ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АДАБИЁТИ МИЛЛӢ ВА АСЛҲОИ ИСТИҚЛОЛ

АДАБИЁТИ МИЛЛӢ ВА АСЛҲОИ ИСТИҚЛОЛ

12 январ 2024, Ҷумъа
120
0


Хуршед ҳар саҳар дарвозаи рӯзро боз мекунад ва зиндагии тоза оғоз мешавад ва шом бо ғуруби хеш ин дарвозаро мебандад. Садҳо ҳазорон сол аст, ки чархаи гетӣ ба ин равиш мечархад ва инсонҳо шоҳиди ин ҳол ҳастанд. Ҳаройина, суханвароне ва андешаварзоне ҳастанд, ки эҳсос кардаанд бояд ин мақоми волои сарчашмаи Меҳрро ситуд ва дар зеҳну ҳуши инсон ин боварро тоза кард ва беш аз ин башар рӯзеро дар тақвим махсус ба «Рӯзи Офтоб» кардааст, агарчи ҳама рӯз рӯзи Офтоб аст ва рӯзро бидуни Офтоб тасаввур натавон кард.
Фарҳанг ва тамаддуни оламафрӯзи тоҷик ва тасдиқу таъкид бар ҷойгоҳи он, ба ҳаққи истиқлоли он ба ин қиёс аст. Яъне ҳақиқатест ба ин андоза равшану  бебаҳс, аммо лаҳзае бояд аз ёдкарди он, посдории он, ҳимоят аз он фориғ набуд, хосса ки таърих ёд медиҳад агар чунин амал нашавад, имкон дорад ҳар лаҳзае, аз ҳар гӯшае ба инкори ин ҳақиқат гуфторе ва рафторе сурат бигирад ва беоқибат ҳам намонад.
Ҷомеашиносони умда дар поёни даврони «ҷанги сард» ба ин назар расидаанд, дар оянда унсури аслии таъинкунандаи ҳувият ва истиқлол, ҳамчунин иттиҳодҳои ҷаҳонӣ на мисли собиқ идеология, балки тамаддун хоҳад буд ва иттиҳоду умумияти тамаддуниву фарҳангӣ бар ҳар навъ умумият ва иттиҳоди иделогӣ бартарӣ пайдо хоҳад кард. Рухдодҳое, ки дар садаи ахир дар ҷаҳон мушоҳида мешаванд, зоҳиран ин ҳукмро тасдиқ менамоянд. Ба асоси ин назар, бояд дар мавриди пойдорӣ ва осебнопазирии ҳувият ва фарҳанги миллӣ ва ба ин восита истиқлоли миллии худ хушбин бошем, чун миллати мо дорои яке аз тамаддунҳои ҷаҳоншумул ва камназир аст. Аммо аз сӯйи дигар бояд бар он андешид, ки ин тамаддун ва фарҳанги оламшумул, ки ба мизони болое арзишҳои башарӣ ва инсондӯстонаро дар худ парварда ва маҳфуз доштааст, то чи ҳад аз унсурҳо ва механизмҳои худдифоъ бархӯрдор аст, то куҷо дар муқобили дахолат ва таҳоҷуми фарҳанги бегона ва тасаллути манофеи бегона марз таъин намуда ва худро беосеб гардондааст. 
Муқоисаи аҷибе даст медиҳад, агар аз ин дидгоҳ ба назариёти ҳакими юнонӣ Афлотун, ки дар маорифи куҳани мо таъсири бузурге доштааст, назар карда шавад. Ба эътиқоди бедоргари бузург Иқболи Лоҳурӣ таълимоти ин ҳакими доно ва пайравони баъдии мактаби ӯ (навафлотуниён) бо густариши руҳиёти манфии таслим, нафйу инкори худӣ ва дар натиҷа коҳилӣ дар баробари падидаҳои таҳоҷумӣ ва бартарихоҳии дигарон дар қаламрави фарҳанги мо боиси ривоҷи маслак ва руҳиёте гардида, ки онро Иқбол «мазҳаби гӯспандӣ дар бешаи шерон» меномад. Аммо вақте ба яке аз осори бунёдии Афлотун «Ҷумҳур» муроҷиат менамоем, ки дар он тарҳи давлатшаҳри ормонии худро рехтааст, мебинем, ки ӯ ба ҳушёрии тамом мавзуи дифоъро мулоҳиза намуда, ва ҳатто гузашта аз ин, тавре сухан гуфтааст, ки гӯё густариш додани хоки худ аз ҳисоби хоки дигарон як амри ногузир мебошад. Он гуна ки дар асари мазкур дар фасли «Лузуми таҷовуз ба хоки ҳамсоягон» менависад: «Гуфтам: пас агар бихоҳем замини кофӣ барои чаро ва кашоварзӣ дошта бошем, бояд ба хоки ҳамсоягони худ таҷовуз кунем ва онҳо низ агар по аз ҳадди эҳтиёҷи худ берун ниҳанд ва тамаи касби мол бар онҳо ғалаба кунад, маҷбур хоҳанд шуд ҳамин муомаларо бо замини мо бикунанд. Гуфт: оре, Суқрот, ночор чунин хоҳад шуд. Гуфтам: пас, эй Галовкан, вақте ки кор ба ин ҷо кашид, оё бояд ҷанг кунем ё роҳи дигаре дар пеш дорем? Гуфт: ночор бояд биҷангем». Албатта ин иқтибос на ба хотири пайравист, ки фарҳанги мо ҳаргиз ба ҳеч хотир ҳатто эҳтимоли таҷовуз ба хоки дигаронро намепазирад, балки ба ин хотир аст, ки бидонем ҳатто онҳое, ки дар матни фарҳанги мо омӯзгори мушфиқи бани башар шинохта шудаанд, дар мавқеи ҳифзи манофеи қавмии худ чи дидгоҳҳое доштаанд.
Аммо дар ин мавзуъ назари Муаллими аввал (бино ба гуфтаи Абуалӣ ибни Сино), муаллими Искандар – Арасту ба ҳадде мушаххасу равшан мешавад, ки ҷаҳон аз ду бахш иборат муаррифӣ мегардад – ҷаҳони мутамаддини онҳо ва боқӣ паҳнаи барбарият ва пас аз он ки Искандар «рисолати таърихии» худро «дар интишори тамаддун дар паҳнаи барбариҳо» ҳамроҳ бо фарҳангсӯзиҳо амалӣ месозад, дар фарҳанг ва адаби ин милал ба намоди хирад ва адолат табдил мешавад. 
Зимнан, ҷолиб аст, ки ба шаҳодати назарияпардози бархӯрди тамаддунҳо Семюэл Ҳангтингтон, донишманди амрикоӣ низ пас аз фурӯпошии низоми коммунистӣ бо беэътибор донистани гуногунии фарҳангии ақвоми пуршумори Шарқ ва Осиё ҷаҳонро мисли ҳакимони Юнони Қадим ба ду қисмат ҷудо мекунад: «минтақаи сулҳ» ва «минтақаи ошӯб» (беназмӣ), ки аввалӣ шомили Ғарб ба изофаи Жопун – дарбаргирандаи 15 дарсади аҳолии ҷаҳон ва дувумӣ боқии ҳамаи кишварҳои олам мебошад. Ин на танҳо тақсим балки шояд таъин ҳам ҳаст. Аммо Семюэл Ҳангтингтон ин тақсимро «хоксорона» на бо тақсими классикии юнониҳо қиёс мекунад, балки назири онро аз фарҳанги исломӣ ҷӯё мешавад ва бо мафҳумҳои «дорулислом» ва «дорулҳарб» мушобеҳ медонад. Беш аз ин Ҳангтингтон дар саҳифаҳои аввали ин асари машҳури худ мавзуъро ба сурати хеле ҷолиб тарҳ мекунад: «Мо танҳо он гоҳ медонем кӣ ҳастем, ки бароямон маълум гардад мо кӣ нестем ва танҳо баъд аз ин хоҳем донист, ки мо зидди кӣ ҳастем». Яъне, аз назари вай муҳимтарин шарти худшиносӣ дар таъини душман хулоса мешавад.
Маълум аст, ки дар Ғарб бо пайдоиши давлатҳои миллӣ ва буржуазияи миллӣ «манофеи миллӣ» муҳимтарин мафҳуми таъинкунандаи хатти машйи сиёсӣ гардид, ки имтиёзи нажодӣ, ки ахиран ниқобҳои дигареро аз арзишҳои иҷтимоӣ бар рӯй кардааст, унсури аслии ангезанда ва ташвиқкунанда дар таркиби ин навъ сиёсатҳо мебошад. Имрӯз ҳам манофеи миллӣ ҳама арзишҳои дигарро дар сиёсат таҳти шуоъ қарор медиҳад ва ба маҳзи ин ки як кишвар (албатта, кишвари қудратманд) эълом ва собит кард, ки фалон кор барои ҳифзи манофеи миллии ӯ зарур аст, он кор гӯё бо ҳамин машруъият пайдо мекунад (қонунӣ мешавад), агарчи бар хилофи ҳама арзишҳои дигари башарӣ бошад. Дигар ҳуҷҷати ӯ дар баробари манофеи миллӣ қудрат асту бас. Баъзан мушоҳида мешавад, ки ҳатто ин қудратҳо  бо эҳтимолу тахмин, ки фалон падида ё кишвар эҳтимол дорад дар оянда ба манофеи миллии онҳо таҳдид намояд, ба худ ҳақ медиҳанд, ки бар алайҳи он иқдом намоянд. Боз ҳам ҳуҷҷати қотеъ тавоноии иқтисодӣ ва низомӣ асту бас. 
Дар ин миён намоди барҷастаи фарҳанги оламшумули мо қитъаи машҳури шайх Саъдӣ баргирифта аз ҳадиси Паёмбар (с) «Банӣ-Одам аъзои як пайкаранд…», ки бар дари созмони фарҳангии Созмони Милал ЮНЕСКО насб шудааст, ҳамроҳи ин созмон дар миёни сабқатҳои таъмини манофеъ чи ғариб ба назар мерасад. Аммо ин шиор, ки дар замони худ аз мавқеи қудрат эълом шуда, аз дифои зарурӣ бархӯрдор буд ва агар касе хилофи он рафтор мекард, посухи лозим ҳам ба ӯ дода мешуд ва наметавонист ниқоби рафторҳои баръакси мазмунаш қарор дода шавад. 
Равшанфикрони мо ҳар қадар аз фарҳанги башардӯстона ва гуманистиямон ифтихор кунанд, ҳақ доранд. Ҳамзамон ҳақ доранд, ки барои ин садоқат ва хидмати бузургонашон ба арзишҳои башарӣ агар на барои худ, барои фарҳанги худ, кишвари худ, миллати вориси ин фарҳанги инсонсоз ва саодатпартаву сулҳпарвар интизори ҳаққу ҳуқуқ бошанд, ақаллан аз лиҳози маънавӣ, ақаллан аз лиҳози эҳтиром ва эътирофи воқеии ҳаққи истиқлол ва ҳувияти муҳтарами ин миллат ва кишвар. Дар акси ҳол ин фарҳанг дар фазо муаллақ мемонад ва шиори дурӯғини ҷараёнҳо ва неруҳое қарор мегирад, ки таҳти арзишҳои волои умумибашарии осори гузаштагонамон аҳдофи хубу дақиқ ҳисобшуда ва маҳдуди худро дар ростои «таъмини манофеи миллии» худ пиёда мекунанд. Масалан, фирқаҳое дар ниқоби мавлавипарастӣ ё ҳофизшиносӣ, ки худ то мағзи устухон ғарқ дар таассуби навъӣ, нажодӣ ва фирқавии (сектантии) худ ҳастанд бо истифода аз таъбиру тафсири дилхоҳи осори ин бузургон, ки гӯши ҷон ба ҳарфашон дорем, метавонанд ба содагии тамом моро ба ситез ва тарки ҳар навъ ҳувияти милливу қавмӣ ва эътиқодӣ фаро хонанд. Ба тарки он чизҳое, ки худ бо «дандону чангол» бар он часпидаанд ва онро шарти ҳастии худ медонанд. Бинобар ин, парвариши зарфиятҳои зеҳнии миллӣ барои анҷоми ин кор аз муҳимтарин вазифаҳост. 
Баъзан мушоҳидаи баҳсҳои матбуотӣ ва маҷлисие, ки перомуни низоъҳои ҷаҳонии имрӯз сурат мегирад имкон медиҳад бо тааҷҷуб ва шигифтӣ пай бибарем, ки ҳама нигоҳ ва умеди мо ба хориҷ аз ҷаҳони худи мост, гӯё баъзан заминеро, ки бар он истодаем, эҳсос намекунем. Як гурӯҳ мегӯяд, мо дар ин низоъ бояд аз манофеи он тараф ҳимоят бикунем ва гурӯҳи дигар мегӯяд аз тарафи муқобил ва баҳс он қадар гарм мешавад, ки лозим аст касе бигӯяд, мо қабл аз ҳама бояд аз манофеи миллии худ ҳимоят бикунем, ки шояд на дар ин тараф бошад ва на дар он тараф ва умдатан дар ширкат дар ҳеч навъ низоъ набошад. Ё худ баъзан саргарми арзишҳои башарӣ ё эътиқодӣ мафҳумҳои миллат ва қавму нажодро нишонаи маҳдудияти тафаккур мешуморем. Мусаллам аст, ки миллатчигии ифротгароёна ва нажодпарастӣ дар тамаддуни башарӣ падидаҳои манфӣ шинохта шудаанд. Аммо агар як халқ маҳз ба далели мансубияташ ба як нажоди муайян ва миллати муайян мавриди таъқиб қарор мегирад ва ҳуқуқҳояш сарфи назар мешавад, масъала аз маҳдудаи миллат ва нажод берун меравад ва мавзуи «ҳифзи адолат» ба миён меояд, ки ҳам аз дидгоҳи арзишҳои умумиинсонӣ ва ҳам эътиқодӣ (дар ҳама адёни ҷаҳонӣ) муқаддас дониста мешавад.
Он чизе, ки маорифпарварони ду садаи гузаштаи Шарқ, аз ҷумла маорифпарварони худамон, барои иҷрояш қиём ва ҷоннисорӣ карданд, шояд пеш аз ҳама аз байн бурдани таноқузи (парадокси) азиме буд, ки дар сиришти фарҳанги мо ҷо ёфтааст: аз як тараф ифтихори беҳадду ҳудуд аз гузаштаи дурахшони худ ва аз тарафи дигар ҳеч навъ ҳаққу ҳуқуқи шоистае (хусусан сиёсию иҷтимоӣ) қоил набудан барои худ ва қавму миллати худ, ҳатман омили хориҷӣ ва берунӣ ва ҳатто ҷузъи сарнавишт ва тақдир донистани ҳар навъ қудрати бегона ва хориҷӣ бар худ. Агар Иқболи Лоҳурӣ барои барандохтани ин гуна руҳиёт бо баъзе фирқаҳои каҷрави дарвешию қаландарӣ ва ба зоҳир тасаввуфӣ ба набард бархост, маорифпарварони тоҷик низ, талош карданд, то бо тағйири бунёдии эътиқодоти миллати худ ин таноқузро аз байн бибаранд, ки аз ин назар дар осори онҳо ҳанӯз нуктаҳои омухтанӣ зиёд аст. Аз ҷумла дар осори ин давраи устод Садриддин Айнӣ.
Дар адабиёти даврони шуравии тоҷик ҳам ин мавзуъ ҷо-ҷо мушобеҳ бо пардохтҳои Иқбол ба назар мерасад. Агар ба осори «ҳиндустонии» устод Турсунзода таваҷҷуҳ шавад, агарчи ӯ аз мавқеи як шахсияти мустақил ва озоду босаодати кишвари намуна сухан мегӯяд, ба лаҳну оҳанге мегӯяд, ки ҳаргиз гумон намеравад мухотабони худро бегона шуморад ва ҳамеша сухани ӯ бо фарҳанги халқи худаш бофт мехӯрад. Аз ҷумла, дар манзумаи «Духтари муқаддас» он ҷо ки дар тасвири аҳволи ҷомеаи Ҳиндустон чунин тасвири рамзии пурмаъноро ба кор мебарад:
Монда буд хомӯш тӯпи Замзама,
Гӯшро кар карда «Султон Ҷамҷама».

Тӯпи Замзама мисли «Шоҳтӯп»-и (Царь пушкаи) русҳо рамзи қудрати салтанати Ҳинд дар Лоҳур дар муқобила бо истилогарон буд  ва «Султон Ҷамҷама» аз зумраи ҳамон сурудҳои ба зоҳир мазҳабии (наъти) машҳурест, ки дар Тоҷикистон ҳам, аз ҷумла дар замони худи устод Турсунзода, ривоҷи тамом дошт ва фалсафаи тарки дунёро талқин менамуд ва дар байни мардум бо номи «Каллаи пӯсида» ҳам маъруф аст. Ин байт гӯё баёни дигаре аз офаридаҳои Иқбол буд, ки аз ҷумла суруда:
Шоири ҳиндӣ, Худояш ёр бод,
Ҷони ӯ бе лаззати гуфтор бод.
Ҳарфи ӯ човидаву бе сӯзу дард,
Мурд хонанд аҳли дард ӯро, на мард.

Дар даврони баъдии адабиёти тоҷик, хусусан аз солҳои 60-уми асри гузашта ба баъд дар назм мавзуи худшиносӣ, ҳувият ва истиқлоли миллӣ рангу ҷилои хоссае касб кард, умқи бештаре ёфт. Дар наср низ, бавижа насри таҳлилӣ ва андеша низ. Яке аз намунаҳои нахустин ва дурахшони ин ҷараён қиссаи нависандаи боистеъдод Пӯлод Толис «Тобистон» буд. Пӯлод Толис бо басирати хоси худ аҳамияти равонковии фарҳангии миллати худро дарк намуда, дар симои яке аз персонажҳои пурмаънои ин қисса Қосимҷон – ҷавони кӯҳистонии тоҷик ҳамон таноқуз (парадокс)-ро ба сурати намунаи барҷастаи типи фарҳангии тоҷик офаридааст. Қосимҷон шахсест тору пуди вуҷудаш аз одамият ва инсонгарӣ сиришта ва дар ташаккули чунин шахсияте адабиёти классикӣ ва халқии тоҷик саҳми зиёд дорад. Аммо он намунаҳое, ки танҳо ба уфтодагӣ,  мазлумият, бечорагӣ, нотавонӣ, фидокории бефарҷом ҳидоят менамоянд. Дар натиҷаи азбар кардан ва қироати пайвастаи чунин ашъор Қосимҷон аз талаби ҳар гуна ҳаққу ҳуқуқ барои худ даст кашида ва зулм бар худро қисмати азалӣ медонад. Таваҷҷуҳ кунед ба намунаи ашъори вирди забони ӯ:
Чи сайдам ман, ки на бисмил шудам, на зеби фитроке,
На аз хунам замин олуда шуд, на домани поке…
***
Сари сарчашма рафтам ман ба вақте,
Ба оби дида биншондам дарахте.
Шамол омад, дарахтам решакан шуд.
Мани мискин надорам ҳеч бахте…

Дар айни ҳол симои ормонӣ дар ҳамин қиссаи Пӯлод Толис Шокир Тароша мебошад, ки агарчи бо Қосимҷон аз як маҳал аст, аз назари хислат қутби мухолифи ӯро ташкил медиҳад. Ӯ маънавият ва дилбастагии Қосимҷон ба адабиётро надорад, пойбанди урфу одатҳо ҳам нест, аммо ҳамеша барои ҳаққи худ ва ҳаққи дигарон, ки мазлум воқеъ шудаанд, талош менамояд. Шояд нависанда бетафовутии ӯро ба адабиёти олимашраб вале яъспарвару яъсофарин як омили мубориз будани ӯ қаламдод кардан мехоҳад.
Ин дақиқан ҳамон адабиётест, ки Иқбол низ чун нависандаи ин қисса мехост асароти яксӯяи онро аз умқи равони фарҳангии милали Шарқ бизудояд. Зимнан, ҷолиб аст, ки хатми фоҷиаангези зиндагии ин нависандаи накуном бо дифоъ аз ҳуқуқи ҳамон мардуме, ки Қосимҷон аз зумраи онҳо буд, робита пайдо кард. Маълум нест, бозии тақдир буд ё бозии қудрат.
Чунин тасаввур кардан ҳам, ки мо ҳамвора дар рӯёрӯӣ бо ситезҳо ва хусумати фарҳангҳои бегона қарор дорем, дуруст нест ва агар чунин бияндешем, ночор гӯё доктринаи бархӯрди ногузири тамаддунҳоро қабул кардаем. Бисёранд нухбагони андешаи башарӣ дар ҳама милали мутамаддини ҷаҳон, ки сидқан ба адабу фарҳангу тамаддуни мо арҷ гузошта бо он худ ва кишварҳояшон муносибати дӯстона ва хайрхоҳона доранд, аммо он чи саҳми худи мост, аз дигаре онро натавон хост. Мо бояд дар баробари баёнияҳо ва хитобаҳои адабӣ амиқан ба ин бовар бирасем, ки ин фарҳанг сад бор ҳаққи истиқлоли комил дорад, дар ҳама арсаҳо, аз ҷумла сиёсат. Дар баробари ситоиши ифтихоромези забонамон самимона ба худ бовар бидиҳем, ки ин забон танҳо забони муошират ва шеъру адаб нест, балки на камтар аз ҳар забони ҷаҳонӣ метавонад забони илм, сиёсат, фанноварӣ (технология), саноат, низомӣ ва ғайра дар муосиртарин сатҳ бошад. Бо ҳосил ва қавӣ кардани ин эътимод ва итминон талош намоем, ки ба ҳамон дастури пешиниён руҳиёти кости фарҳангӣ, ҳамчунин, тасаввуроти ифротии дур аз амалро дар хонандаи имрӯз ба воситаи таҳлилҳои адабии равонковона ва равоншиносона бартараф намоем. 
Дар ин замина ҳатто бештар ва пештар аз адабиёт бояд нақди адабӣ фаъол бошад, чун ҳалли ин навъ мавзуъҳо вазифаи бевосита ва мустақими нақди адабӣ аст. Таҳлили мавзуии осори адабии муосир ба тавре бояд анҷом шавад, ки адибони имрӯз мавзуъҳои ҷовидонӣ ва муқаддасе чун Ватан ва ватандӯстӣ, халқу миллат, истиқлол ва ҳувиятро бо диди амиқ ва шинохти васеи ин масоил мавриди тасвиру баррасии адабӣ қарор бидиҳанд. То ҳанӯз баъзан бар зарурати вуҷуди банду баст ва тасвири ҳунармандонаи адабии ин мавзуъҳо ишораҳое шудааст, аммо масъалаи аз ин муҳимтар он аст, ки ин мавзуъҳо дар кадом навъ ва сатҳи ҷаҳонбинӣ тасвиру таҳқиқ мешаванд. Оё ин навъҳо ва ин сатҳҳо посухгӯи хостаҳо ва масоили ҷаҳони муосир ҳастанд ё не?
Имтиёзи барҷастаи адабиёт ва фарҳанги муосири мо дар ҳаллу фасл ва таҷассуми бадеии ин мавзуъ, яъне истиқлол ва ҳувият, ки нисбат ба ҳамаи давраҳои гузашта ошкор аст, ин аст, ки имрӯз ин мавзуъҳо на танҳо маҳдуд карда намешаванд, балки осори дар ин заминаҳо таълифшуда ҳимоят ва ташвиқ мешавад. Танҳо бояд бо арҷ гузоштан ба ин имкон дар мавзуи мазкур бо ҷиддият ва жарфнигарии бештар, баёни бештар асаргузор ва мондагор ба таълифи осори муносиб пардохт. 

Рустам ВАҲҲОБЗОДА, Шоири халқии Тоҷикистон

Санаи нашр: 12.01.2024 №: 10
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив