ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОКИ ДАВЛАТӢ ДАР БОЗОРИ ОЗОД

КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОКИ ДАВЛАТӢ ДАР БОЗОРИ ОЗОД

16 январ 2024, Сешанбе
20
0


Бо ибтикори Вазорати молия дар шаҳри Душанбе муаррифии шартҳои барориш ва ҷойгиркунии вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   баргузор гардид, ки мақсади асосии он рушд ва тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодӣ, инчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон ҷиҳати шиносоӣ бо воситаҳои молиявӣ - коғазҳои қиматноки давлатӣ мебошад. Дар чорабинӣ вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода,  роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ  ширкат варзиданд. 
Раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода зимни суханронӣ зикр намуд, ки масъалаҳои рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ яке аз унсурҳои муҳими бахши молиявии иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб рафта, ба ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, истифодаи коғазҳои қиматнок ба сифати гарави гирифтани қарз ва дар ин замина такмили фишангҳои танзими муомилоти пулӣ мусоидат мекунад. Таъкид гардид,  ки ташкили бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ ва инфрасохтори дахлдор яке аз шартҳои асосии гузариш ба иқтисоди бозорӣ маҳсуб мешавад ва аз омили пешбарандаву калидии бозори коғазҳои қиматнок дар мамлакат мебошад. 
Ин раванд тараққиёти низоми молиявиро ба сатҳи боз ҳам баланд бароварда, устувории қарзи давлатиро дар давраи дарозмуддат таъмин менамояд ва шароити мусоидро барои татбиқи самарабахши сиёсати пулию қарзӣ ва фискалӣ, инчунин, ташаккули бахши молиявии мамлакат фароҳам меорад. 
Дар идомаи суханронӣ Ҳоким Холиқзода зикр намуд, ки сарфи назар аз таҳаввулот дар иқтисоди ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои берунӣ, ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ корҳои муайян анҷом дода шудаанд. Дар ин радиф Вазорати молия дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани номукаммалии ҷойдошта як қатор ислоҳоти фарогир, аз ҷумла қабули қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, таъмини инфрасохтори ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалиро амалӣ намуд.
Гуфта шуд, ки тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ бозори муосири коғазҳои қиматноки давлатӣ ба рушди бозори такрории он ва баланд бардоштани  сатҳи  тиҷорати касбӣ мусоидат менамояд ва ҳамчун замонати дороиҳои пардохтпазиру боэътимод ҷаҳати таъмини саривақтии маблағгузории соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт шароити мусоид фароҳам меорад. 
Дар фароварди суханронӣ раиси Бонки миллӣ иброз дошт, ки иқдоми Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ бо шарту механизмҳои наву муосир дастгирӣ менамояд ва баҳри ноил гаштан ба мақсади ягона, ки аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар муайян шудааст, бавижа барои рушди бозори коғазҳои қиматноки такрорӣ ва ҷалби маблағгузории дохилӣ омода мебошад.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 15.01.2024 №: 11
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив