, № 11, мод. 881; с. 2017, №1-2, мод. 18; с. 2024, № 1-2, мод. 15, мод.16; с. 2025, №11-12, мод. 884) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 8:
- ба қисми 1 пас аз калимаҳои «суд, мақомоти» ва «шаҳрвандӣ» мувофиқан калимаҳои «прокуратура,» ва «, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «ҳамин Кодекс» ба калимаҳои «Кодекси мазкур» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 57:
- ба қисми 1 пас аз калимаи «прокурор» калимаҳои «, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои «Шахсони мансабдори ташкилотҳо ва дигар шаҳрвандоне» ба калимаҳои «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие» иваз карда шаванд.
3. Дар қисми 4 моддаи 79 калимаҳои «мурофиавии маданӣ» ба калимаҳои «ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 октябри соли 2026, №2311
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 24 июни соли 2026, №533
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2026, №245
