ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АРЗҲОИ ДӮСТӢ. ӮЗБЕКИСТОН – ШАРИКИ СТРАТЕГӢ ВА ҲАМПАЙМОНИ БОЭЪТИМОДИ ТОҶИКИСТОН

АРЗҲОИ ДӮСТӢ. ӮЗБЕКИСТОН – ШАРИКИ СТРАТЕГӢ ВА ҲАМПАЙМОНИ БОЭЪТИМОДИ ТОҶИКИСТОН

20 май 2024, Душанбе
23
0
Дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек таърихи қадимӣ дошта, аз қаъри асрҳо ин ду миллат дар ҳамсоягӣ, фазои осоиштагӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ умр ба сар бурда, дар лаҳзаҳои мушкили ҳаёт дар бари ҳамдигар ҳастанд. Чунин гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» шоир, нависанда, журналист ва тарҷумон Сулаймон Эрматов. Мавсуф иброз намуд, ки равобити дӯстиву бародарӣ ва таҳкими ҳамкорӣ байни ду давлати ҳамсоя солҳои охир бо ташаббуси наҷибу дурандешона ва иродаи сиёсии сарварони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев беш аз пеш таҳким ёфта, вориди марҳалаи нави рушд гардид ва то ба сатҳи шарикии стратегӣ расид. 
Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон рӯзҳои 18-19-уми апрели соли 2024 дар тавсеаи муносибатҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон саҳифаи нав боз намуд. Дар доираи ин сафар барои рушди муносибатҳои байни ду давлат 28 созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла 6 созишнома: оид ба ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлону Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилоятҳои Хоразм, Фарғона, Сирдарё, Намангон ва Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид. 
Сулаймон Эрматов таъкид намуд, ки роҳбарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Душанбе натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олиро барои таҳкиму тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамҷаворӣ неку назаррас арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ, бахусус Аҳдномаи ҳампаймонӣ байни ду давлати ҳамсоя, барои густариши бесобиқаи робитаҳо роҳи васеъ боз менамояд. 
Ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ аз самтҳои муҳими робитаҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад. Масоили ҷалби сармоя, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, саноат, мошинсозӣ, коркарди муштараки маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маводи доруворӣ ва бунёди неругоҳҳо аз мавзуъҳои дигари музокироти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буданд. Рушди ҳамкорӣ дар сохтмони муштараки неругоҳҳои бодию офтобӣ аз самтҳои судовари робитаҳои ояндаи ду давлат номида шуд. 
«Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имкон доранд дар оянда ҳаҷми гардиши молро ба 2 миллиард доллари ИМА расонанд. Барои татбиқи лоиҳаи дар соҳили дарёи Зарафшон сохтани ду неругоҳи барқи обӣ ширкати саҳомии муштарак бунёд шудааст. Имрӯзҳо дар ҳудуди ҳар ду давлат қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият мекунад. Дар раванди густариши муносибатҳо ҳамкории байни минтақаҳо, тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, ҷудо намудани квотаҳо барои шаҳрвандони ду давлат ва чопи муштараки китобҳои дарсӣ амри муҳим мебошад», – гуфт  Сулаймон Эрматов.
 
Марзия САИДЗОДА, АМИТ «Ховар»
Санаи нашр: 20.05.2024 №: 93
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив