ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭМОМАЛӢ  РАҲМОН – НАМОДИ ИФТИХОР БАРОИ ҲАМЕША

ЭМОМАЛӢ  РАҲМОН – НАМОДИ ИФТИХОР БАРОИ ҲАМЕША

02 январ 2024, Сешанбе
29
0

 
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як тараф дар ҳаёти сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар самтҳои фаъолияти мардум тағйироти куллиро ба бор оварда, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар заминаи мусоид гузошта бошад, аз ҷониби дигар, ҷиҳати зуҳури фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсат ва давлатдории муосири ҷаҳон нақши калидӣ дорад.
Файласуф Абунасри Форобӣ дар таълимоти худ барои як шахсияти роҳбар ва масъулиятдор дувоздаҳ сифати шахсиву касбиро шарти муҳим ва зарурӣ унвон додааст. Аз ҷумла, камолоти ҷисмонӣ, дурандешӣ, зиракӣ, ақли солим, хотираи мустаҳкам, фаросатнокӣ, хушбаёнӣ, ҳақиқатпарастӣ, шарафмандӣ, ҳимматбаландӣ, адолатпешагӣ ва ҷасорат. Ҳамаи ин сифатҳоро миллати тоҷик дар симои фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон дарёфт. 
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сармеъморе иморати аз ҷанг вайроншудаи давлати тоҷикро тармим намуда, сохтмони онро дар пояҳои устувору қавии сифатан нав таҳким бахшиданд. 
Эмомалӣ Раҳмон, воқеан, чеҳраи маъруфи сиёсии сатҳи ҷаҳон ва сиёсатмадори барҷастаи даврони нав буда, соҳиби ақлу фаросат, донишу истеъдоди нодири модарзодӣ ҳастанд. Шахсияте, ки дорои азму ғайрат, кӯшишу талошҳои пайгирона, собитқадамона, ҳадафрас дар роҳи пиёдасозии мақсаду мароми худ мебошанд.
Мусаллам аст, ки дар таърихи тамоми миллатҳо дар ин ё он замон сарваронеро метавон пайдо намуд, ки бо корнамоиҳои худ баҳри пешрафти давлат саҳми мондагору таърихӣ гузоштаанд. Ин ҷо метавон аз номи абармардони сиёсат, шахсиятҳои барҷаста Ҷорҷ Вашингтон – Президенти ИМА-и демократӣ, ки то имрӯз мардуми Амрико ба эҳтироми ӯ зодрӯзашро ҳамчун рӯзи Президент ҷашн мегиранд, ё худ сарвари мамлакати Хитой Мао Сзе Дун ва Туркия Мустафо Камол хотиррасон шуд, ки дар пешрафти кишварҳои худ саҳми арзишманд доранд. Дар таърихи давлатдории тоҷикон чунин шахсият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. 
Бо назардошти хидматҳои содиқона ва мардумпарваронаи Пешвои миллат дар Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионӣ, истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ, якпорагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон дар асоси моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011, № 753 (бо тағйиру иловаҳои соли 2016) 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил мешавад. Заминаи таърихии ин ид Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 
Аҳамияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки мо бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем, зеро маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровар,  талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи Роҳбари давлат ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи эътимод ва хайрхоҳона назар дорад.
Маврид ба зикр аст, ки қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» дар раванди дигаргуниҳои нави ҷомеа  дар Тоҷикистон марҳалаи нав ба миён овард. Ҳамзамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ нишонаи  муттаҳидӣ ва ягонагии  миллат мебошад. Президенти кишвар дар заминаи талошҳо баҳри таъмини оромии  кишвар, пойдории  сулҳу салоҳ, таҳкими  амнияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳим, пешбурди сиёсати хориҷӣ тавонистанд ба эътирофи сиёсатмадорони ҷаҳон мушарраф гарданд.
Эътирофи  шахсият ҳамчун Президенти кишвар, Пешвои миллат, пеш аз ҳама, нишонаи тақвияти эътимод ба фаъолияти шахсияте ҳастанд, ки шуҷоатманд ва иродаи қавӣ  доранд. Эмомалӣ  Раҳмон аз зумраи фардҳои беназири таърих ҳастанд, ки  ҳамаи тавоноиҳои худро ба сурати комил  ба миллат бахшида, сабру мулоҳизаро пешаи кори хеш медонанд. Сарвари давлат  нафаре мебошанд, ки дар хонаводаи  марди меҳнатдӯст ба воя расида, то 40-солагӣ  дар байни мардум фаъолият бурдаанд. Шояд сирри нуҳуфтаи  кордонӣ, шуҷоатмандӣ ва  маҳбуби халқ будани ин марди дунёи сиёсат  дар ҳамин  фазилатҳо бошад. 
Бояд гуфт, ки  чунин  инсонҳои  шарифу шуҷоъ ҳамеша дар  вазъиятҳои  гуногун  сарнавишти  мардуми  худро ба хубӣ  дарк ва муайян намуда, номи неки худро дар зеҳн ва тафаккури  мардум барои ҳамеша  ҷойгузин мекунанд.
Хусусан, дигаргуниҳои замони соҳибистиқлолӣ - ифтитоҳи иншооти бузурги аср, бунёди неругоҳҳои барқӣ, роҳу нақбҳо, баланд бардоштани  ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан  ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ низ шаҳодати онанд, ки  мардуми Тоҷикистон  ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ояндаи дурахшони  Тоҷикистон боварию эътиқоди қавӣ доранд.
Мутафаккири тоҷик Аҳмади Дониш даҳ шарти роҳбариро муайян намуда, аз ҷумла, таъкид мекунад, ки сарвар “дар ҳукм сухан ба мадоро гӯяд ва бе муҷиб дуруштӣ накунад ва аз шунидани ҳуҷҷати бисёр малул нагардад. Ва аз сухан гуфтан бо заифону масокин нанг надорад”. Ҳамеша шоҳид ҳастем, ки роҳбари хирадманду оқил ва фазилатманди тоҷик ғамхору дастгир ва ҳомии қишри ниёзманди ҷомеа – ятимону бепарасторон мебошанд. Муҳаббат, иродат,  самимият  ва  садоқати  мардум нисбат ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз хислатҳои наҷиб, заминиву самимияти худашон маншаъ мегирад. Ба таъбири дигар, Пешвои муаззами миллат, ҳамеша бо халқ, барои халқ ва дар миёни халқ ҳастанд, ки ҳамчун ҳомии давлату миллат барои насли имрӯзу фардо намоди ибратбахш боқӣ хоҳанд монд.

Ҷамшед ҶӮРАЗОДА,
муовини якуми 
вазири маориф ва 
илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
доктори илмҳои таърих, 
профессор

Санаи нашр: 29.12.2023 №: 251-252
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив