ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ.  ТАШАККУЛ ВА МУШКИЛОТИ СОҲА

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ.  ТАШАККУЛ ВА МУШКИЛОТИ СОҲА

25 январ 2024, Панҷшанбе
132
0


 
Мо дар назди наслҳои ояндаи халқамон вазифадорем, ки дастовардҳои фарҳангӣ ва анъанаву суннатҳои аҷдодиро бо тамоми ҷузъиёту нозукиҳояш ҳифз кунем, такмил диҳем ва ба мерос гузорем.                                                                                   
Эмомалӣ РАҲМОН

Рушди ҳунарҳои мардумӣ воситаи муҳимест ҷиҳати муаррифии миллати қадима, беҳгардонии сатҳи зиндагӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани духтарону занон. Тоҷикон, ки аз давраи бостон ҳунарҳои зиёдро доро буданд, хушбахтона ин суннату анъанаҳои миллӣ то айёми мо омада расиданд. Як муддат ҳунарҳои бостонӣ ба гўшаи фаромўшӣ рафта буданд. Хушбахтона, ин вазъият дер давом накарда, эҳсос шуд, ки дар шароити рушди фанновариҳо, маҳсулоти дастӣ ҷойгоҳи худро гум накардааст, балки таваҷҷуҳ ба он дар ҳоли афзоиш мебошад. Бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ марҳалаи нави рушди ин бахши суннативу судманд фаро расид. Давоми се сол ҳунармандон дар рушди фарҳанги миллӣ, ки як ҷузъи фарҳанги ҷаҳонист, нақши босазо гузоштанд. Маҳсули дастони онҳо ба тамоми гўшаву канори олам расид. Ин иқдоми Пешвои миллат барои аҳли ҳунар туҳфае буд беҳамто. Ҳар яке мекўшид дар маконе гўшаи ҳунарҳои хешро ба маъраз гузорад. Вале аз чи бошад, ки танҳо се сол бозори ҳунармандон гарм буд. Ҳоло аҳён-аҳён дукони фурўши маҳсулоти дастӣ ба чашм мерасад.
- Ташаббуси мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зисту некуаҳволии аҳолии кишвар, рушди истеҳсолот, тақвияти худшиносии миллӣ, ҷалби сайёҳон ва дар маҷмуъ, муаррифии беҳтарин намунаҳои фарҳанги миллӣ роҳандозӣ шуд. Дар коллеҷу омўзишгоҳҳо дарсҳои вобаста ба ҳунарҳои анъанавӣ ва муосир афзуданд. Аз ҷумла, бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари муаззами давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунармандон аз пардохти андоз озод шуданд, ки ин тадбир барои рушди пешаву ҳунарҳои суннатӣ мусоидат намуд, - иброз дошт роҳбари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО Дилшод Раҳимӣ.
Тайи ин солҳо 47 муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва Коллеҷи муҳандисию омўзгории шаҳри Душанбе марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир таъсис дода, дар муддати се моҳ аз рўйи 50 намуд касбу ҳунарҳои миллӣ хоҳишмандонро ба омўзиш фаро мегиранд. Ба гуфтаи Дилшод Раҳимӣ, дар «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» 107 касбу ҳунари тоҷикон ба қайд гирифта шуда, алҳол шумораи онҳо, мутобиқи таҳқиқоти олимони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба 112 мерасад. Гулдўзии чакан (соли 2018), кирмакпарварӣ ва истеҳсоли абрешим (2022), атлас ва адрасбофӣ (2023), зарҳалкорӣ (2023) ба рўйхати репрезентативии ЮНЕСКО сабт шудаанд.
Қиматгул Акобирова, сокини ноҳияи Нуробод, ба ҳунармандӣ машғул аст ва аз ин ҳисоб рўзгорашро пеш мебарад. “Хеле хушбахтам, меҳнатамро қадр мекунанд ва  рўзгорамро аз рўи ин касб пеш мебарам. Маҳсули ҳунарамро борҳо ҳамчун армуғон ба дигар давлатҳо бурдаанд, ки ин муаррифгари ҳунарҳои дастии мардуми тоҷик мебошад. Ба гулдўзиву гулбурӣ, шерозабофию тоқидўзӣ машғулам. Бояд бигўям, ки гулдўзиҳоям бидуни фармоиш харидор доранд. Вале тоқиҳоро тариқи фармоиш омода месозем. Мутаассифона, ҳастанд ҳунарҳое, ки қариб аз байн рафтаанд. Масалан, даҳ сол қабл шерозмонӣ дар поча ва ё ҷомаҳо мўд буд ва харидори зиёд дошт. Имрўз ҷойи шерозаи тоҷикиро матоъҳои рангаи шерозмонанд, ки аз Чину Туркия ворид мешаванд, гирифтаанд. Аз ин лиҳоз, ҷавондухтароне, ки ҷиҳати касбомўзӣ ба наздам меоянд, шерозаро бо сабаби харидор надоштанашон, намеомўзанд”, - иброз дошт ў.
Ба андешаи Дилшод Раҳимӣ, мушкили асосие, ки дар ҳунармандони тоҷик ба чашм мерасад, саросема омода намудани ҳунарҳои дастист, ки дар натиҷа бозоргузар намешаванд. Бо сабаби паст будани сифат маҳсулот ба истеъмолкунанда рафта намерасад. Ё дар бештари вақт маҳсулоти дастӣ ба талабот ҷавогўянд, аммо ҳунармандон бозорёбӣ (маркетинг) карда наметавонанд.  “Хеле хуб мешуд, ки бо ҳамкорӣ ва миёнаравии муассисаҳои давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ ҳунармандон маҳсулоти худро ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ бароранд, ки дар ин ҳолат ҳам миллат муаррифӣ мешавад ва ҳам сатҳи зиндагии онҳо боло меравад”, - гуфт Дилшод Раҳимӣ.
Бист сол мешавад, ки мағозаи фурўши ҳунарҳои мардумӣ дар фурўшгоҳи марказии “Тоҷикистон” армуғонҳои миллиро пешниҳод менамояд. Харидорони асосии мағоза сайёҳон мебошанд. 
- Аслан, ба мағозаи мо сўзаниву табақ ва армуғонҳои дорои рамзи миллӣ аз вилояти Суғду ноҳияи Ёвон ва дигар шаҳру ноҳияҳо дастрас мешаванд. Талабгорон хеле зиёданд. Бонувон табақҳои калон фармоиш медиҳанд, ки дар он нақши атласу чакан дошта бошад. Муштариёни асосиамон сайёҳонанд. Аз ин рў, мо аз ҳунармандон моли босифат талаб мекунем. Муштариён, бахусус хориҷиён, армуғонеро мехаранд, ки сифати хуб ва рамзи тоҷикӣ дошта бошад. Армуғонҳои мо гуногунанд, мисли табақу коса, лўхтакҳо, тоқиҳо ва сўзаниҳо, ки муаррифгари ҳунари миллати тоҷик шуда метавонанд ва онҳоро харидорон бисёр меписанданд, – мегўяд Парвина Қодирова, соҳибкор.
Воқеан, таҳқиқоти анҷомдодаи олимони Пажўҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот дар соҳаи ҳунармандӣ бори дигар нишон дод, ки ҳунармандони мо ба омўзишҳо, тренингу семинар оид ба нозукиҳои касби худ, баландбардории сифати маҳсулот, бозорёбӣ, маркетинг ва тиҷорат ниёз доранд, аз ин рў, дар рушди ҳунар то ба ҳол камбудиҳо ба назар мерасанд.  

Гулнисои САЪДОНШО,  «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 25.01.2024 №: 17-18
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив