ЧАГДОНИ ТОҶИКӢ ДАР ҶАЛОЛОБОД. ҚИССАИ ИНСОНДӮСТИИ ЯК САРБОЗИ ТОҶИК

04 ноябр 2026, Чоршанбе
0


Роҳи Кобул ба Ҷалолобод аз баландӣ гузашта, ба дараҳои Тангии Ғару фурӯ мерафт ва лаб-лаби дарёи Кобул аз миёни кӯҳҳои сарбафалак печутоб мехӯрд. Ин роҳ, ки 150 километр дарозӣ дошта, аз баландии 1790-метрии Кобул ба ҳамвории Ҷалолобод, дар баландии 570-575 метр, мефаромад, дар соли 1982 на танҳо роҳи байни ду шаҳр, балки яке аз шоҳрагҳои ҳаётан муҳими ҷанги Афғонистон буд. Аз ин масир техникаи ҳарбӣ, сӯзишворӣ, лавозимоти ҷангӣ ва сарбозону афсарон ҳаракат мекарданд. Тангии Ғару, дараҳои Суробӣ ва кӯҳҳои Латабанд барои корвонҳои низомӣ ҳам монеаи ҷуғрофӣ ва ҳам манбаи хатари ҳамлаи гурӯҳҳои мусаллаҳи муҷоҳидон буданд. Аз ин рӯ, назорати роҳ барои ҳар ду ҷониб аҳамияти стратегӣ дошт.


Моҳи майи соли 1982 ротаи 5-уми баталиони 2-юми полки 180-уми мототирандозӣ, ки Аслиддин Назарзода ва 80-90 сарбози дигари тоҷик дар ҳайати он буданд, дар яке аз истгоҳҳои ин масир муҳофизати роҳро ба уҳда дошт.
Хомӯшии кӯҳу дараҳо фиребанда буд. Посбонон пайваста роҳу кӯҳсорро назорат мекарданд, зеро ҳар ҳаракати ғайриодӣ ва ҳар сояи шубҳанок метавонист оғози муҳорибаи нав бошад.
Бо гузашти вақт ин мавзеъ ба қароргоҳи доимии низомиён табдил ёфт. Силоҳу муҳимот мерасид, техника дар ҳолати омодабош буд, аммо тадриҷан танқисии хӯрданиҳо эҳсос мешуд. Силоҳбадастоне, ки дар баландии кӯҳҳо мавқеъ гирифта буданд, ба чархболҳо имкон намедоданд, ки ба сарбозон нону коло расонанд.
Рафта-рафта нон тамом мешуд. То замоне сарбозон медонистанд, ки ҳанӯз андаке нон доранд, гуруснагӣ он қадар эҳсос намешуд, аммо вақте захира пурра тамом шуд, ташвишу таҳлука афзуд. Дар анбори баталион орд буд, вале орд бошаду нон набошад, чӣ фоида? Ордро хӯрда нашавад! Аз он бояд нон пухт, аммо чӣ гуна ва дар куҷо?
Дар он мавзеъ чагдон – оташдони нонпазӣ ва шароити зарурӣ низ муҳайё набуд. Ҳамин вақт дар хаёли Аслиддин нонпазиҳои модари меҳрубону кадбонуяш зинда шуданд. Гӯё миёни ӯву деҳаи Ҷартеппаи Данғара (ҳоло рустои Хуррамзамин) на садҳо километр масофа буду на сарзамини ҷангзада. Симои модар, бӯйи хамири тоза, заволаҳои мудаввар ва нони сурху хушбӯе, ки аз чагдони гарм берун меомад, пеши назараш ҷилвагар гаштанд.
Ӯ аз кӯдакӣ медонист, ки хамирро чӣ гуна мехеланд ва нони часпондашударо кай аз чагдон мекананд, то насӯзаду хушк нашавад. Ҳамаи ин донистаҳо дар деҳа ба даст омада буданд. Ногаҳон андешае ба сараш омад: «Чаро худамон чагдон насозем?»
Пешниҳод пазируфта шуд. Ба Аслиддин сарбозе бо номи Худойдод, аз яке аз деҳаҳои шаҳри Кӯлоб, ки аз нонпазӣ андаке огоҳӣ дошт, ҳамроҳ гардид. Баъд чанд сарбози дигар низ ба ёрӣ шитофтанд. Дар он гӯшаи бегонаи сарзамини ҷангзада, ду фарзанди як сарзамин корро бо азми қавӣ оғоз карданд. Лой шӯриданд, девораҳои чагдонро аз лою похсаю санг бардоштанд. Барои мустаҳкамӣ ба лой алафи хушк ҳамроҳ карданд. Аз канори роҳи мошингард сангреза ҷамъ оварда, онро ба ҷойи рег истифода бурданд.
Кори шербачаҳои тоҷикро дида ҳамяроқон ҳама ба онҳо ҳамроҳ шуданд. Яке об меовард, дигаре лой тайёр мекард, севумӣ сангреза ҷамъ менамуд. Чанд кас ҳезум оварданд. Ниҳоят, чагдони баландаке қомат рост кард. Он ҳанӯз тар буд, аммо шаклу намуд гирифта, умеди пухтани нон меафзуд.
Ҳезум ҷамъ оварданду оташ афрӯхтанд. Алов баланд шуд ва гармии он ба девораҳои хоми чагдон расид. Лой тадриҷан хушк мешуд, дуди ҳезум ба осмон печида, чагдони навсохта гӯё дар он сарзамини бегона ба зиндагӣ оғоз мекард.
Акнун навбати хамир буд. Ордро бо оби ширгарм омехта, хамир хелиданд ва заволаҳо тайёр карданд. Хамир ҳатто хамирмоя надошт ва нони пухташуда, эҳтимол, мисли нони хонагӣ мулоиму борадор намебаромад. Аммо дар он лаҳза касе ба ин аҳамият намедод. Барои сарбозони гурусна муҳим он, ки нон бошад.
Асбоби махсуси нонпазӣ ҳам надоштанд. Аз остини фуфайкаи куҳнаи пахтагин остинча ва аз пушти ҳамон либос рафида сохтанд.
Чагдон тасфид. Аслиддин остинчаро ба даст кашида, заволаро рӯйи рафида тунук кард ва ба девораи гарми чагдон часпонд. Нони якум, дуюм, баъд сеюм... Нонпазӣ оғоз ёфт.
Ҳар нони пухтаро аз девора канда, рӯяш намакоб мезаданд. Чагдон лаҳзае бекор намемонд. Аз дохилаш гармӣ ва бӯйи фораме берун шуда, дар ҳаво паҳн мешуд. Аслиддини сарбоз тавонист тамоми ротаро бо нони тоҷикӣ сер кунад.
Ин ҳамон бӯе буд, ки сарбозон пазмон шуда буданд. Бӯе, ки онҳоро лаҳзае аз ҷанг, дурии Ватан, хастагӣ ва гуруснагӣ ҷудо карда, ба хонаҳояшон мебурд. Барои онҳо бӯйи нон бӯйи зиндагӣ, деҳа, модар ва оромӣ буд. Бӯйи Ватан буд!
Ротаи 5-уми баталиони 2-юми полки 180-уми мототирандозӣ, ки аз 24-уми майи соли 1982 дар ин мавзеъ қарор дошт, муддати дароз дар ҳамин ҷо монд. Минтақа ба яке аз нуқтаҳои пуртазоди ҷангӣ табдил ёфт ва даргириҳои шадид мегузаштанд.
Дар яке аз чунин муҳорибаҳо Аслиддин Назарзода ҷасорат нишон дода, сазовори ордени Ситораи сурх гардид, ки аз мукофотҳои бонуфузи ҳарбии Иттиҳоди Шуравӣ ба шумор мерафт.
Барои касе, ки он рӯзҳоро аз дур тасаввур мекунад, орден шояд танҳо порчаи филизии рӯйи либоси низомӣ намояд, аммо барои касе, ки онро баъди муҳорибаҳо ба сина меовезад, вазни он дигар аст: вазни хотира, масъулият ва лаҳзаҳоест, ки инсон дарк мекунад, на танҳо барои ҷони худ, балки барои ҷони ҳамсафонаш низ масъул аст. Аслиддин ин масъулиятро хуб эҳсос мекард. Барои ӯ ҳамсангарӣ маънои дар рӯзи душвор ба фикри ҳамсафон будан, дар шароити сахт онҳоро танҳо нагузоштан ва дар зиндагии ҳаррӯза низ такягоҳи дигарон буданро дошт.
Шояд аз ҳамин ҷост, ки Аслиддин дар байни кӯҳҳои Афғонистон зери борони тир корҳои одии инсониро фаромӯш накард. Сохтани чагдон ва нон пухтан барои садҳо сарбози гурусна низ аз хислатҳои неки ӯ паём мерасонанд.
Нозир ЁДГОРӢ,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.11.2026 №: 218