ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПЕШВОИ МАН

ПЕШВОИ МАН

10 январ 2024, Чоршанбе
8
0


Паёми Сарвари давлат ҷиҳати пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, бунёди иншооти замонавӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати дониши хонандагон, баланд бардоштани музди меҳнат, рушди ҳунарҳои мардумиву ҷалби бештари сайёҳон ва дигар паҳлуҳои вобаста ба беҳбудии сатҳи зиндагиро дар бар гирифт. Падидаи ҷолиб он буд, ки Сарвари давлат чун роҳбари хастагинопазир қариб севу ним соат аз минбар суханронӣ доштанд ва матни Паёмашонро зуд-зуд шарҳу эзоҳ дода, асли ҳадафҳоро равшантар мекарданд.
Воқеан, масъалаҳое, ки дар Пайёми навбатии Пешвои миллат ироа гардиданд, бароямон чун обу ҳаво заруранд, бавижа ҳидоятҳову насиҳатҳои падаронаи ин марди хирад. 
Пешвои миллати тоҷикон дили бузургу нияти пок доранд ва асоси қуввату неруи ӯ ҳам дар руҳи бузургашон аст. Соатҳо дар ҳузури мардум сухан гуфтану аз аҳволи ҳазорон нафар воқиф шудан, ин нишонае аз иродаи қавӣ доштан аст. Хоксорию фурӯтаниашон низ омӯзанда мебошад. Рафтори волои Пешвои миллати тоҷикон тамоми дунёро ба ҳайрат овардаасту намунаи ибрати ҳамагонанд.
Дарвоқеъ, Эмомалӣ Раҳмон чун мунодии сулҳу ваҳдат халқу миллат ва Ватанашонро содиқона дӯст медоранд. Баҳри беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум пайваста дар талош мебошанд. Ҳамеша таъкид бар он медоранд, ки падару модари хешро дӯст доред, эҳтиром кунед, қадр намоед. Воқеан, Эмомалӣ Раҳмон дар дунёи имрӯза муқоисанашаванда ва такрорнаёбанда аст. Ҳамеша дар зеҳнаш танҳо хурсандии мардуми сайёра чарх мезанад. Ба хотири ободии гӯшае пайваста дар талош аст. Худои таоло ӯро маҳз барои некӣ кардан офаридааст. Чаро ки Пешвои азизамон  худ аз байни халқ баромада ба шодиву ғами халқ шарик мешаванд. Ҳар ҷое, ки қадами ин марди асил расад, он ҷо ободу шукуфо мегардад. 
Ин марди хирад мактаби бузурги давлатдориро асос гузошт, ки пайравонашон пеш аз ҳама одамиятро аз он меомӯзанд. Ин азизи дилу дидаи мардум пайваста тарафдори сулҳ ҳастанд ва доим аз ваҳдату якдилӣ мегӯянд. 
Аз ин ҷост, ки ӯро дӯст медоранд, чун Роҳбари арзандаи давлат, намунаи ибрат ва кафили сулҳу оромӣ эътироф мекунанду самимона эҳтиром мегузоранд. Пешвои миллат низ пиру ҷавон ва кӯдакони гаҳвораҳои миллаташро чун ҷонаш азиз медоранду пайи некуаҳволии онҳоянд.

Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият» 

Санаи нашр: 05.01.2024 №: 4
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив