ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ. КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯҲО СОҲИБИ БИНОҲОИ ЗАМОНАВӢ ШУДАНД

ВМКБ. КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯҲО СОҲИБИ БИНОҲОИ ЗАМОНАВӢ ШУДАНД

25 октябр 2023, Чоршанбе
13
0


Дар маркази ноҳияи  Шуғнон – шаҳраки Ваҳдат бо иштироки раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ  бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт. 
Бинои нави Ҳизб, ки бо тарҳи замонавӣ бунёд гардидааст,  аз ду ошёна иборат буда, дар қабати якуми он  ҳуҷраи кории кормандон, китобхона бо 1000 нусха адабиёти бадеӣ ва сиёсӣ, ҳамчунин, ҳуҷраи бойгонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ҷой дода шудааст.
Ошёнаи дуюм аз толори калони маҷлис барои 70 ҷойи нишаст, ҳуҷраи роҳбарияти КИ  ҲХДТ-и ноҳия  ва дигар ҳуҷраҳои корӣ иборат аст. Қомат афрохтани бино ба ҳусни маркази ноҳия ҳусни тоза зам намуда, атрофи он чароғон ва бо гулҳои рангорангу буттаҳои ороишӣ  зеб дода шуда, тамоми роҳраву гузаргоҳҳо сафолакпӯш гардидаанд.
Зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ,  шароити кории муҳайёшуда раиси вилоят ва муовини якуми Раиси ҲХДТ ба сифати  сохтмон баҳои баланд доданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон аз ҷониби шахсони саховатпеша ва аъзои фаъоли ҳизб сохта шуд ва  дар муддати кӯтоҳ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар маҷлисгоҳи бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Раиси ВМКБ Мирзонабот  Алишер Худобердӣ  зимни баромад  дар чорабинӣ аз дастгириҳои пайвастаи  Раиси  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати пешрафти иҷтимоӣ-иқтисодии вилоят, минҷумла ноҳияи Шуғнон, ёдрас шуда,  бунёди маркази маъмурии ноҳия – шаҳраки Ваҳдатро яке аз шоҳкориҳои  Пешвои миллат дар миқёси  ВМКБ маънидод намуд. Таъкид шуд, ки ноҳияи  Шуғнон, яке аз калонтарин ноҳияҳои  Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон маҳсуб мешавад ва таъсиси расмии ноҳия ба солҳои сиюми асри гузашта рост омада бошад ҳам, танҳо дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соҳиби маркази маъмурӣ гашт. Сохтмони бинои маъмурии  Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳам маҳз бо дастури  Раиси Ҳизб, Пешвои муаззами миллат роҳандозӣ гардид. Раиси вилоят зикр кард, ки имсол, аллакай, дар чанд ноҳияи вилоят биноҳои маъмурии ҳизбӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд ва  имрӯз боз дар чанд ноҳияи дигар  биноҳои ҳизбӣ  ба истифода дода мешаванд. 
Муовини  якуми Раиси КИМ ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ  зикр кард, ки мавриди истифода қарор гирифтани бинои маъмурии  ҲХДТ дар ноҳия,  аз як тараф, агар боиси шараф барои ҳар як узви ҳизб бошад, аз ҷониби дигар, аз мо, минҷумла роҳбарияти Ҳизб дар ноҳия, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои  Раиси Ҳизб, Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти бештареро тақозо дорад. Муҷаҳҳаз намудани ҳуҷраҳои корӣ бо лавозимоти зарурӣ имкон медиҳад, ки минбаъд кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия  бо истифода аз шароити зарурӣ бо азму иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ кору фаъолият намоянд.
Абдуҷаббор  Азизӣ таъкид дошт, ки кормандони КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон   бояд минбаъд фаъолиятро беш аз пеш  ҷоннок намуда, дар рушду пешрафти кишвар ва ҳифзи арзишҳои миллӣ  бештар ҳиссагузор бошанд. Саҳми кумитаҳои иҷроияи ноҳиявии Ҳизбро дар муборизаҳои иттилоотӣ, тарбияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ махсус таъкид кард.
   Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон ваъда доданд, ки дастурҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ карда, дар ободӣ ва суботи мамлакат саҳми арзанда хоҳанд гузошт. 
Дар фарҷом  ба як зумра  ҷавонони ноҳия, ки бори аввал ба аъзогии ҲХДТ пазируфта шуданд, дар вазъияти тантанавӣ  шаҳодатномаи ҳизбӣ супурда шуд. Чанде аз аъзои фаъоли Ҳизб бо  Сипосномаи  КИ ҲХДТ мушарраф гардиданд.
Ҳамзамон, ба  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон туҳфаи Пешвои муаззами миллат, Раиси КИМ ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  нақлиёти нави хизматии тамғаи "Нива" супурда шуд.
Раиси  ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва  муовини якуми  Раиси КИМ  ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар ноҳияҳои Рӯшон ва Ванҷ низ  биноҳои маъмурии КИ ҲХДТ-ро ба истифода дода, бо фаъолони Ҳизб ва сокинони ноҳияҳо мулоқотҳои судманд анҷом доданд. Ба роҳбарияти Ҳизб дар ноҳияҳои  Рӯшон ва  Ванҷ низ туҳфаи Раиси  КИМ ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – нақлиёти автомобилии тамғаи  “Нива” такдим гардид.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 25.10.2023 №: 211
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив