ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДИДГОҲИ МАРДУМСОЛОР ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТМЕҲВАР

ДИДГОҲИ МАРДУМСОЛОР ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТМЕҲВАР

08 феврал 2024, Панҷшанбе
20
0


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ бо ишора ба вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла шиддатёбии раванди азнавтақсимкунии дунё, мусаллаҳшавии бошитоб, низоъҳои мусаллаҳонаи манотиқи гуногуни ҷаҳон, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, андешидани тадбирҳои иловагиро барои таъмини амнияти мудофиавии мамлакат зарур шумурда, таъкид намуданд, ки ҳадаф аз навсозии имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ таъмини боз ҳам беҳтари амният ва суботи кишвар буда, роҳбарони воҳидҳои ҳарбию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии оинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун эътибори доимӣ ва қатъӣ диҳанд.
Дар иртибот ба мураккабшавии рӯзафзуни вазъи минтақаю ҷаҳон ва шиддати равандҳои геосиёсиву низомӣ Пешвои миллат эълом доштанд, ки Тоҷикистон ба ҳайси авлавияти сиёсати хориҷии худ минбаъд ҳам муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои Осиёи Марказиро дар заминаи эҳтирому эътимоди мутақобила густариш мебахшад. Муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои ИДМ ва дигар шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ҳамчун рӯйкарди ба оянда нигарондашуда асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и моро ташкил медиҳанд ва ҳамкориҳо бо кишварҳои ҷаҳони ислом боз ҳам таҳкиму тавсеа хоҳанд ёфт.
Дар робита ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, Пешвои миллат таъкид карданд, ки таъмини рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Аз ин лиҳоз, қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шуда, ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад. 
Муҳтавои Паёми навбатӣ нишон медиҳад, ки маҳаки асосии сиёсати Пешвои миллат такя ба хиради азалии ниёгонамон буда, замири онро маҳз арзишҳои бунёдие чун беҳгардонии сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини волоияти қонун, рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар, ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, таъмини суботу амният ва ҷойгоҳи устувори мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ташкил медиҳанд. 
Сарвари давлат ҳамеша таъкид мекунанд, ки маҳз тавассути риояи дақиқу иҷрои амалии меъёрҳои Конститутсия мо тавонистем пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон дода, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем. Дар идомаи ҳамин матлаб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад.
Тавсеаи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷомеа чун самти муҳими сиёсати давлатӣ ва унсури таркибии тарбияи ҳуқуқӣ аз ҷониби тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, дигар сохтору мақомоти давлатӣ, ҳаракату ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла мақомоти прокуратура, ба таври доимӣ ва бомаром амалӣ мешавад. Иштирок дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва робита бо ҷомеа яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти прокуратура маҳсуб ёфта, бо тариқи гузарондани суҳбату вохӯриҳо, нашри мақолаҳо, баромаду мусоҳибаҳо, истифодаи минбарҳои судӣ, додани ахборот оид ба вазъи қонуният ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пахши иттилоот дар сомонаи расмии Прокуратураи генералӣ, дигар воситаҳои ахбори омма оид ба натиҷаҳои тафтиш ва баррасии судии парвандаҳои ҷиноятии мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа қарор гирифта ба амал бароварда мешавад. 
Прокурори генералӣ, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба ташвиқу тарғиби қонунҳо, иштирок дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва робита ба ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, аз кормандони дастгоҳи Прокуратураи генералӣ ва прокурорҳои зертобеъ талаб менамоянд, ки дар фаъолияти худ барои ташаккули донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи эҳтиром ба қонун, оштинопазирӣ нисбат ба ҷинояту ҷинояткорӣ ва ғайра тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Айни ҳол дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 чун идомаи мантиқию бомароми ташаббусҳои қаблии Президенти мамлакат дар самти таъмини волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амалӣ шуда истодааст. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими пешрафти кишвар ва армуғони шоиста барои таҷлили 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ташаккули ҷаҳонбинии дорои арзишҳои нави ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва воридшавии ҳар як фард ба раванди зиндагии шоистаи воқеӣ ва эъмори ҳаёти маданӣ хизмат менамояд.
Дар ин замина, нуктаҳои калидии яке аз таъкидҳои Сарвари давлатамон: – «Итоат ба қонун бояд ба одати ҳар шаҳрванд табдил ёбад», – барҳақ таҷассумгари моҳияти миллии тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва руҳияи баланди давлатдорӣ мебошад.
Дар иртибот ба мазмуну муҳтаво ва нишондодҳои Паёми навбатӣ, метавон ин дастури роҳнаморо ҳамчун инъикосгари дидгоҳи мардумсолор ва сиёсати давлатмеҳвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кард. 

Ш. ҚУРБОНЗОДА,
директори Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси 
кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 07.02.2024 №: 27
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив