ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИИ КОМИЛИ ХУДРО  АЗ СИЁСАТИ «ЧИНИ ВОҲИД» ИЗҲОР ДОШТ

ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИИ КОМИЛИ ХУДРО  АЗ СИЁСАТИ «ЧИНИ ВОҲИД» ИЗҲОР ДОШТ

16 январ 2024, Сешанбе
18
0


Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар интихоботи 13-уми январи соли ҷорӣ дар Тайвани Чин, ҷонибдории комили худро аз сиёсати «Чини воҳид» изҳор дошта, Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро ягона ҳукумати қонунӣ ва ба намояндагӣ аз ҳамаи Чин медонад. 
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад. Тоҷикистон бо эътирофи Тайван ба сифати ҷузъи ҷудонашавандаи қаламрави Чин, қатъиян бар зидди ҳама гуна кӯшишҳои дахолати беруна ба корҳои дохилии ин кишвари дӯст аст.


ҶАЛАСАИ ГУРӮҲҲОИ КОРИИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН
10-15-уми январ дар шаҳри Бодканд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гашт. 
Дар вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ 38,35 км сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд. Ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мегардад, идома медиҳанд. 


ДУРНАМОИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ДУҶОНИБА БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ШВЕЙТСАРИЯ 
Сафири Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо сардори бахши робитаҳои дуҷонибаи иқтисодии Котиботи давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодии Швейтсария Брижит Чассот мулоқот дошт. 
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштараки Тоҷикистон ва Швейтсарияро мавриди муҳокима қарор доданд.


ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР БЮРОИ МИЛЛИИ ИНТЕРПОЛ-И РОССИЯ
Намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади шиносоӣ ва табодули таҷриба ба шаҳри Москваи Россия сафар намуда, дар ҷараёни он масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд. 
Аз Вазорат хабар доданд, ки намояндагони Тоҷикистон бо фаъолияти Бюрои миллии марказии ИНТЕРПОЛ-и Россия шинос шуда,  зимни  вохӯрӣ  масъалаҳои  ҳамкорӣ  дар мубориза бо ҷиноятҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо Созмони байналмилалии полиси ҷиноӣ – ИНТЕРПОЛ-ро баррасӣ намуданд. Мутахассисони тоҷик, ҳамчунин, бо ташкили таҳқиқоти криминалистӣ ва истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ дар фаъолияти полис шинос шуданд.


ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ КОМИССИЯИ МИЛЛӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ЮНЕСКО
Дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ, раиси комиссия Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи раёсати Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО баргузор гашт. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти комиссия дар соли 2023 ва нақшаи корӣ барои соли 2024 баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки яке аз вазифаҳои асосии комиссия ворид намудани мероси фарҳангии моддӣ, ғайримоддӣ ва табиии мамлакат ба Феҳристи мероси ҷаҳонии СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад.


ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БАЙНИ ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТУ БОНКИ СОДИРОТ ВА ВОРИДОТИ СЛОВАКИЯ
Байни Вазорати нақлиёт ва Бонки содироту воридоти Словакия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ доир ба ҷудо намудани қарзи имтиёзнок ва грант барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба имзо расид. 
Аз Вазорат ба мо хабар доданд, ки ҳадафи Ёддошт дар ҳамбастагӣ бо ҳамтоёни Словакия насб намудани тарозуҳо дар роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошад. Санади мазкур зимни мулоқоти вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо сафири Словакия Виктор Боретско, директори Бонки содирот ва воридоти Словакия Михаил Демак ва роҳбари ширкати Словакия барои рушди тиҷорат дар Осиёи Миёна Ростеслав Бабитс ба имзо расид. 

Санаи нашр: 16.01.2024 №: 12
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив