ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ЛИДЕРИ ҶАВОНОН!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ЛИДЕРИ ҶАВОНОН!

06 феврал 2024, Сешанбе
19
0


Бешубҳа, тамоми дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон, барои дур намондани онҳо аз рушду тараққиёти илми ҷаҳонӣ мебошад. 

Худ шоҳидем, ки дар асри XXI илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад ва агар имрӯз бо одитарин таҷҳизот, аз қабили компютер, кор карда натавонӣ фаъолиятат дар дилхоҳ муассиса басо душвору сангин мегардад. Маҳз ба ҳамин хотир, Пешвои муаззами миллат дар ҳамаи вохӯриҳою суҳбатҳояшон аз тамоми қишри ҷомеаи кишвар, бахусус  ҷавонон, даъват ба амал меоваранд, ки аз илму технологияи ҳозиразамон ва забонҳои хориҷӣ бархӯрдор бошем. Ягон суҳбат ё вохӯрие нест, ки Сарвари маҳбуби давлат барои мо – ҷавонон, як сабақи нав баҳри муваффақ шуданамон дар зиндагӣ надиҳанд.  Тавсияву  пешниҳодҳои  Пешвои миллат ҳамеша саривақтӣ, мубрам ва мувофиқи навгониҳои олам аст.
Ман аз зумраи он ҷавонони Тоҷикистон ҳастам, ки  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро лидери худ медонам, чун ҳар  як пешрафти ману мо, аз сиёсати хирадмандонаи Пешво маншаъ мегирад. Дар психология мафҳуми лидер на танҳо чун шахси идоракунанда, балки роҳнамову корсоз низ тафсир меёбад, ки фаъолияту пайкораш ҳамеша дар асоси мақсаду мароми муайян, муваффақ кардани пайравонаш аст. Маҳз ҳамин сифатҳои лидерии Сарвари маҳбуби давлат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки тайи солҳои ахир дар соҳаҳои гуногун сафи ҷавонони комёб беш аз пеш меафзояд.  Ва ин ҳама муваффақияту комгориву пирӯзиҳои мо аз ҳамин ҷост, ки дар  симои  Роҳбари  давлат  Пешвои роҳнамо дорем.
Доштани Пешвои хирадманду оқил, инсонпарвару миллатдӯсту меҳанпараст ва меҳрубону ғамхор гавҳарест ноёб. Мутаассифона, на ҳар мамлакати дунё аз чунин Роҳбар баҳравар аст, зеро танҳо чунин ашхос кафолати шукуфоии миллату давлатанд. Мо – ҷавонони даврони соҳибистиқлол, ба дастгириву ғамхориҳои беназири Сарвари маҳбуби хеш нисбатамон арҷ мегузорем ва тамоми дониш ва саъю кӯшишҳои худро баҳри равнақу ривоҷ ва пешрафти Ватани азизамон равона хоҳем кард. 

Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 06.02.2024 №: 26
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив