ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

29 декабр 2023, Ҷумъа
16
0

Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии Тоҷикистон номи Партов Бӯйдоқовро дорад. Ӯ шахсиятест, ки тамоми фаъолияти пурсамарашро барои обрӯ, рушд, пешрафти ин муассисаи таълимию фарҳангӣ ва рушди соҳа дар солҳои барои кишвар бисёр муҳим бахшидааст. Албатта, дар ин боргоҳ пеш аз ӯ ва ҳам баъди ӯ дигарон низ сарварӣ намудаанд, аммо бо кор, андешаи рӯзгор, чун шахси ҳалиму ғамхор ва ояндабиниаш тафовут дорад. Ин ҳақиқатест, ки баъдҳо ва ҳам дар даврони роҳбариаш эътироф кардаанду мекунанд.
Партов Бӯйдоқов 29-уми декабри соли 1923 дар ноҳияи Рашт чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар хурдсолӣ аз меҳру навозиши волидайн маҳрум мемонад. Саробонаш ду бародараш буданд, ки онҳоро ба ҳимояи Ватан сафарбар мекунанд ва дар майдони ҳарб, ба ҳангоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ба ҳалокат мерасанд. Ӯ баъди хатми муассисаи таҳсилоти 7-сола колхозчӣ мешавад ва моҳи майи соли 1943 ба хизмати аскарӣ ва баъд ба майдони набард муқобили фашизми олмонӣ меравад. Се бор дар майдони ҷанг захм мебардорад ва пас аз табобат муборизаро идома медиҳад. Моҳи июни соли 1945, яъне бо поёни ҷанг, ба Ватан бармегардад.
Моҳи августи соли 1946 барои таҳсил ба ин коллеҷ меояд. Соли 1949 шуъбаи китобдориро бо баҳои аъло хатм мекунад ва таҳсилро дар Институти давлатии маданияти шаҳри Москва идома медиҳад. Соли 1953, баъди хатми Донишкада ба коллеҷ барои фаъолият бармегардад. Солҳои 1953-1955 муаллим ва солҳои 1955-1959 ҷонишини директор оид ба таълиму тарбия буд. Аз соли 1959 то соли 1985 ба ҳайси директори ин муассисаи таълимию фарҳангӣ фаъолият дошт. Пас аз он ду соли дигар, то дами вопасини ҳаёташ ба сифати омӯзгор кор кард.
Дар давраи сарварии ӯ ин муассисаро ба хотири тайёр кардани мутахассисони барҷаста, таълими дуруст Академияи фарҳанг ном мебурданд.
Пас аз даргузашташ, чун қуттии оҳанинашро кушоданд, миқдори зиёди квитансияҳоеро ёфтанд, ки ба ятимон – собиқ хатмкунандагони коллеҷ, ки таҳсилро дар донишгоҳу донишкадаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва хориҷ идома медоданд, фиристодааст. Бешак, чун худ ранҷу азоби ятимиро чашида буд, медонист, ки як ятими дигар чи рӯзгореро ба сахтиҳо пеш мебарад.
Бо амри ин марди фарҳангӣ ятимон бояд ҳатман идрорпулӣ ё худ стипендия мегирифтанд. Ӯ худ дар ниҳон ба ятимон аз ҳисоби маошаш пул медод ва ҳам барояшон либосҳои нав мехарид. Бо навбат онҳоро ба хонааш мебурд, либосҳояшонро ҳамсараш – апаи Фотима мешусту хӯроки гармашон медод.
Баъзе аз масолеҳи сохтмониро барои таъмири коллеҷ аз хонааш мебурд.
Дар лаҳзаҳои бисёр муҳим тадбирҳои дуруст андешида метавонист.
Донишҷӯёнро дӯст медошт ва аз таҳсилу рӯзгорашон пайваста мепурсиду ёрии худро аз онҳо дареғ намедошт.
Руҳияи муҳассилонро боло мебардошт ва ифтихор мебахшид.
Ба ташвиқу тарғиби муҳассилони ояндаи коллеҷ худ ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо мерафт.
Дар давраи роҳбарии ӯ таҳсил дар коллеҷ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ сурат мегирифт.
Саъй ба харҷ медод, то ҳар донишҷӯ ташаббускор ва дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ фаъол бошад.
Дар баробари сарварии коллеҷ, ба муҳассилин дарс мегузашт ва ба дарсҳои дигар устодон медаромаду барои беҳбуди таълиму тадрис маслиҳатҳо медод.
Аз танқиду ошкорбаёнии донишҷӯёну устодон шод мегардид ва онҳоро дастгирӣ менамуду дар рафъи камбудиҳо мекӯшид.
Худ дар либоспӯшӣ, муносибат, гуфтору кирдору пиндор намунаи ибрати дигарон буд.
Бешак, ин гуна шахсияте мисли Партов Ҷалилович Бӯйдоқов ҳаргиз аз ёдҳо намеравад. Дар дилу дидаҳо макон дораду мемонад.

Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 26.12.2023 №: 249
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив