ИФТИТОҲИ 8 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН
3-юми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд як қатор иншооти таъиноти гуногунро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Аз ҷумла, бинои маъмурии раёсати омори ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар маркази ноҳия – шаҳраки Меҳробод, сохта шудааст, ифтитоҳ гардид. Иншоот дорои чор ҳуҷраи корӣ буда, дар он барои 13 мутахассис шароити зарурии фаъолият фароҳам овардаанд.
Ҳамчунин, бинои филиали Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» дар ҳамин шаҳрак мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншооти нав дорои шаш ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, маҷлисгоҳ ва иншооти ёрирасон мебошад.
Дар идомаи иқдомҳои созанда маркази ташхисию табобатии ҶДММ «Луқмони Ҳаким – 2014» ифтитоҳ гардид. Иншоот бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Ҳакимҷон Рӯзиев бунёд шуда, дорои 18 ҳуҷраи хоби беморон ва 34 кат аст. Иттилоъ дода шуд, ки марказ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин буда, барои ташхису табобати беморон имкониятҳои васеъ дорад. Бо мавриди истифода қарор додани он зиёда аз 40 нафар бо кори доимӣ таъмин гашт.
Дар деҳаи Тоҷикободи деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов Муассисаи таҳсилоти томактабии «Истиқлол» мавриди баҳрабардрӣ қарор гирифт. Бино барои фарогирии 240 кӯдак пешбинӣ гардида, дорои шаш гурӯҳ мебошад. Дар Муассиса 30 нафар бо кори доимӣ таъмин шуд.
Ҳамчунин, Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Фаришта», воқеъ дар деҳаи Навбунёди деҳоти Гулхона, ки бо ташаббуси соҳибкор Далер Каримов эъмор гашт, ифтитоҳ ёфт. Муассиса барои қабули 240 кӯдак пешбинӣ мешавад ва бо фаъол гардидани он 40 нафар бо кор таъмин шуданд.
Дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба фаъолияти истеҳсолии корхонаи ҶДММ «Файзи Меҳробод» оғози расмӣ бахшиданд. Корхона бо ташаббуси соҳибкор Шаҳноза Буттаева бунёд гашта, барои 25 сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ фароҳам омад. Иқтидори истеҳсолии он дар як сол 480 тонна оби нӯшокиро ташкил медиҳад. Ашёи хом аз деҳаи Деҳмой дастрас гардида, дар зарфҳои маҳсулот гуногунҳаҷм хоҳанд буд.
Инчунин, толори нави варзиши федератсияи бокси вилояти Суғд мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти варзишӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар ҳамкорӣ бо раиси Федератсияи бокси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирӯзи Азимҷон сохта шуд. Толори варзиш 30 метр дарозӣ, 19 метр паҳноӣ, 8,7 метр баландӣ ва 350 ҷойи нишасти тамошобинон дошта, барои машқу тамрини 120 варзишгар пешбинӣ мегардад. Бо таъсиси он 15 ҷойи нави корӣ фароҳам омад.
Таъкид гардид, ки дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд 8 иншооти таъиноти гуногун ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар натиҷа, беш аз 150 ҷойи нави кор таъсис ёфта, барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф ва варзиш заминаи мусоид фароҳам гардид.
