ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

12 январ 2024, Ҷумъа
29
0

 
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

КРОССВОРД
АЗ БОЛО БА ПОЁН:
1. Идораи давлатии ҳисоботҳо. 2. Нимноқил. 4.Синфи меҳнаткаш. 5. Матои нимабрешимӣ. 7. Эътироф кардани чизи пинҳондошта. 9. Бахту саодат. 10. давлат дар Қафқоз. 11. Кайҳоннаварди шуравӣ. 13. Онро дар саноати доруворӣ ва хӯрокворӣ истифода мебаранд. 14. Рамз дар сарпӯши ҳарбиён. 18. Як намуди кабӯтар. 19. Муаллифи асари  “Чор унсур”. 20. Муншӣ. 21. Тасвири хурди сатҳи Замин. 27.  Садои сароянда. 29. Зарачаи хурди тақсимнопазир. 

АЗ ЧАП БА РОСТ:
3. Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 6. Шоираи тоҷику ӯзбек. 8. Ширкати намоёни хориҷии либос ва пойафзол 12. Шаҳр дар Қазоқистон. 14. Хӯрок аз гӯшт. 15. Асбоби чӯбкорӣ. 16. Рафиқ. 17. Кӯл дар ВМКБ. 19. Пойтахти давлат дар Аврупо. 22. Вулқон дар Италия. 23. Алошақшақа. 24. Номи кӯча дар шаҳри Душанбе. 25. Барномаи иттилоотӣ дар телевизиони марказӣ. 26. Вилоят дар Тоҷикистон. 28. Намуди гӯштин. 30. Муаммо.  

  Тартибдиҳанда  
Нуралишо СУЛАЙМОНШОЕВ ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон 

Масъули рубрика 
Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru



МИСР 
ДАР ВИДОИ ХОНУМЕ 4 МИЛЛИОН КАС ҶАМЪ ОМАД
Овозхони мисрӣ Умми Кулсум, ки ҳамчун “Ситораи Ховар” шуҳрат дошт, шабҳо баъд аз консерт сарватмандтарин ва субҳ нодортарин кас буд. Сабаб дар он аст, ки ӯ маблағҳояшро ҳамон шаб байни фақирони Миср тақсим мекард ва барояш ҳеҷ бақия намемонд.
Соли 1975 Умми Кулсум чун аз олам даргузашт, барои видоъ бо ин хонуми дарёдил он қадар мардум ҷамъ омаданд, ки, ба қавле, сӯзанро партоӣ, ба замин намерасид. Дар маросими ҷаноза 4 миллион кас иштирок дошт. 

Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


“НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ 
ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН”
ҲАЙКАЛИ МАРМАРИНИ ДИСКБОЛ

Ин ҳайкал яке аз муҷассамаҳои машҳури замони қадим аст. Он дар Осорхонаи миллии Плазсо Массимо алле Термеи Италия нигаҳдорӣ мешавад. Онро “Дискболи Ланҷелотти” низ меноманд. Нусхаи аслияш соли 1781 аз теппаи Эсклини Рим ёфт гардида, онро ҳайкалтароши Юнони Қадим Мирон дар асри 5 пеш аз мелод офарид. 
Дискбол аввалин муҷассамаи бостонист, ки дар он симои варзишгар ҳангоми мусобиқаи дискпартоӣ тарошида шудааст. Дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳон муҷассамаро ба Берлин бурданд ва соли 1953 онро дубора ба Италия баргардонданд. 
                                                                                
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ



ҚУДРАТИ НОМАИ ЯТИМ
Як кӯдаки ятим аз Туркия аз омӯзгораш хоҳиш кард, ки ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Президенти Туркия, нома ирсол кунад. Аз ӯ хоҳиш намояд, то ба ҷойи падараш дар маҷлиси падару модарон иштирок намояд.
Омӯзгор, воқеан, чунин нома фиристод, аммо ба писарак гуфт, ки агар наояд, хафа нашав, зеро ӯ хеле серкор ва машғул аст.
Дар вақти маҷлис ҳозирон дар ҳайрат шуданд. Роҳбари давлат ба маҷлис омад. Худро парастори он ятими номанавишта муаррифӣ кард ва гуфт: «Дастгириву меҳрубонӣ ба як кӯдак дунёро дигар намекунад, балки барои ин кӯдак дунё то абад дигар мешавад». 

Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА


«ТУҲФАИ НОГАҲОНӢ»  ВА ҚАДРИ МЕҲНАТ

Вақте зан ба маҷлиси падару модарон рафт, шавҳар ва духтараш хостанд фурсатро ғанимат дониста, барои модар «туҳфа»  омода созанд, яъне, ошхонаро тозаву ҳама чизро танзим кунанд.
Вақте ошхона “медурахшид”, катбонуро интизор шуданд.
Модар баъд аз ду соат омад. Палтояшро кашид, дар ҷевон овехт, ба ошхона даромада, об нӯшид ва дар меҳмонхона рӯи роҳаткурсӣ нишасту телевизорро монд.
Шавҳар ва духтараш наздаш омада, рост истоданд. Зан нигоҳи онҳоро ба сӯяш пай бурда пурсид: - Чӣ шудааст?
- Ошхона, - ҷавоб дод мард.
- Кадом ошхона?
- Ошхонаи худамон. Ту аҳамият надодӣ? Аз тозагӣ медурахшад. Мо ин корро маҳз барои хурсандии ту кардем. 
Зан табассумкунон гуфт: - Ҳа, дидам дар умратон як бор ошхонаро тамиз кардеду подош металабед. Барои ман, ки як кори муқаррарист, дар бораи «раҳмат гуфтан», ҳатто фикр ҳам накардам.    

Таҳияи Шаҳноз САБУРОВА



«ГЛОБУСИ ТИЛЛОӢ»-РО КӢ ГИРИФТ?
7-уми январ дар меҳмонхонаи Беверли-Ҳилтони шаҳри Беверли-Ҳиллзи иёлати Калифорния (ИМА) маросими навбатии супурдани Ҷоизаи Ассотсиатсияи матбуоти хориҷии Ҳолливуд «Глобуси тиллоӣ» баргузор гардид.
Тибқи иттилои сомонаи www.kinopoisk.ru, дар соҳаи синамо комёбӣ насиби филми коргардони маъруфи британӣ Кристофер Нолан «Оппенҳеймер» шуд. Дар баробари беҳтарин филми драмавии соли 2023 эълон гаштан, он, инчунин, дар номинатсияҳои «Беҳтарин ҳунарманд (мард)» – Киллиан Мёрфи, «Беҳтарин коргардон», «Беҳтарин ҳунарманди дуюмдарҷа (мард) – Роберт Даунии хурдӣ, «Беҳтарин мусиқӣ» – Людвиг Горанссон пирӯз омад.  
Бояд тазаккур дод, ки муҳаққиқон ва мунаққидони соҳа ба эҷодиёти Кристофер Нолан баҳои баланд дода, ӯро аз беҳтарин коргардонҳои замони муосир эътироф мекунанд. Бино ба маълумоти сомонаи Box Office Mojo, филми ӯ «Оппенҳеймер» бо буҷети ҳамагӣ 100 миллион доллари ИМА дар намоиши ҷаҳонӣ 952 миллиону 39 ҳазору 870 доллар ҷамъ овард.   

Таҳияи Ш. ШОКИР



ҒУЛОМИ ПУЛ
Пирамарде дар растаи пуродами молу коло фарёд мезад: “Хуш омадед, ба бозори ғуломдорӣ”.
Ҳама дар ҳайрат буданд ва яке пурсид: “Ин хитобаи ту ба киҳост ва оё ту ақл бар ҷой дорӣ?”
Пирамард бо табассум гуфт: “Ғуломдорӣ идома дорад, намебинӣ? Ҳама аз дасти ғуломдор, яъне одам раҳо шуду ғуломи ҳалқабаргӯши дигаре бо номи пул шуд ва ин бадтар аз он аст, ки буд. Бо фармони пул мефиребанд, медузданд, шаҳват меронанд, одам мекушанд, дар зиндонҳо мепӯсанд, ҷанг мекунанд, бемор мешаванд ва, ҳатто агар бепул монанд ё қарзи бисёре дошта бошанд, ба худкушӣ даст мезананд”.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР



НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
САБАҚИ ТАНБАЛХӮҶА
Дар мактаб то ҳадде танбал будам, ки мабодо рӯзе дарси аввалро дарёб мекардам, ҳамсинфонам қарс мезаданд. Вақте муаллима «Муму»-и Тургеневро мегузашт барои хона чунин саволи контролӣ дод:
- Чаро сагчаро Муму лақаб монданд? 
Бегоҳӣ хостам, чун ҳарвақта, китобро накушода, ҷавоби саволро аз падарам муфт гирам. Посухи падарам чун афсона аҷоиб буд:
- Як сагча аз модараш ҷудо болои кӯли яхбаста сарсон мегашт, ки таги ях моҳичаеро дид. Аввал дандон зад, ки мурод ҳосил нашуд, баъд ноилоҷ бо забонаш гӯё пушти моҳичаро лесидан гирифт. Пас аз лаҳзае аз шамоли сард забонаш ба ях часпид. Вақте бо тамоми қувва худро ба қафо кашид, нӯги забонаш канда шуда, болои ях монд. Бечора сагбача дигар аккос зада наметавонист, барои ҳамин ҳам ӯро «Муму» лақаб монданд.
Пагоҳ вақте «қиссаи Муму»-ро дар синф нақл кардам, ҳамсинфонам аз ханда худро болои фарш мепартофтанд. Муаллимаи адабиёт аз ғазаб чи кор карданашро надониста, қариб девона мешуд. 
Ин сабақи падарам тамоми солҳои мактабхонӣ бароям дарс шуду дигар худам китоб мехондам. Раҳмат падарҷон! 
Аз русӣ тарҷумаи Ф. РАҲМОНЗОДА



ҚАДИМТАРИН ҚОНУНҲО

ҚОНУНИ «12 ҶАДВАЛ»

Қонуни «12 ҷадвал» асоси ҳуқуқи Рими Қадимро ташкил медод ва соли 451 пеш аз милод навишта шудааст. Он тамоми соҳаи ҳуқуқро фаро мегирифт. Қонуни мазкур то замони мо пурра нигоҳ дошта нашуд, зеро гумон меравад, ки лавҳаҳои аз чӯб сохташуда ҳангоми ҳамлаи Гала ба Рум сӯзонда шудаанд. 
Дар қонуни «12 ҷадвал» барои дуздӣ ва зараре, ки аз ҳайвонот мерасид, ҷаримаи махсус пешбинӣ гардида буд. Римиён бояд қонуни зикршударо аз ёд медонистанд ва онро дар мактабҳо таълим медоданд. 
Таҳияи Комрон САФАР


МОДАР ЧАРО ХАСУ ХОКИ ҚОЛИНРО ТОЗА МЕКАРД? 
Вақте кӯдак будам, аз ин кори модарам хандаам меомад: Ӯ менишаст рӯи фарши хона ва бо ангуштонаш хоку хасу ҳар чизи ба чашм ноаён афтодаро як-як ҷамъ мекард. Ба худ мегуфтам, ки чи модари содае дорам. Охир мо ҷорӯби барқӣ дорем. Магар ин чӣ коре аст, ки модарам мекунад? 
Рӯзе бузург шудаю ғарқи ғуссаҳо менишастам ва ба мушкилиҳои рӯзгор фикр мекардам. Ногаҳон ба худ омадам ва дидам, ки дастонам пур аз хасу хошокеанд, ки аз рӯи фарш ҷамъ карда будам.
Парвиз ПАРАСТУӢ, актёри маъруф
Таҳияи Абдурашид ҚАЮМЗОД



«ШОҲНОМА»
Чанд далели ҷолиб

* * Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки  омили асосии мутобиқати забони форсии муосир дар мавҷудияти «Шоҳнома», ки таъсири тулонӣ ва амиқи фарҳангиву лингвистикиро дошт, маҳсуб мешавад. Ба таври дигар гӯем ин эпос яке аз арконҳои асосии забони форсии муосир гардид.
* * Номҳои дар «Шоҳнома» зикршуда ба таври фаровон аз тарафи ҳокимони давлатҳои мусалмонӣ истифода мегардиданд. Масалан, ин гуна номҳоро бисёре аз ҳокимони сулолаи Ширвоншоҳиён дар давлати асримиёнагии мусалмонии Қафқоз доро буданд. Унвонҳои султонҳои Салҷуқиён, аз ҷумла Кайхусрав, Кайковус, Кайқубод, тавре ки возеҳ аст, аз ҳамин манбаи номбурда гирифта шудаанд. Шоҳ Исмоили I ҳамаи фарзандонашро ба шарафи персонажҳои «Шоҳнома» ном гузоштааст.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ



2023
5 ФУТБОЛБОЗЕ, КИ МАОШИ БЕШТАР ДОШТАНД

Рӯйхати онҳоро маҷаллаи "Forbes" (ИМА) интишор намуд:
5. Карим Бензема (Фаронса), бозигари дастаи  «Ал-Иттиҳод» -  106 миллион доллари ИМА 
4. Килиан Мбаппе (Фаронса), дастаи «ПСЖ» - 110 миллион доллар 
3. Неймар (Бразилия), дастаи    «Ал-Ҳилол» - 112 миллион доллар
2. Лионел Месси  (Аргентина), дастаи «Интер Майами» - 135 миллион доллар
1. Криштиану Роналду (Португалия),  бозигари дастаи  «Ал-Наср» - 260 миллион доллар.
Таҳияи З. РАҶАБ



ШЕЪР ҲАМ БЕМОРИСТ?
ЛАБХАНДИ АҲЛИ ФАЗЛ
Шоире ёвагӯй ва сарднафас пеши табибе рафт, ки чизе бар рӯи дили ман мегардад ва мӯҷиби исён ва шӯридани дил шуда, вақти маро нохуш медорад. Аз ин ҷиҳат афсурдагии тамом ба ҳамаи аъзои ман сироят мекунад ва мӯй бар андоми ман мехезад. 
Табиб, ки марди зариф буд, гуфт: - Дар ин рӯзҳо ҳеҷ шеъре гуфтаӣ, ки ҳанӯз бар касе нахонда бошӣ? 
Гуфт: - Оре! 
Гуфт: - Бар ман бихон. Бихонд. 
Бори дувум ва севум ҳам гуфт: - Бихон ва бихонд.
Гуфт: - Бархез, ки наҷот ёфтӣ. Ин шеър буд, ки дар рӯи дили ту мегашт ва сабаби нороҳатии ту буд ва хунукии он буд, ки дар аъзои ту сироят мекард. Чун онро берун додӣ, халос ёфтӣ.

Аз «Латоиф-ут-тавоиф»-и Фахриддин Алии Сафӣ

Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН



2024 – СОЛИ ОЛИМПӢ
БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ.  АЗ АФСОНА ТО ҲАҚИҚАТ
Дар бораи пайдоиши бозиҳои олимпии қадим танҳо қиссаву ривоятҳо мавҷуданд. Бебаҳс, ватани бозиҳои олимпӣ - Юнони Қадим мебошад - шаҳраки Олимп дар қисмати ғарбии нимҷазираи Пелопоннеск.
Дар асоси ривояту қиссаҳо Зевси машҳур дар ҷанг муқобили падараш, ки фарзандонашро мехӯрд, пирӯз шуд ва ба хотири ин рӯйдоди муҳим бозиҳо гузаронда шуд, ки баъдан Олимпиада ном гирифт. Ё ривоят аст, ки аввалин бозиҳоро Геракл - фарзанди Зевс ташкил кард. Ба хотири яке аз ҳаминҳо Бозиҳои олимпӣ гузаронда мешуд. Дар асоси ривояти сеюм, бозиҳо ба хотири ғалабаи набераи Зевс ташкил ёфт. Ба хотири Пелопс дар Олимп қурбониҳо карданд, аз ҷумла ӯ бозиҳоро ташкил намуд. Бо ташаббуси Пелопс бозиҳо анъанавӣ гашт ва ҳар чор сол як маротиба баргузор мешуданд.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ


10 ДАЛЕЛ АЗ ШАРҲИ ҲОЛИ
МИХАИЛ ЛЕРМОНТОВ
Михаил Лермонтовро идомадиҳандаи кори Пушкин медонанд. Ҳатто, марги ӯ ҳам чун марги Пушкин ба дуэл робита дорад. 
5. Лермонтов аз Гурҷистон хизматгори вафодоре овард бо номи Кристофер Саникидзе. Ӯ навиштааст: «Машғулияти маъмулии ӯ дар кунҷе нишаста, дуд кардани чубуқ буд.  Бештар шабҳо ё субҳи барвақт менавишт, аммо рӯзона ҳам бо мароқ менавишт. Сари дастархон менишасту менавишт ва мерафт. Ҳамеша дар дафтари кораш менавишт, аммо гоҳе дар балкон ҳам чой нӯшида менавишт. Соатҳои тулонӣ ба сурудхонии парандагон гӯш медод”.
6. Тақдири Лермонтовро бо кадом тараф афтодани танга ҳал мекард. Дар назди вай як интихоб меистод: ба кор рафтан ё чанде дар Пятигорск мондан. Танга партофт ва “маҷбур шуд”, то ба Пятигорск равад.  Дар он ҷо ӯ бо Мартинов ба дуэл баромад ва ба хатти умраш нуқта гузошт.  

Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ



НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ДОМОДИ «ҒАМХОР»

- Духтурҷон дар хоки поятон мурам, мӯйсафедро наҷот диҳед. Агар ягон бало шуда монад, аҳволам баду рӯзам сиёҳ мешавад.
- Ҳар чи аз дастамон омад кардем, тақдири падари шумо дигар дар дасти Худост.
- Ин падари ман не, падарарӯси ман аст.
- Аҷоиб бача будаед. Чӣ ин қадар мотам гирифтаед набошад?
- Чӣ хел мотам нагирам духтурҷон. Охир раваду хусурам мурад, хушдоманам ба хонаи духтараш мекӯчад, охир. 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ



СОЛОРТАРИН ПАДАРИ ДУНЁ – 96-СОЛА
Марди ҳиндтабор Рамдҷит Радҷави 96-сола куҳансолтарин падари дунё эътироф гардида, шомили "Китоби рекордҳои Гиннесс" шуд. Нахустфарзанди ӯ соли 2010, дар синни 94 ва дувумаш дар 96-солагӣ ба дунё омад. 
«Ман ҳаргиз ноумед намешудам. Чун медонистам, ки дер ё зуд соҳиби фарзанд мешаваму идомадиҳандаи номи хешро меёбам. Асос ба зиндагӣ умед бастан аст» - гуфта буд Радҷавӣ.
Падари «ҷавон»-и хуштолеъ бо завҷаи 56-солаи худ Шакунтала Деви 8 соли дигар бо ҳам зиста, дар 104-солагӣ дунёро падруд гуфт.

Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
КРИСТОФЕР УОКЕН – РАҚҚОС, РОМКУНАНДАИ ШЕРҲО 
Вақте зиндагиномаи ситораҳои Голливудро варақ мезанед, бе ихтиёр ҳайрон мешавед. Барои мисол кӣ бовар мекунад, ки барандаи «Оскар» барои беҳтарин нақши мардона Кристофер Уокен дар 16-солагӣ шерҳоро ром мекард. Албатта, бовар нокарданист, вале далел аст, ки ӯ дар сирк айнан ҳамин корро анҷом дода, ризқу рӯзӣ меёфт. Факти дигари ҷолиб аз зиндагии ситораи Голливуд ин аст, ки ӯ, ҳамзамон, шабона дар клуб бар ивази маоши муайян рақс мекард ва бо ҳамин ҳунараш, ҳатто дар яке аз клипҳои Мадона нақш бозидааст. 
Таҳияи  С. РАҲМОНЗОДА

Санаи нашр: 12.01.2024 №: 10
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив