ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЁМ РАҲНАМОИ МАНУ МО

ПАЁМ РАҲНАМОИ МАНУ МО

02 феврал 2024, Ҷумъа
61
0

 
Дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои ҳаётан зарур ишора намуда, мавқеи кишварро шарҳ ва мардуми Тоҷикистонро ба сарҷамъию якдигарфаҳмӣ даъват карданд. Барои равшанӣ андохтан ба ин масъалаҳо, суҳбате доштем бо чанд тан аз кормандони соҳаи илм, ки фишурдаи он манзури хонандагони рӯзнома мегардад.

Ғаффор МИРЗОЕВ,  мудири кафедраи фалсафаи раёсати Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон,  доктори илмҳои фалсафа
– Президенти кишвар дар Паёми навбатӣ дар баробари ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар, дар мавриди мушкилоту масоили муҳим сухан ронда, таъкид намуданд, ки тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он – камобӣ, хушксолии пайдарпай ва дигар офатҳои табиӣ, аз ҷумла сардии бесобиқаи зимистони гузашта боиси торафт вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нӯшоӣ дар бисёр кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон гардидааст. Ин Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар дар вазъи хоси иқтисодию иҷтимоӣ, шароити мураккабу  печидаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, пайваста шиддат гирифтани муносибатҳои геополитикӣ, авҷ гирифтани зуҳуроти муосири экстремизму терроризм, аз сари нав эҳёшавии «ҷанги сард», тағйирёбии вазъи иқлим ва таъсири ҳодисаҳои мухталиф ба кишварамон ба миён омадааст, бо муроҷиат ба тамоми инсонияти тараққихоҳ ироа гардид. Дар робита ба масъалаи таъмини амнияту оромии кишвар таваҷҷуҳи Президенти ҷумҳурӣ ҳамеша ба тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллии ҷавонон равона мебошад. На танҳо дар Паёми навбатӣ, балки дар паёмҳои солҳои гузашта низ, масъалаҳои тарбияи ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонон, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон ва ҳифзи арзишҳои истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар маркази диққат буданд, зеро татбиқкунандаи ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати мамлакат маҳз ҷавонон ба шумор мераванд. Аз ин лиҳоз, ҷавонони моро лозим аст, ки боварию эътимоди Сарвари давлатро қадр намуда, дар кори ободонию созандагии кишвар ва гулгулшукуфии он ҳаматарафа саъю талош намоянд.

Ваҳдат ДАЙХУДОЕВ,  сармутахассиси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти  Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
–  Яке аз ҷанбаҳои ниҳоят таъсирбахши Паёми навбатӣ аз он иборат аст, ки гуфтаҳо ва таъкидҳои Пешвои миллат руҳияи халқро қавӣ мегардонанд. Барои мардум навиду умеди созанда меоранд. Меҳвари асосии Паём маҳз ҳамин аст, ки он дастури раҳнамо барои хосу ом мебошад. Ин ба он маъност, ки ҳар фарди кишвар хоҳ дар дохил ва хоҳ берун аз мамлакат вазифадор аст, ин Паёмро бишнавад ва ҳисси миллии худро тақвият бахшад. Ба ибораи дигар, Паём мафҳуми умумимиллӣ дорад. 
Бояд бигӯям, ки дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам масъалаҳои дохилӣ ва ҳам масъалаҳои дахлдори байналмилалиро, ки бо сиёсати хориҷии давлат сахт алоқаманданд, матраҳ ва баррасӣ карданд.
Тарбияи ватандӯстӣ, тозагии ҳифзи муҳити зист, бунёд ва рушди мактабу маориф ва илм, эҳтироми волидайн, муқаддас шумурдани истиқлолу озодӣ ва монанди ин мавзуъҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат дар Паём таъкид гардиданд. Ёдоварӣ аз аҳволи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳарчи бештар таъсис додани ҷойҳои кории холӣ ба хотири баргаштани муҳоҷирон ба Ватан, касбу ҳунар омӯзондан ба қишрҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла занону бонувон, дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад, ки ин нукта дар Паёми Пешвои миллат ифода ёфтааст.
Гузашта аз ин, хеле хурсандиовар аст, ки имсол бо назардошти беҳтар гардондани вазъи зиндагии кормандони соҳаи маориф ва илм музди меҳнати онҳо 40 дарсад боло хоҳад рафт. Ин иқдом масъулияти кормандони соҳаи маориф ва илмро бояд даҳчанд афзояд. 
 
Толибшо САИДОВ, директори Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
– Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама ҷиҳат як Паёми омӯзанда буд, он барои як соли дарпешистода ва, ҳатто, солҳои баъдӣ ҳам мисли  як дастури раҳнамо ба мардум хизмат хоҳад кард.
Президенти Тоҷикистон доимо ба масоили ҳифзи сайёраи Замин, ҳимояти муҳити зист, аз ҷумла пиряхҳо, оқилона истифода намудани захираҳои об таъкид мекунанд, зеро об ин зиндагист ва бе он ҳаёт вуҷуд надорад. Пешвои хирадманду маорифпарвари миллат такрор ба такрор дар бораи баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони варзидаи дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ, дар руҳияи худшиносии миллӣ ва ифтихор аз дастовардҳои истиқлол тарбия кардани насли ҷавони кишвар таъкид месозанд ва ҳидоятҳои омӯзанда медиҳанд. 
Мавриди зикр аст, ки баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаи маориф воқеан, навиди руҳафзо аст ва бояд гӯям, ки он масъулияти моро бештар менамояд, зеро дар ҷавоби ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат ба илм, маориф, муаллим ва касбомӯзӣ мо низ бояд дар тайёр кардани мутахассисони босаводу ҳирфаӣ заҳмати фидокорона анҷом бидиҳем.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 01.02.2024 №: 23
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив