ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХИЗМАТИ ШОИСТА. АЗ РӮЗГОРИ УСТОД ДИЛОВАР ЛАТИФЗОДА

ХИЗМАТИ ШОИСТА. АЗ РӮЗГОРИ УСТОД ДИЛОВАР ЛАТИФЗОДА

05 январ 2024, Ҷумъа
23
0

 
Ҳурмати устод ҳар кӣ надошт,
Алами илм бар ҷаҳон н-афрошт.

Дар симои устод Диловар Латифзода беҳтарин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ таҷассум ёфтааст. Дар соҳаи таълиму тарбия, дасту дили пок ва заҳматҳои беғаразонаи устод ӯро дар чашми шогирдон соҳиби обрӯю эътибори баланд гардондааст. Мавсуф хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Санкт-Петербург ба номи Н. К. Крупская мебошад. Пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ оид ба проблемаи фарҳангшиносӣ ба Донишкадаи хатмкардааш баргашта, дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла мудири кафедраи корҳои маданию маърифатӣ, декани факултаи корҳои маданӣ-маърифатӣ, ноиби ректори донишкада оид ба илм ва баъдан ректори Донишкадаи мазкур будааст. 
Соли 2001 устод Диловар Латифзода дар шаҳри Санкт-Петербург дар мавзуи “Асосҳои иҷтимоӣ-педагогии ташаккули фарҳангӣ-этникии ҷавонон (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)” рисолаи докторӣ дифоъ намуд. Солҳо боз аъзои ду шурои дифои рисолаҳои номзадӣ доир ба илми педагогика мебошад. Дар самти илмӣ-тадқиқотӣ зиёда аз сад мақолаи илмӣ ба қалами ӯ мансубанд. Рисолаи “Эҷодиёти мардумӣ – асоси фарҳанги этникӣ” барои донишҷӯён ва “Этнокультурное образование и национальное единство” аз ҷумлаи эҷодиёти хуби устоданд. Мавзуъҳои рисолаҳои шогирдонаш актуалӣ буда, асосан масъалаҳои худшиносии миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ, роҳҳои ташаккули фарҳанги этникиро дар бар гирифтаанд. 
Диловар Латифзода, инчунин, ба ҳайси  мудири  кафедраи фарҳангшиносӣ, педагогика ва психологияи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ифои вазифа намудааст. Ӯ яке аз аввалин олимони соҳаи назария ва методикаи фаъолияти маданӣ-иҷтимоӣ ба шумор меравад, ки аз соли 1983 то имрӯз тарбияи мутахассисони соҳаи фарҳанги миллии тоҷикро бо сарбаландӣ иҷро карда истодааст. Мавсуф ба шогирдон дарсҳои тахассусиро дар сатҳи баланди назариявӣ ва илмӣ-методӣ меомӯзонад ва дар раванди дарсҳо аз дастовардҳои намоёни илми муосири ватанию ҷаҳонӣ самаранок истифода мебарад.
Саҳми Латифзода Диловар дар тартиб додани “Барномаи тарбияи эстетикии аҳолии Тоҷикистон” (1989), “Консепсияи инкишофи фарҳанги Тоҷикистон” (1992), “Барномаи тайёр намудани кадрҳои соҳаи фарҳанги Тоҷикистон то соли 2005”, “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” (1988), “Консепсияи маълумоти маданию этникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (1998) ва таҳияи дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи фарҳанг ва санъат шоистаи аҳсант аст.
Воқеан, меҳнату заҳматҳои пайваставу самарабахши устод Диловар Латифзода соли 2023 бо медали Хизмати шоиста қадр гардид. 

Баҳрулло ХАЙРУЛЛОЗОДА, 
муовини ректор оид ба корҳои эҷодии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Санаи нашр: 03.01.2024 №: 3
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив