ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

10 январ 2024, Чоршанбе
17
0

 
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
МУАММОИ «АҶИБ»
1. Роҳбари  нашрияҳои  чопӣ. 2. Қаҳрамони  «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ. 3. Қитъаи олам. 4. Як навъи андози давраи амирӣ дар Бухоро. 5. Қитъаи олам. 6. Вожаи пушаймонӣ. 7. Давлати мутамарказ дар асри даҳум.8. Персонажи повести «Ривояти суғдӣ» - и С. Улуғзода. 9. Подшоҳ дар «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ. 10. Маликушшуарои ***, шоири шинохтаи эронӣ. 

Дар давра:
1. Як, даҳ, бист, сад. 2. «***и Бухоро буд, Исмоили Сомонӣ» (Бозор Собир). 3. Оммаи итоаткор. 4. Паранда. 5. Ситораи эстрадаи амрикоии турктабор. 6. Пасванде, ки тартиби рақамро ифода мекунад. 7. Иродатманд, хоҳон, толиб, пайравикунанда. 8. Бӯстонсаро бо забони русӣ. 9. Мафҳуми хешутаборӣ. 10. Алаф аз оилаи донагиҳо.  
Мураттиб   Ҳотами  ҲОМИД

Масъули рубрика 
Зулола БОБОРАҶАБОВА

Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru


ДУ ШОҲИ ҲУНАР
НОГУФТАҲОЕ ДАР БОРАИ ДИЛИП КУМАР ВА ШОҲРУХ ХОН
Ҳунармандони маъруфи Болливуд Дилип Кумар (1922-2021) ва Шоҳрух Хон тайи солҳои фаъолияти пурмаҳсули хеш бо истеъдоду маҳорати воло дар гӯшаҳои гуногуни олам дили миллионҳо мухлиси синаморо тасхир кардаанд. Бояд гуфт, ки ин ду чеҳраи нотакрор ба ҳам умумиятҳое доранд, ки, бешубҳа, на тасодуф, балки амри тақдир аст.
Аввалан, онҳо пуштутаборанд. Номи аслии Дилип Кумар Муҳаммад Юсуф Хон мебошад.
Дувум, Дилип Кумар соли 1955  ва Шоҳрух Хон соли 2002 дар филмҳои ҳамноми «Девдас» нақши асосии мардона, яъне Девдасро бозидаанд. 
 Сеюм, ҳам Дилип Кумар ва ҳам Шоҳрух Хон (алҳол) барои беҳтарин иҷрои нақши асосии мардона бо ҷоизаи Filmfare Award, ки онро «Оскар»-и ҳиндӣ низ мегӯянд, ҳаштборӣ сарфароз гардидаанд.
Ахиран, ҳар ду барои ҳунари волояшон аз ҷониби мунаққидони соҳаи синамо унвони «шоҳ»-ро гирифтаанд: Дилип Кумар – шоҳи фоҷиа, Шоҳрух Хон – шоҳи ошиқон.
Таҳияи Ш. ШОКИР


ҚАДИМТАРИН ҚОНУНҲО
Низоми ҳуқуқӣ яке аз асосҳои ҷомеаи устувор мебошад. Дар тули таърих қонунҳои бешумор барои таъмини адолат қабул гардидаанд. Бо омӯзиши баъзе аз ин қонунҳо метавон ҳам ба рушди фарҳангҳои гуногун ва ҳам пешрафти тамаддун маълумот пайдо кард. Рубрикаи нави «Ҷумҳурият» ба ҳамин хотир манзури хонандаи хушзавқ мегардад.
КОДЕКСИ УР-НАМУ

Кодекси Ур-Наму қадимтарин қонун дар таърих ба ҳисоб меравад. Онро Ур-Нам, асосгузори сулолаи сеюми Ури шумериҳо дар асрҳои XXI ва XX пеш аз милод, эҷод кардааст. Кодекс дар лавҳаи гилӣ бо хатти мехӣ навишта шуда, дар осорхонаи бостоншиносии Истанбул маҳфуз аст. Мундариҷаи онро соли 1952 Самуэл Ноа Крамер, яке аз донандаи барҷастаи забони шумерӣ ва тамаддуни шумерҳо тарҷума кардааст. 
Дар ин қонун ба содиркунандагони ҷиноятҳои куштор, ғоратгарӣ, зино ва таҷовуз ҷазои ҳукми қатл муқаррар шудааст.  Риояи талаботҳои он барои инкишофи қонун ва тартибот дар Байнаннаҳрайни қадим, инчунин, барои тамоми тамаддунҳои минбаъда ҳатмӣ буд.
Таҳияи Комрон САФАР


ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
ШОҲҶОИЗАРО НАМОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН ГИРИФТ 
Дар Олимпиадаи байналмилалии илмӣ дар самти адабиёти ҷаҳон, ки чанде пеш дар шаҳри Остонаи Қазоқистон доир гашт, магистранти риштаи ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умедҷон Амонӣ барандаи шоҳҷоиза ва медали тилло шуд. Дар он, ки бо мақсади муаррифии чеҳраҳои ҷавони соҳиблаёқат дар самти илму адабиёти ҷаҳон баргузор гардид, ҷавонони беш аз 60 кишвар ширкат намуданд.
 Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ДОСТОЕВСКИЙ БА ЁДАМ МЕОЯД

Аз суҳбати ровиёни футбол:
- Ба бозии ҳамлагарамон чӣ баҳо медиҳӣ?
- Рости гап, ҳамин футболбозро мебинаму Достоевский ба ёдам меояд.
- О, Достоевский дар ҳаёташ бо тӯб бозӣ накардааст-ку.
- Ман ҳам ҳаминро мегӯям охир. 

Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


КИТОБНАВИСӢ
АГАР СОЛ РАВАДУ ҲАВСАЛА ПИР НАШАВАД...
Толстой дар 82-солагӣ китоби «Ман наметавонам сокит бошам» ва Бернард Шоу дар 93-солагӣ намоишномаи «Қиссаҳои фавқулодаи пандомӯз»-ро навиштанд. Пикасо бошад, дар 90 солагӣ беҳтарин наққошиҳоро эҷод кард. Черчил дар 82- солагӣ китоби «Таърихи кишварҳои англисзабон» ва Сомрест Мувом дар 84-солагӣ китоби «Дидгоҳҳо»-ро ба нашр расонданд. Пас, агар сол раваду ҳавсала пир нашавад, инсон ба анҷом додани корҳои бузург ҳамеша қодир аст. 

Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


ЛАБХАНДИ АҲЛИ ФАЗЛ
Шахсе назди табиб рафту гуфт: 
- Дарде дорам, онро илоҷ кун. Табиб пурсид, ки чӣ дард дорӣ?
Гуфт:
- Чанд рӯз аст, ки мӯйи ман дард мекунад. 
Табиб ҳайрон бимонд ва гуфт: 
- Имрӯз чӣ хӯрдаӣ?
Гуфт:
- Нону ях. 
Табибро ҳайрат афзуду гуфт: 
- На дардат ба дарди одамиён мемонад ва на ғизоят ба ғизои оламиён.
Аз «Латоиф-ут-тавоиф»-и 
Фахриддин Алии Сафӣ
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН


ҲИФЗИ ПИРЯХ – ҲИФЗИ ҲАЁТ
АЗ КАЛОНТАРИН ПИРЯХ ТО ҚИТЪАИ БЕ ЯХ

Масоҳати умумии пиряхҳо тақрибан 16 миллион км2-ро ташкил медиҳанд, ки 11 дарсади масоҳати умумии сайёраи Замин аст.
Пиряхҳои калонтарин дар Антарктида ҷойгир буда, пиряхи Ламберт аз қабили онҳост. Дарозии ин пирях 470 километр ва бараш аз 30 то 120 километр буда, тақрибан 8 дарсади тамоми яхҳои Антарктидаро ташкил медиҳад. 
Зимнан, ягона қитъае, ки дар он пирях мавҷуд нест, Австралия мебошад.  Дар ин ҷо ҳарорати ҳаво ба қадри кофӣ хунук намешавад, то пиряхҳо ташаккул ёбанд.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


КОРИ ХАЙР    БЕҲТАР АЗ ШУҲРАТ АСТ
Шаварш Карапетян 11 маротиба рекордгузори ҷаҳон ва 13 бори дигар чемпиони Аврупо оид ба шиноварӣ шудааст, лекин бо як амали намунавӣ шуҳрат ёфт. Ӯ 16-уми сентябри соли 1976 ҳангоми гардиши пагоҳирӯзӣ дар болои пул шоҳиди воқеаи хатарнок гардид. Автобусе бо троллейбус бархӯрду мусофирон ба дарё афтоданд. Шаварш зуд худро ба об андохта, пайи наҷоти мардум мешавад. Тавре ӯ нақл кардааст: «Автобусро дар чуқурии 10 метрии дарё дидам, ҳама тиреза ва дарҳои он баста буданд. Танҳо метавонистам, тирезаҳои ақиби автобусро шиканам ва барои ин қувваи зиёд лозим шуд. Баъдан, дар 20 дақиқа 46 касро аз об берун бароварда, наҷот додам ва худамро дар ҳолати хеле вазнин ба беморхона интиқол доданд. Баъди муддати зиёд саломатиям барқарор шуд. Гарчанде дигар наметавонистам ба варзиш машғул бошам, аммо зиёд мутаассифам, ки 12 каси дигари ғарқшударо наҷот дода натавонистам».
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ГИМНИ ОЗОДӢ 
Ё ЛЕРМОНТОВ КАЙ  АЗ СОЯИ ПУШКИН  БЕРУН ОМАД?
Новобаста аз истеъдоди худодод, Лермонтов чун ба Александр Пушкин эҳтироми зиёд дошт, дар маҳфилҳои адабӣ зиёд шеър намехонду гӯё дар сояи шоири бузург монда буд. Нахустин ва ягона маҷмуаи осори Михаил Лермонтов соли 1840 ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш нашр шудааст. Лермонтовро маъмулан шеъри «Марги шоир»-аш, ки ба Пушкин бахшида шуда буд, ба аҳли ҷомеа аз наздик шинос намуд. Он рӯзҳо ин шеър чун гимни озодӣ аз забон ба забон гузашта, садо медод. 
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОН


СОЗҲОИ МУСИҚӢ
МУСИҚОР
Мусиқор яке аз созҳои куҳани мусиқии классикӣ аст. Аз ду найи дарозу кӯтоҳи бо ҳам васлшуда иборат мебошад.  Найи бузург (дорои 6 сӯрох) ва найи хурд (дорои 3 ё 4 сӯрох) овози хеле форам доранд. Тибқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо Ҳаким Абуҳафси Суғдӣ (асрҳои IX-X) ихтироъкори мусиқор ба ҳисоб меравад. Аз рӯи ривоятҳо гӯё барои ихтирои мусиқор, “Мусиқор” ном мурғи хушнавое, ки минқори дарозаш сӯрохиҳои бисёр дошта, аз он овозҳои  гуногуни форам мебарояд, илҳом бахшидааст.
Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ


НАМОИ САЙЁРАҲО ДАР ЯК ТАСВИР
Солҳои 60-уми асри XX дар шаҳри Прагаи Чехия мусаввараи яке аз рассомони машҳури олам Питер Паул Рубенс “Ишрати худоён дар Олимп”-ро пайдо намуданд. Санъатшиносон муддати тулонӣ натавонистанд  санаи офаридани онро муайян созанд.  Ин асрор танҳо ба шарофати ситорашиносон ифшо гашт. Қаҳрамонҳо дар асар тавре тасвир шудаанд, ки сайёраҳо соли 1602 чунин намо доштанд. 
Таҳияи Лутфияи АБУТОЛИБ


ШРЕКИ ҲАҚИҚӢ

Қаҳрамони асосии филми тасвирии машҳури "Шрек", ки аз рӯи асари Уилям Стейг офарида шудааст, симои Морис Тиллети паҳлавонро дар худ таҷассум менамояд.
Морис Тиллет 14 забон медонист ва шоҳмотбози олиҷаноб буд. Чеҳраи даҳшатнок, вале неруи қавӣ дошт. Ӯ соли 1903 дар Урал дар оилаи фаронсавиҳое ба дунё омадааст, ки соли 1917 бар асари  инқилоб ба Франсия баргаштанд.

Таҳияи Наргис АТОЕВА


ДУ ДАЛЕЛИ ҶОЛИБ 
ОИД БА «ШОҲНОМА»
1. Филологи араб Абдулқодир ал-Бағдодӣ (солҳои 1620-1682) луғати форсӣ-туркии «Шоҳнома»-ро мураттаб намудааст.
2. Дастхати маъруфтарини «Шоҳнома» бо номи «Шоҳномаи Шоҳ Таҳмосп» маҳсуб мешавад. Он аз 579 саҳифа иборат буд, ки 258-тоаш шакли миниатюрӣ дошта, аз ҳама дастхати ороишдода дар таърих номида мешавад. Ба кори он беҳтарин рассомони ҳамон давр дар замони Шоҳ Исмоили 1 (солҳои 1520) ҷалб гардида, тахминан охири солҳои 1530 дар замони Таҳмосп ба анҷом расидааст. Дастхат дар солҳои 1970-ум қисм-қисм фурӯхта шуд ва алҳол саҳифаҳои он дар коллексияҳои гуногуни дунё мавҷуданд. Соли 2011 яке аз саҳифаҳои ин дастхат, ки ба олими коллексионер Стюарт Кэри Уэлчу марбут аст, ба маблағи 7,4 миллион фунт (12 миллион доллари ИМА) фурӯхта шуд. 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ҚОРИИШКАМБА
ВА МУРДАГАРИҲОИ Ӯ
1. Қориишкамба арраро дар хонааш роҳ намедод, ки дандон дораду чизеро мехӯрад.         
2. Ӯ ҷуссаи бузурги худро низ бад медид, чунки барои ҷелак дӯзондан матои зиёд сарф мешуд. Вале аз нафси бад ҷои гурез надошт, то лоғартар гардад.
3. Домулло, оши палав ба шумо зарар дорад, баданатонро хориш мегирад, – ҳангоми овардани ош гуфтанд ба Қориишкамба.
– Мехӯраму баъд ме-е-хо-о-рам, – бепарво ҷавоб гардонд ва, пеш аз ҳама, даст ба табақ бурд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


ИФОДАИ СЕ АРЗИШИ ЗИНДАГӢ 
ДАР ЯК ИБОРА

Дар рафти озмуни грамматикӣ дар Оксфорд, ки онҷо 200 нафар иштирокчӣ буд, ғояи “Сулҳ, оромӣ, хушбахтӣ” бояд дар як ибора ифода меёфт. Ғолиби озмун нафаре гардид, ки «ҳамсарам хобидааст»-ро навишт ва он аз ҷониби ҳакамон бо кафкубӣ истиқбол шуд. 
Таҳияи Наргис АТОЕВА


КОТАТСУ 
Истифодаи ҷопониҳо аз сандалии тоҷикӣ
Ҳар гоҳе, ки Ҷопон мегӯем, пеши назар беихтиёр кишвари технологияҳои пешрафта меояд. Вале, шояд бисёриҳо надонанд, ки дар зимистон аксари ҷопониҳо барои гарм кардани манзилашон аз кондитсионер истифода намебаранд. Чунки дар ин кишвар қимати неруи барқ ниҳоят гарон буда, онро на ҳар оила қудрати пардохт дорад. 
Дар фасли сармо барои ҷопониҳо истифодаи «котатсу» маъмул аст. Он мизест, ки болояш кӯрпа ва хон густурда, дар зераш дастгоҳи гармидиҳӣ насб карда, зимистонро зери кӯрпа ё кампал мегузаронанд. Пештар зери миз оташдон сохта, аз ангишт ҳам истифода мебурданд. Баъдтар аз карасину газ ва ниҳоят аз котатсуи барқӣ, ки бехавфу бебӯй аст.
Пай бурдед, ки сухан аз сандалии тоҷикӣ бо такмили ҷопонӣ меравад? Дар Ҷопон котатсу-сандалиро на танҳо дар хонаҳо метавон дид: ҳатто, котатсу – қатора ҳам, ҳаст.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


БАЛАНДТАРИН КИТОБХОНА ДАР ҶАҲОН
Баландтарин китобхонаи дунё, бо тарҳи зебову замонавиаш, ки то ба ҳол назир надорад, дар шаҳри Шанхай воқеъ аст. Тавре рӯзномаи «Жэнмин Жибао» иттилоъ медиҳад, он дар ошёнаи 60-уми (дар баландии 231 метр) меҳмонхонаи “JW Mariott” ҷойгир буда, ҳамчун баландтарин китобхонаи ҷаҳон дар Китоби рекордҳои Гиннесс сабт гардидааст.
Китобҳои дар он маҳфузбуда, бо забонҳои англисиву чинӣ буда, аксаран перомуни фарҳанги гузаштаи чинӣ таълиф шудаанд, ки аз ин хазина, асосан, сайёҳони хориҷӣ истифода мекунанд.

Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
МАН ТЕХНИКА  НАДОРАМ?
Баъди бохти навбатӣ Сидоров, ки ҳамагӣ 24 дақиқа дар майдон худнамоӣ карда, вақти боқиро дар курсии бозигарони эҳтиётӣ гузаронд, аз ғазаб журналистонро ба хонааш даъват карда, мефаҳмонад:
- Бинед, бинеду ҳақиқати ҳолро нависед. Ана «микроволновка», дар бараш мошини ҷомашӯӣ, ду намуд «телику велик» барои тамошою тамрин, мошину мототсикли кӯҳбароӣ, тамоми асбобу анҷоми лижаронӣ. Шумо бошед, осмонро ба саратон бардоштаед, ки ман техника надорам.

Аз русӣ тарҷумаи Ф. РАҲМОНЗОДА


БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ҲАР КИРО АЗ БАҲРИ  КОРЕ СОХТАНД…

Албатта, тамоми шахсиятҳо бо кору амале ногаҳон маҳбуби олам мегарданд, ки он на ҳама вақт ба ихтисоси аслии онҳо рабт дорад. Барои мисол бовар нокарданист, вале далел аст, ки Силвестер Сталлоне пеш аз он ки ситораи синамо шавад, чемпиони ҷаҳон оид ба бокс буд. 
Ҳунарманди олмонӣ Кристоф Валс, ки ду карат ҷоизадори "Оскар" маҳсуб меёбад, аз хурдӣ орзу доштааст, ки сарояндаи опера шавад. Бо ин мақсад, ҳатто, як муддат дар консерваторияи Вена таҳсил намудааст.

Таҳияи  С. РАҲМОНЗОДА

Санаи нашр: 05.01.2024 №: 4
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив