ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЪМИНОБОД. ФАРЗАНДОНИ ВАТАНДӮСТ ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ САҲМ МЕГИРАНД

МУЪМИНОБОД. ФАРЗАНДОНИ ВАТАНДӮСТ ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ САҲМ МЕГИРАНД

17 январ 2024, Чоршанбе
23
0


Дар замони соҳибистиқлолӣ як зумра ҷавонмардоне, ки даст ба кору дил ба ёранд, ба ободии як гӯшаи диёр камари ҳиммат бастанд. Бо иродаи қавӣ, талош ва сабр тавонистанд биноҳои ободу зебо бунёд карда, ба савоби фаровоне худро шарик созанд. Бори дигар собит карданд, ки дар ободониву созандагӣ пайравони Пешвои миллатанд.

Яке аз онҳо Давлатмурод Каримов, зодаи гӯшаи биҳиштосои Тоҷикистон –  ноҳияи Муъминобод аст. Дар дигар ҷо кору зиндагӣ мекунад, вале панду андарзи падараш, табиби ҳозиқ – амаки Сайкаримро ҳалқаи гӯш намуда, ба ободии зодгоҳаш оғоз кард. Давлаткарим ҳамчун фарзанди олинасаб бинои фарсудаи азҳамрехтаи универмагро дар маркази ноҳия медиду дилаш ба он месӯхт. Ҳамчунин, меандешид, ки дар ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ коллеҷҳои тиббӣ ҳастанду дар Муъминобод нест. Аз ин рӯ, иқдоми неке дар дил парвариду назди раиси ноҳия Лутфия Шарифзода омад. Маслиҳатҳо пухтанд. Азнавсозии бинои қариб панҷоҳ сол боз ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта оғоз ёфт. Бо саъю талошҳои Давлаткарим бинои нави хуштарҳи замонавӣ қомат рост кард. Синфхонаю ҳуҷраҳои зиёди корӣ омода гардида, бо асбобу таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонда шуданд. Дар наздикии ин бино бо иқдоми Давлаткарим чоҳи амудӣ канданд. Аз он дар як сония 40-50 литр об фаввора зада мебарояд. Аз ин об имрӯз на танҳо дар коллеҷ, балки дар чандин идораю муассисаҳо истифода мебаранд.
21-уми октябри соли 2023 дар таърихи умри соҳибкор Давлатмурод Каримов ва падараш Сайкарим бо хатҳои зарҳалин нақш баст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақти ифтитоҳи бинои коллеҷи тиббии ғайридавлатии ноҳияи Муъминобод ин амали наҷиби соҳибкорро нишонаи волои пуштибонии сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии мамлакат ном бурд. 
Коллеҷи мазкур барои дар ду баст таҳсил намудани 500 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Айни замон дар ду факултет  180 табиби оянда аз гӯшаҳои гуногуни кишвар касб меомӯзанд. Барои онҳо тамоми шароити таҳсил ва варзишу фароғат муҳайёанд. Ба донишҷӯён 40 устоди соҳаи тиб касб меомӯзанд.
Дар баробари Давлаткарим Сафаров, Муҳаммад Шарифов ва Муҳаммаднодир Каримов пайи азнавсозиву шукуфоӣ шуданд. Агар Муҳаммад дар деҳаи Лиҷаки Боло бунгоҳи тиббии замонавӣ ва роҳ бунёд карда бошад, Муҳаммаднодир дар деҳаи Ҳанатарош мактабе сохт, ки дар он имрӯз дар 24 синфхона 1050 хонанда таҳсилу тарбия мегирад.
Умедворем, ки сафи чунин ҷавон-мардони боҳиммат ва соҳибандеша, ки ояндаи ҳамдиёрони худро мисли ояндаи фарзандони худ муҳим медонанд, меафзояд. Мо, модарон даст ба дуо мекушоем ва осоишу тансиҳатии чунин мардонро аз Худо металабем.

Сайлапочо МИРЗОЕВА, омӯзгори собиқадори МТМУ № 1, ноҳияи Муъминобод

Санаи нашр: 17.01.2024 №: 13
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив